logo

суханрониҳо

ТЕАТР ДАР ҲАМА ДАВРУ ЗАМОНҲО ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИСТ

Муҳтарам аҳли санъату ҳунар ва дӯстдорони театр!
Ҳозирини гиромӣ!
Боиси хушнудӣ ва сарфарозӣ аст, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар як гӯшаи зебои пойтахти азизамон боз як бинои наву замонавӣ дари худро ҳамчун як боргоҳи бонуфузи маърифат ба рӯи дӯстдорони театр боз мекунад.
Бинобар ин, ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро ба муносибати ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ ва бо ин рӯйдоди хотирмон дар таърихи театри тоҷик – ифтитоҳи бинои нави Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» самимона табрику шодбош мегӯям.
Миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз, пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Ва маҳз ҳамин фарҳанги воло дар ҳама давру замон миллати моро аз парокандашавӣ эмин нигоҳ дошта, дар тамаддуни халқи мо ҳамчун омили муҳимми ояндасоз хизмат намудааст.
Бо дарназардошти ин нуктаи муҳим, Ҳукумати кишвар ҳамеша ба фарҳанг ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир намуда, барои беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳли ҳунар тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Бинои ҳозиразамони театр барои беш аз 200 ҷойи нишаст, ки макони нави фароғати ҳамдиёрону меҳмонони пойтахти кишварамон хоҳад гардид, идомаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат дар роҳи рушди фарҳанги миллӣ мебошад.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон созам, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат дар масири беш аз ду даҳсолаи истиқлолият фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ, ҳисси миллии мардум, махсусан ҷавонон нақши муҳим бозида, дар ташаккули маънавии аҳли ҷомеа, шинохти рисолати таърихӣ ва густариши эҳсоси ватандорӣ таъсири амиқ мегузорад.
Бахусус театр, ки воситаи пуриқ-тидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон маҳсуб меёбад, дар ин самт нақши муҳим ва арзишманд дорад.  Зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин хаёлан худро ба қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро тарбият мебахшад.
Театр ва дар маҷмӯъ фарҳанг дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти миллист. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд.  Аз ин хотир, имрӯз низ ҳар як ҳунарманд ва ҳар як коргардону драматург бояд талош варзад, ки фарҳанги миллиро бо тамоми ҷузъиёташ ҳифз карда, густариш диҳад, онро ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намояд ва ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ барои наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузорад. Ин рисолати ҳар фарди соҳибватан, аз ҷумла аҳли фарҳангу ҳунар мебошад.
Аҳли театрҳои моро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масъалаҳои нав ва мубрами ҳаётро дар даврони истиқлол ҷасурона ба миён гузоранд. Ҳамчунин ҳар як ҳунарманд бояд таҷассумгари фарҳанги волои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ бошад, то тавонад дар алоҳидагӣ ҳамчун тимсоли ибрат ба наслҳои ҷавон таъсири нек расонад.
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ дар фазои фарҳангии мо як зумра падидаҳои тоза рӯи кор омаданд, ки дар шинохти ин ганҷи бебаҳои миллӣ аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми муассир доранд. Маҳз дар даврони истиқлолият бо азму талошҳои аҳли фарҳанги кишвари соҳибихтиёри мо баргузории ҷашнвораҳо - озмуни театрии «Парасту», фестивалҳои байналмилалии театрии «Наврӯз», «Чодари хаёл», Фестивал-симпозиуми байналхалқии «Шашмақом», «Фалак», «Баҳористон» ва амсоли инҳо ба ҳукми анъана даромад. Дар чунин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ ҳазорҳо намояндагони давлатҳои хориҷии дуру наздик ширкат варзида, бо дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва меъморию фарҳангии кишвари мо ошноӣ пайдо кардаанд.
Ҳамзамон бо ин, ҳунарпешагони маъруфи тоҷик назди тамошобинони беш аз 80 давлати Аврупо ва Амрикову Осиё бо беҳтарин барномаҳо истеъдоди асили миллии худро намоиш доданд. Ва имрӯз дар пояи меъёрҳои ҷаҳонӣ вусъати тоза пайдо намудани муносибатҳои фарҳангии моро бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ метавон далели равшани эътирофи фарҳанги тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ номид.
Ҳозирини гиромӣ!
Аз замонҳои дури таърихӣ то мо омада расидани мафҳуми театр чунин маънӣ дорад, ки он ҳамчун шохаи муҳимми таърихи халқҳову кишварҳои фарҳангсоз дар ҳар давру замон мақому манзалати ниҳоят калон дошта, дар инъикоси муборизаи абадии некиву бадӣ, адолату беадолатӣ, равшаниву зулмот, даво бахшидани дардҳои маънавии ҷомеа ва бо ин роҳ тарбияи насли солиму бомаърифат нақши муассир бозидааст. Яъне театр танҳо як мафҳуми соҳавӣ набуда, фарогиртар аз он аст, ки мо тасаввур мекунем. Театр ҳатто дар лаҳзаҳои душвори ҳаёт ҳамеша паҳлуи мардум қарор гирифта, дар сарнавишти миллати тоҷик нақши басо муассир гузоштааст.
Имрӯз метавон даҳҳо ҳунарпешаҳои маъруфро номбар кард, ки дар пешрафти театри тоҷик ва рушду такомули фарҳанги миллии мо саҳми басо арзишманд доранд. Мисоли барҷастаи ин гуна шахсиятҳо шодравон Фаррух Қосимов - асосгузори театри “Аҳорун” мебошад, ки дар таъсис ва ташаккули ин боргоҳи маърифат саҳми воқеан арзанда дорад.
Маҳз бо ташаббуси ӯ соли 1989 театри тамошобини ҷавон бо номи “Аҳорун” таъсис ёфт ва бо нахустнамоиши худ “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” дари худро ба рӯи тамошобин боз намуд.
Театри «Аҳорун» ҳамсол, ҳамқадаму ҳаммаслак ва ҳаммароми Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистону кулли тоҷикони ҷаҳон мебошад.
Ҳунармандони ин театр бо намоишҳои навоваронаи хеш ба кишварҳои Русия, Назди Балтика, Лаҳистону Голландия, Фаронсаву Эрон сафар намуда, ҳунари воло ва қадимаи намоишии миллати мо ва адабиёти оламгири онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.
Дар намоиши «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» аз эҷодиёти шоирони бузурги тоҷику форс, аз ҷумла Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Фаридуддини Аттор низ хеле васеъ истифода шудааст. Маҳз ашъори орифонаи ин шахсиятҳои барҷаста имкон фароҳам овард, ки дар асоси рамзҳои сӯфиёна ва маҷлисҳои орифона асарҳои ҷолиби «Шайхи Санъон» ва «Даҷҷол» рӯи саҳна биёянд.
Театри «Аҳорун» дар тарғиби ғояҳои наҷиби инсондӯстона ва гуманизми баланди «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ низ саҳми босазо гузоштааст. Мисоли равшани он асарҳои «Исфандиёр» ва «Шоҳ Фаридун» шуда метавонанд.
Театри «Аҳорун» дар тамоми давраи фаъолияташ шахсиятҳои бузургеро, ки ғояҳои онҳоро адабиёти классикии мо тарғиб намудааст, васф менамояд. Мо бо театри «Аҳорун» ифтихор менамоем.
Итминони комил дорам, ки бинои нави театр ба кулли ҳунармандону пайвандони ин боргоҳи маърифат илҳоми тоза бахшида, онҳоро ба офаридани асарҳои наву тозаи талқингари фарҳангу ҳунари баланди миллӣ ва тарғибгари худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят месозад.
Дар охир мехоҳам таъкид намоям, ки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон низ имрӯз, пеш аз ҳама, ба ҳимояи арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои гузаштагон, дарёфти умумият байни арзишҳои милливу умумибашарӣ, фароҳам овардани имконият барои омӯзиш ва тарғиби васеи онҳо, инчунин ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои фарҳангие равона карда шудааст, ки тавассути онҳо моро ҳамчун миллат мешиносанд.
Бовар дорам, ки ҳар кадоми шумо дар партави ин сиёсати созанда дар оянда низ бо заҳматҳои содиқона ва самаровари худ дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми боз ҳам арзанда гузошта, бо кору пайкори худ ҷаҳони маънавии халқамонро ғаниву рангинтар мегардонед.
Ба ҳамаи шумо ва дар маҷмӯъ ба тамоми аҳли ҳунару эҷод бори дигар ифтитоҳи бинои нави Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун»-ро сидқан муборакбод гуфта, дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ ба шумо эҷоди наву тоза, рӯзгори хушу сари баланд орзу дорам.
Бигзор ин боргоҳи ҳунар, ки дар арафаи яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллиамон - Рӯзи Ваҳдати миллӣ кушода мешавад, даргоҳи ваҳдати ҷовидонаи миллатамон бошад!
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2014    №: 119    Мутолиа карданд: 1316
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед