logo

туризм

Чаро сайёҳон ба Тоҷикистон кам меоянд?

Cолҳои ҳаштодуми асри гузашта бо гурӯҳи сайёҳон аз Фаронса сӯҳбате доштам. Таассуроташонро аз тамошои Панҷакенти қадим, табиати фусункори Тоҷикистон баён мекарданд. Суханони яке аз онҳо ҳанӯз дар ёдам монда.
-Мо дидему шунидем, вале барои ёдгорӣ аз ин сафар армуғоне наёфтем,- гуфта буд ӯ.
Рӯзи дигар маҷмӯаи ашъори устод Рӯдакӣ, як дастархони қуроқ, андаке қанди печаку набот ва кашидадӯзиеро ба он фаронсавии солдида тақдим кардам. Сараш ба осмон расид. Он армуғони ночизро рӯи миз гузошт, ҳама бо шавқ тамошо карданду ба ман изҳори сипос намуданд. Гуфтанд, ки агар аз ин чизҳо пайдо намоям, онҳо ба нархи дилхоҳ мехаранд.
Аз ин воқеа беш аз чоряк аср сипарӣ шудаасту ҳанӯз ҳам ба сайёҳи хориҷӣ, ки ба боздиди ёдгориҳои таърихӣ ва табиати зебову нотакрори Тоҷикистон меояд, армуғони шоистае пешниҳод карда наметавонем. Ҳол он ки ба андешаи аксари ҳолдонҳо, аз ҷумла собиқадори сайру сайёҳат дар Панҷакент Абдурасул Шарифбадалов, ки мушкилоти ин соҳаро хуб эҳсос менамояд, дар сурати муҳайё намудани шароити хуби пазироӣ соҳаи ҷаҳонгардӣ яке аз манбаъҳои ғании молиёти кишвар гашта, ба василаи он ҳазорҳо нафар ҷои кор ва маоши хуб пайдо мекунанд. Агар дар ҳама мавзеъҳои сайёҳии минтақаҳои кишварамон, аз ҷумла Саразм, Панҷакенти кӯҳна, мақбараи Муҳаммад Башоро, зодгоҳи устод Рӯдакӣ- деҳаи Панҷрӯд, осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ- кишваршиносии ба номи Рӯдакӣ ва меҳмонхонаҳо савдои армуғонҳои миллиро, аз қабили маснуоти заргарӣ, зардӯзӣ, бахядӯзӣ, зардеворӣ, сӯзанӣ, кашидадӯзӣ, асбобҳои мусиқӣ, бозичаҳои гуногуни сафолин, (дар заминаи афсонаҳою ривоятҳои халқӣ), буклету албомҳои мусаввар, китобчаҳои мунаққаши ашъори шуарои классик ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, чинӣ, олмонӣ, ҷопонӣ, нишонҳо, бастаҳои ғӯлингу донаку мавизу бодом, печаку набот ва ғайраро бо рамзи Тоҷикистон ва манзараҳои зебои он ба роҳ монем, ҳам ба мардум даромад мешаваду ҳам ба буҷет.
Соли гузашта тибқи маълумоти бахши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамагӣ 1842 нафар ҷаҳонгард тариқи шаш ширкати сайёҳӣ аз кишварҳои Фаронса, Олмон, Исроил, Шветсия, Белгия, Русия ба Панҷакент ташриф оварда, аз шаҳру ноҳияҳои дигари кишварамон ҳамагӣ 490 нафар сайёҳ аз Панҷакент боздид кардааст.
Чаро сайёҳони хориҷӣ ба ин шаҳре, ки ёдгориҳои беназири таърихӣ, табиати биҳиштосо, кӯлҳои афсонавӣ, пойгоҳи муҷаҳҳази кӯҳнавардӣ ва даҳҳо мавзеъҳои дигари сайёҳӣ дорад, кам таваҷҷӯҳ доранд? Ба андешаи ман сабаб муаррифии нокофӣ, ҳамкории камсамар ва ноӯҳдабароёна бо ширкатҳои сайёҳии мамолики дигар ва камҳавсалагии масъулони муассисаҳои давлатию ғайридавлатии марбут ба ин соҳа аст.
Ба ақидаи коршиносон ва мутахассисон ҳини пазироии ҷаҳонгардони хориҷӣ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ мувоҷеҳ ба чандин мушкилӣ мешаванд, ки қабулу хидматгузорӣ ба сайёҳонро душвор мегардонад.
Чунончи, барои қайди ҳуҷҷатҳои гурӯҳҳои сайёҳӣ баъди убури сарҳади Тоҷикистон муддати се рӯз муқаррар шудааст. Яъне вақте гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ мехоҳад дар мӯҳлати се рӯз аз ҷумҳурии ҳамсоя ба Хуҷанд омада, Душанбею Қалъаи Ҳисорро бинад ва аз он ҷо ба ватанаш баргардад, масъулони соҳа барои ба қайд гирифтани он фурсат намеёбанд ва ноилоҷ аз қабули он даст мекашанд.
Роҳи ҳалли ин мушкилро коршиносон бар он мебинанд, ки бояд бақайдгирии гурӯҳҳои сайёҳӣ дар баробари гирифтани раводид ба Тоҷикистон, барвақттар сурат гирад.
Мушкили дигар ғайр аз камии меҳмонхонаҳо барои сайёҳон, гаронии нархи онҳо аст. Масалан, дар шаҳри Хуҷанд меҳмонхонаҳо зиёданд, вале танҳо дар меҳмонхонаи «Суғд» ва «Ватан», ки имконияти қабулашон маҳдуд аст, барои сайёҳон шароит созгор мебошад. Аслан на ҳама сайёҳон меҳмонхонаи панҷситорадорро интихоб менамоянд. Аз ин хотир бояд дар мавзеъҳое, ки сайёҳон таваҷҷӯҳи зиёд доранд, бояд меҳмонхонаҳои хурд ва ошхонаҳое бо нақшу нигору хӯрокҳои миллӣ амал намоянд. Бо ташаббуси А. Шарифбадалов ҳоло дар Панҷакент сохтмони чунин як меҳмонсаро бо ошхонаи миллӣ ва мағозаи армуғон идома дорад. Чунин иқдом бояд дар Хуҷанду Душанбе, Ҳисору Хатлон ва Бадахшон пайгирӣ шавад, то сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон таассуроти хубе бо худ бубаранд ва ба ин васила нафарони бештареро барои боздиди мамлакати мо ташвиқу тарғиб намоянд.
Мушкили дигар марбут ба нақлиёт аст. Ҳоло ширкатҳои сайёҳӣ барои аз ҷое ба ҷое бурдани сайёҳон аз нақлиёти шахсӣ- асосан маршруткаҳо истифода менамоянд, ки ин навъи нақлиёт барои ошноии онҳо бо шаҳр ва ё мавзеъҳои дигари саёҳат мусоид нестанд. Барои шаҳрдорони мо, ки ҳар сол даҳҳо адад нақлиёти мусофирбарро харидорӣ мекунанд, ҷудо намудани 4-5  автобуси барҳаво барои сайёҳони хориҷӣ чӣ гаронӣ меорад?
Дар рӯзномае дарҷ шудааст, ки роҳбалади сайёҳони хориҷии шаҳри Панҷакент намояндагони ширкатҳои сайёҳии кишвари ҳамсоя буда, бо таъриху фарҳанги мо ошно нестанд. Феълан ба Панҷакент сайёҳони зиёде ба мӯҳлати як рӯз аз тариқи Самарқанд ворид шуда, бо боздиди чанд мавзеи таърихӣ, осорхона ва ғайра бозмегарданд ва ин ҳолат баёнгари боз як мушкили ҷаҳонгардии Тоҷикистон аст. Ин соҳа, ки минбаъд бояд як манбаи муҳими даромади иқтисоди кишвар бошад, ба мутахассисони варзидаи огаҳ аз таъриху фарҳанги миллӣ ва мавзеъҳои асосии сайёҳӣ эҳтиёҷ дорад. Ба тайёр кардани роҳбаладҳои хатсайрҳои кӯҳи ё кӯҳнавардӣ дар ҷумҳурӣ ҳеҷ донишкадае машғул нест. Ҳол он ки хоҳишмандони саёҳати кӯҳҳои Тоҷикистон меафзоянд. Дар ин маврид гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ низ бояд омода шаванд, то дар мавриди зарурӣ ва кӯтоҳтарин фурсат ба мадади сайёҳе, ки дар кӯҳҳои мо дучори фалокат гаштааст, бирасанд.
Бисёр мамлакатҳои дунё як қисми калони даромади буҷеташонро аз ҳисоби ҷаҳонгардӣ мерӯёнанд. Дар соли гузашта аз ширкатҳои сайёҳӣ ба буҷети маҳаллии  Панҷакент 30,7 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Тибқи ҳисоби тахминии мутахассисони соҳа танҳо як гурӯҳи даҳнафараи сайёҳони хориҷӣ, ки давоми даҳ рӯз ба кӯҳ мебароянд, тақрибан се ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Яъне онҳо дар кишвари мо ҳамин миқдор маблағ мегузоранд. Чаро мо аз ин маблағ даст бикашем?
Барои он ки сайёҳони хориҷӣ ба иқтисодиёти мо сармоягузорӣ намоянд, моро лозим аст дар даъвату пазироии онҳо шароити созгор фароҳам оварем.

Т. СОЛЕҲЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 8118
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед