logo

сафарҳо

САФАРИ ДАВЛАТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАЛАЙЗИЯ

22 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Малайзия сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев,  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода,  вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид,  раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Шомгоҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ вориди шаҳри Куала - Лумпур, пойтахти Малайзия шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Куала-Лумпур Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Малайзия ва дигар чорабиниҳо 23 июн оғоз меёбанд.
Зимни сафар мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Сарвазири ин кишвар Наҷиб Абдурразоқ ва ба имзо расидани як зумра санадҳо дар назар аст, ки  ба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишвар  асоси устувор мегузоранд. Санадҳо,  аз ҷумла доир ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, илму техника, таҳсилоти олӣ, туризм, варзиш ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ба имзо хоҳанд расид.
Ҳамчунин баргузории анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия дар назар аст, ки боиси муаррифии имконоти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ба миён омадани робитаҳои мустақими миёни сохторҳои хусусии ду кишвар хоҳад шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2014    №: 119    Мутолиа карданд: 1476
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед