суханрониҳо
АКАДЕМИЯ МАХЗАНИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ КАСБӢ МЕБОШАД
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими гузоштани санги асоси бунёди бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 20 июни соли 2014
Устодону шунавандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ!
Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ!
Ин лаҳзаҳо ҳамаи мо ба ифтихори гузоштани санги асоси бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилии мамлакат ҷамъ омадаем. Оғози бунёди ин иншоот, ки дар соли таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Конститутсияи мамлакат сурат мегирад, нишонаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати кишвар барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи кадрҳои ба талаботи замонаи пешрафта ҷавобгӯй ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Дар остонаи ҷашни зикршуда оғоз гардидани чунин иқдом басо рамзӣ низ мебошад, зеро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар навбати аввал мақомоти корҳои дохилӣ посдору нигоҳбони волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла риояи Конститутсия ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошанд.
Азнавсозиву муосиргардонии асосҳои моддиву техникии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар амри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, бахусус дар самти таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва тақвияти донишу малакаи касбии кормандон рӯйдоди басо муҳим ба ҳисоб меравад. Ин махзани тарбияи кадрҳои касбии мақомоти корҳои дохилӣ зодаи даврони истиқлол буда, фаъолияти он зина ба зина ба талаботи замони навин мутобиқ шуда истодааст.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун ҳомиёни ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърихи кишварамон ба хотири ҳимояи суботи ҷомеа, оромии мардум, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии дигар амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ ва муҳимтар аз ҳама, барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар сафи пеш қарор доштанд.
Аксари шумо аз таърихи дар чӣ гуна шароит таъсис ёфтани ин сохтор хабар доред ва шоҳиди бевоситаи махсусан дар замони истиқлолият ба як сохтори қудратманд табдил ёфтани он мебошед. Мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз ба сохтори бонуфузу муҷаҳҳаз бо тамоми инфрасохтори зарурӣ ва ҳамаи шароити муосири фаъолият табдил дода шуданд.
Дар замони истиқлолият марҳала ба марҳала ҳуҷҷатҳои асосии ислоҳоти милитсия қабул гардида, шакли фаъолияти он куллан тағйир дода шуд. Дар таърихи навини милитсияи кишвар нахустин маротиба соли 1998 қонун «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» қабул карда шуд ва баъдан бо дарназардошти талаботи замон соли 2011 ин санади муҳим дар таҳрири нав қабул гардид. Бо қабули қонуни мазкур шаффофияти кори милитсия таъмин гардида, фаъолияти ин ниҳод зери назорати ҷомеа қарор дода шуд. Ҳамзамон бо ин, қабули қонун ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони милитсия дар раванди амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ мусоидат намуд.
Соли ҷорӣ Барномаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон то давраи соли 2020 ва Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи он қабул гардиданд, ки дар онҳо таҷрибаи ҷаҳонӣ дар хусуси таҳия ва амалигардонии ҳуҷҷатҳои стратегӣ оид ба дурнамои пешрафти соҳа ба эътибор гирифта шудаанд.
Вобаста ба ислоҳоти низоми идоракунии Вазорати корҳои дохилӣ мо нақшаҳои зиёд дорем, ки ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва ба талаботи замона мутобиқ гардонидани фаъолияти ин мақомот мебошад. Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи политсия» ва қонун «Дар бораи мақомоти корҳои дохилӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ман дар Паёми имсолаи худ ба парламенти кишвар ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ супориш додам, ки бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти минбаъда дар самти таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ лоиҳаи «Барномаи ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ»-ро таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намояд.
Давлату Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали ташкилёбии мақомоти милитсия ба масъалаи таъмини сохторҳои ин ниҳод бо ҳамаи шароити зарурии пешбурди хизмат ва муҳимтар аз ҳама, омодасозии кадрҳои муосири касбӣ диққати зарурӣ медиҳад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 100 иншооти хурду бузурги маъмуриву хизматии мақомоти корҳои дохилӣ сохта, ба истифода дода шуда, инчунин зиёда аз 700 бинову иншооти мақомоти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.
Ҷиҳати муосиргардонии фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани низоми хизматрасонӣ ба аҳолӣ даҳҳо бинои хуштарҳу замонавӣ, аз ҷумла бинои Раёсати вазорат дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Маҷмааи дармонгоҳи тиббӣ, Маҷмааи варзишии «Спитамен», бинои маъмурии Дастаи таъйиноти махсуси милитсия ва Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар давоми танҳо ду соли охир 74 нуқтаҳои иловагии фаъолияти кормандони милитсия дар минтақаҳои мамлакат сохта, ба истифода дода шуда, тибқи супориши Роҳбари давлат 50 иншооти вазорату идораҳои дахлдори кишвар барои истифодаи хизматӣ ба тавозуни Вазорати корҳои дохилӣ гузаронида шуданд. Ҳамзамон бо ин, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 42 бинои маъмурии минтақавии кормандони милитсия таъмиру азнавсозӣ гардида, сохтмону таъмири даҳҳо иншооти дигар идома дорад.
Тавре ки медонед, то давраи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон муассисаи таҳсилоти олии омодасозии мутахассисони касбии мақомоти корҳои дохилӣ вуҷуд надошт. Мутахассисон асосан дар муассисаҳои таҳсилоти олии собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ тайёр карда мешуданд.
Дар қаламрави кишварамон як Мактаби миёнаи махсуси милитсия фаъолият мекард, ки дар он танҳо мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи махсуси ҳуқуқӣ тайёр карда мешуданд.
Баъди ба даст овардани истиқлолият дар таърихи фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон давраи нав - давраи мустақилияти комил ва дар айни замон давраи озмоишу имтиҳони ҷиддии таъмини суботу оромии кишвар, ҳимояи осудагии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тартиботи ҷамъиятӣ оғоз гардид.
Барои амалӣ намудани чунин вазифаҳо зарурат пеш омад, ки мо тарбияи кадрҳои маълумоти олидори соҳаро ҳарчи зудтар дар дохили кишвар ташкил карда, низоми нави идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакатро ба роҳ монем.
Дар баробари ташкили инфрасохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шуд, ки ин аввалин муассисаи таҳсилоти олии низомии махсус дар кишвар буд. Аммо бинобар сабаби оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи буҳронии сиёсиву иқтисодии кишвар Мактаби олии Вазорати корҳои дохилӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд.
Ман хуб дар хотир дорам, ки дар он шароити бисёр душвор соли 1996 даҳҳо нафар хатмкунандагони ин мактаби олиро ба кори мустақилона дар мақомоти корҳои дохилӣ гусел карда, дар он маросими тантанавӣ суханронӣ низ карда будам.
Бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани раванди омодасозии кадрҳои баландихтисоси касбӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат моҳи декабри соли 2000 Мактаби олии Вазорати корҳои дохилӣ ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ табдил дода шуд. Муассисаи мазкур дар мамлакат ягона мактаби олии махсус мебошад, ки ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ машғул мебошад.
Тибқи ваколатҳои ба зиммаи Академия вогузоршуда ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тайёр намудани ҳомиёни ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нақши асосӣ дошта, дастпарварони он дар аксари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохтору мақомоти мамлакат адои хизмат менамоянд. Тибқи таҳлилҳо агар дар ибтидои фаъолияти Мактаби миёнаи махсуси милитсия онро дар як сол ҳамагӣ 160 нафар шунавандагон хатм карда бошанд, баъдан онро ҳар сол беш аз 450 нафар шунавандагон хатм намудаанд. Агар дар марҳалаи оғози фаъолияти муассисаи навтаъсис ҳамагӣ 60 нафар омӯзгорону кормандон фаъолият дошта бошанд, пас баъди ба мактаби олӣ табдил ёфтан дар он беш аз 200 нафар кормандону омӯзгорон ба фаъолияти таълиму тарбияи кадрҳо ҷалб карда шуданд.
Дар доираи ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати таҳкими иқтидори илмиву педагогии Академия ҳамасола теъдоди муайяни омӯзгорони ҷавон ба аспирантураи мактабҳои олии кишвар ва муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои пешрафта, аз ҷумла Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия фиристода мешаванд.
Маҳз саъю талоши бевоситаи Ҳукумати мамлакат буд, ки дар тӯли беш аз даҳ сол Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба як муассисаи муқтадири таълиму тарбияи кадрҳо ва маркази пешбурди корҳои илмӣ мубаддал гардида, бахусус дар самти робитаву ҳамкории дуҷониба бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил шудааст.
Соли 2011 Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба узвияти Ассотсиатсияи академияҳои полиси ҷаҳон ва соли 2013 ба Кумитаи иҷроияи ин ташкилот пазируфта шуд, ки ин далел аз мутобиқати раванди таҳсилу тарбия ба меъёрҳои ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.
Аз ҷониби олимони Академия тафсири пурраи Кодекси ҷиноятӣ анҷом дода шуд, ки он дар самти таҳкиму мукаммалгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа саҳми арзишманд мебошад.
Дӯстони азиз!
Тавре ки огоҳед, дар давоми ду даҳсолаи охир дунё ба таҳаввулоти азим дучор шуда, набзу низоми зиндагӣ дар тамоми сайёра тағйир ёфта истодааст. Яъне раванди ҷаҳонишавӣ инсониятро бо ҳаводису воқеаҳое рӯ ба рӯ карда истодааст, ки барои пешгирӣ кардани онҳо истифодаву татбиқи таҷрибаву усулҳои нави муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон лозим меояд.
Яке аз роҳҳои расидан ба ин ҳадаф такмили низоми омодасозии кадрҳои ҳозиразамон ва ба талаботи замона мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.
Ҳамасола ин боргоҳи таҳсилоти олиро садҳо нафар ҷавонон хатм намуда, ба кори мустақилона барои таъмини тартиботи дохилӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти ҷинояткорӣ сафарбар карда мешаванд. Дар курсҳои олии бахшҳои рӯзона ва ғоибонаи Академия кадрҳои роҳбарикунанда аз рӯи равияҳои ҳуқуқшинос, аз ҷумла ҳуқуқшинос барои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону мутахассисони касбӣ барои қӯшунҳои дохилӣ ва кормандони соҳаи сӯхторхомӯшкунӣ омода карда мешаванд. Ҳоло дар Академия қариб 2500 нафар шунавандагон таълим мегиранд. Бояд гуфт, ки аз ин шумора 100 нафар духтарон буда, аз теъдоди умумии шунавандагон 145 нафар ба тариқи имтиёзӣ қабул карда шудаанд. Аз шумораи умумии ба тариқи имтиёзӣ қабулгардидагон беш аз 100 нафарашон ятимон мебошанд.
Дар заминаи Академия инчунин ҳамасола кормандони зинаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ ба курсҳои тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шуда, савияи дониши соҳавию сиёсии худро баланд мебардоранд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мусоидат ба рушди илм ва вусъат додани корҳои илмиву тадқиқотӣ мебошад ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи мазкур татбиқи ҳамаҷониба ва иҷрои қонунгузории ҷиноятиро бамаротиб вусъат мебахшад. Дар ин замина саҳми олимони Академия дар омодасозии заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ва пешниҳоди хулосаҳо ба санадҳои қонунгузории мамлакат назаррас мебошад.
Ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ва муосир нигоҳ доштани фазои илмии ин боргоҳ роҳбарияти Академияро зарур аст, ки ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои таҳқиқ ва татбиқи равияҳои мурофиаи ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дигар самтҳо тақвият бахшад.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда маблағгузории фаъолияти мақомоти корҳои дохилии кишварро таъмин намуда, дар баробари ин, барои фароҳам овардани шароити беҳтарини таҳсил дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Маҳз бо ҳамин мақсад мо имрӯз дар ин ҷо дар маросими оғози сохтмони бинои наву замонавии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Шубҳае нест, ки баъди ба истифода додани биноҳои нав раванди таълими мутахассисон ба куллӣ беҳтар гардида, дар он таҷрибаи беҳтарин муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷаҳон роҳандозӣ хоҳад шуд.
Дар робита ба ин, ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш медиҳам, ки корҳои сохтмониро дар арафаи 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне то сентябри соли 2016 бо сифати баланд ба охир расонад. Итминони комил дорам, ки бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ яке аз беҳтарин иншоот ба истиқболи ин ҷашни бузурги кишварамон хоҳад шуд.
Ман беҳуда дар суханрониам доир ба ислоҳоти раванди таълим дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ муфассал изҳори назар накардам. Чунки маҳз хатмкунандагони Академия дар оянда милитсия ва дар маҷмӯъ мақомоти корҳои дохилиро муаррифӣ намуда, ба халқу миллати худ содиқона хизмат мекунанд. Бо дарназардошти муҳиммияти масъалаи мазкур зарур аст, ки онҳо дар сатҳи баланди касбӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳони муосир омода карда шаванд.
Тибқи лоиҳа дар бинои навбунёд теъдоди зарурии синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва умуман тамоми шароити мутобиқ ба стандартҳои навтарин сохта мешаванд. Анҷоми сохтмони ин бино имкон медиҳад, ки иловатан ҳазорҳо нафар ҷавонон бо шароити дараҷаи аълои таҳсилу азхудкунии нозукиҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ таъмин карда шаванд. Дар баробари ин, тайёрии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд ба арзишҳои заминавии демократӣ, волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёбад.
Ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи он зарур аст, ки минбаъд ҳангоми тайёр кардани кормандони милитсия ва бозомӯзиву такмили ихтисоси онҳо ҳатман ба масъалаҳои хусусияти хоси касбӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро кормандони ояндаи мақомоти корҳои дохилӣ бояд на танҳо омодагии баланди ҷисмонӣ дошта бошанд, балки маърифату ҷаҳонбинии васеъ, маҳорати мулоҳизаронӣ, таҳлили вазъият ва вобаста ба он малакаи қабули қарорҳои заруриро доро бошанд.
Дар робита ба ин, як нуктаи дигарро мехоҳам зикр намоям, ки айни замон мутахассисони самти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар омода карда мешаванд.
Азбаски Академия дар соҳаҳои мухталифи ҳифзи ҳуқуқ мутахассисони касбӣ омода менамояд ва дар ин самт ҳайати устодон ва заминаи муносиби илмӣ низ дорад, зарур аст, ки масъалаи ифтитоҳи факулта ё шуъбаҳои алоҳидаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин мутахассисони бартарафсозии оқибати ҳолатҳои фавқулода мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Дар раванди васеъ намудани доираи омӯзиши ихтисосҳо бо дарназардошти равандҳои ҷомеа ва омода кардани кадрҳои тахассусӣ барои сохторҳои қудратии кишвар ба барномаҳои таълимии Академия, аз ҷумла дар курсҳои кӯтоҳмуддати он баробари омӯзиши асосҳои қонунгузории меҳнат, маъмурӣ, равоншиносӣ, одоби суханварӣ барои ҳайати роҳбарикунанда, азхудкунии амиқи забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияҳои муосири коммуникатсиониро ворид намудан зарур мебошад.
Ҳамчунин бо дарназардошти тавсеаи ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст, ки дар ин барномаҳо омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон низ ба роҳ монда шавад. Амалӣ намудани тадбирҳои зикршуда яке аз роҳҳои ба шароити имрӯза мутобиқ сохтани фаъолияти мақомот ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат мебошад. Вақт собит намуд, ки иқдоми пешгирифтаи мо дар самти тарбияи кадрҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар дохили кишвар ҳамчун яке аз самтҳои стратегӣ амали саривақтӣ мебошад.
Шумо чанде пеш муваффақиятҳои сарҳадбонони кишварро дар тӯли 20 соли фаъолият дида, боварӣ ҳосил намудед, ки хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомии мо аз уҳдаи ҳимояи марзу буми кишвар ва тартиботи дохилии ҷамъиятӣ, ки мақсади он ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа мебошад, бо сарбаландӣ баромада метавонанд.
Бинобар ин, тарбияи насли миллатдӯсту ватанпарвар, ки дар худ неруи созандагиву бунёдкориро таҷассум менамояд, бояд чун омили муҳимтарини таҳкими пояҳои давлатдорӣ, пешрафти ҷомеа ва таъмини зиндагии арзандаи халқи бузургворамон арзёбӣ гардад.
Дар ҷомеаи демокративу мутамаддини муосир хизмат дар милитсия ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, азму иродаи қавӣ, шуҷоату далерӣ ва муҳимтар аз ҳама, хоҳиши содиқона хизмат кардан ба Ватан-модар, давлат ва ҷомеаро талаб менамояд.
Дар ин раванд як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки мардум ба фаъолияти давлат аз рӯи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пеш аз ҳама, кормандони милитсия баҳо медиҳанд. Бинобар ин, ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ, ки таъмини тартиботу қонуният дар кишвар вазифаи ҷониву касбиаш мебошад, бояд худ намунаи риояи қонун ва одобу ахлоқи нек бошад.
Бовар дорам, ки хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳамаи кормандони милитсияи тоҷик минбаъд низ якҷоя бо сохтору мақомоти дигар дар ҷодаи адои вазифаҳои хизматии худ, яъне таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву суботи ҷомеа, мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ ва қабл аз ҳама, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, экстремизму терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва ҷиноятҳои коррупсионӣ содиқонаву софдилона саъю талош хоҳанд кард.
Вобаста ба ин, ҳар як устоду корманди Академия бояд вазифаи муқаддаси хешро шарафмандона ба иҷро расонида, дар амалӣ сохтани барномаҳои таълимии давлатӣ дар самти тарбияи касбии кадрҳо ва куллан беҳтар гардонидани низоми таҳсил саҳми муносиб гузорад.
Дар охир мехоҳам бо истифода аз фурсати муносиб ба меъморону бинокорон барои дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом додани бунёди ин боргоҳи маърифату даргоҳи тартиботу низом барори кор орзу намоям.
Итминон дорам, ки ҳайати кормандони Академия минбаъд низ дар самти таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси ватандӯсту худшиноси миллӣ барои мақомоти корҳои дохилии кишварамон азму талоши бештар менамоянд.
Бори дигар ҳамаи шумо, устодону шунавандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва тамоми кормандони милитсияи тоҷикро бо ин рӯйдоди муҳим табрик гуфта, ба ҳар яки шумо барору комёбӣ мехоҳам.
Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.06.2014 №: 118 Мутолиа карданд: 1571