logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти махсуси сатҳи олӣ дар мавзӯи «Об ва беҳдошти санитарӣ барои ҳамагон», шаҳри Нию-Йорк, 24 сентябри соли 2008

Кӯли Сарез Осиёи Марказиро бо оби тоза таъмин карда метавонад

Ҳамкасбони  мӯҳтарам,
Роҳбарони  мӯҳтарами  ҳайатҳо,
Мӯҳтарам Муншии  умумӣ,

Хонумҳо ва  ҷанобони  мӯҳтарам, қабл  аз  ҳама  ба  шумо барои  муҳайё  сохтани  имконияти  иштирок   дар  ин  мулоқоти  барои   ҳамаи  мо  муҳим  изҳори  сипос  менамоям, ки  онро  Ҷопон,  Нидерландия,  Олмон ва  Тоҷикистон  ташкил  намудаанд. Боварӣ  дорам, ки  ин  мулоқот   дар  ҳалли  яке  аз  масъалаҳои  муҳимтарини  Ҳадафҳои  Рушди  Ҳазорсола,  аз  ҷумла,  ду  баробар  кам  кардани  теъдоди  одамоне, ки  аз  оби  тозаи  ошомиданӣ  ба  таври  доимӣ  истифода  бурда  наметавонанд ва  муҳайё  сохтани   шароити  муқаррарии  санитарӣ  саҳми  арзанда  мегузорад.     
Об барои инсон аҳамияти  ҳаётан  муҳим  дорад ва  тамоми  рӯйдодҳои  ҷаҳон  ба  он  вобастаанд, ки  шарти  асосии  зиндагии  мӯътадили  тамоми  мавҷудоти  зинда,  пеш  аз  ҳама  инсон,   мебошад. Бинобар  ин  ҳуқуқи  баҳрабардорӣ  аз  обро,  ки Созмони  Милали  Муттаҳид   эълон  кардааст,  ҳамчун  «ҷузъи  ҳаётан  муҳими  таъминкунандаи  шаъну  эътибори  инсонӣ» ва  ҳамчун  «заминаи  таъмини  ҳуқуқҳои  дигари  инсон»  баррасӣ  кардан  зарур  аст. Дар  робита,   дар  назди  мо  вазифаи   муқаррар  намудани  муносибатҳои  нисбатан  самарабахши   муштарак бо  мақсади  истифодаи  оқилонаи  об  барои  қонеъ  гардондани  эҳтиёҷоти  ҳамаи  одамон ва  дар  баробари  ин ба таври  ҷиддӣ ба  ҳисоб  гирифтани эҳтиёҷоту  талабот ва  қонунҳои  табиат  гузошта  мешавад. Танҳо  чунин  муносибат  рушди   устувори  мамлакатҳоямон ва   нигоҳ  доштани  сайёраро  барои  наслҳои  оянда  таъмин  карда  метавонад.
Иштирокчиёни  мӯҳтарами  мулоқот,  ин  ҷо  аз  таҷрибаи  талхи  минтақаи  мо,  яъне  хушк  шудани  яке  аз  кӯлҳои  калонтарини  ҷаҳон баҳри Аралро  дар  Осиёи  Марказӣ  мисол  оварданиам, ки   натиҷаи  сиёсати  ғайриоқилонаи  инсон дар  масъалаи  об ва ба  эътибор  нагирифтани  омилҳои  экологӣ  мебошад. Рӯз то  рӯз  ҷиддитар  гардидани масъалаи  камбуди  об  ва  коҳиш  ёфтани  сифати он  сабаби  хароб  гардидани  таркиби  хок  ва  нобуд  шудани  олами  наботот, тағйироти  манфии  фалокатбори  олами  набототу  ҳайвонот,  аз  байн  рафтани  шикори  моҳӣ,  инчунин  кам  гардидани   самараи  зироатпарварӣ шуда, проблемаҳои  дигари  иҷтимоию  иқтисодиро  ба  миён  меоранд. Ҳамаи  ин  проблемаҳо  ба  пешрафти  босуботи  минтақа  хавфи  ҷиддӣ  ба  бор  меоранд. Проблемаҳои  ҳавзаи баҳри  Арал, ки  дар  маркази  қитъаи  АврОсиё  қарор  дорад,  аз  ҷиҳати  миқёси   худ  кайҳо  аз  ҳудуди  минтақа  берун рафта,  аҳамияти  умумибашарӣ  касб  кардааст. Албатта,  ҳукуматҳои  панҷ  мамлакати  Осиёи  Марказӣ   ба  масъалаҳои  таъминоти  аҳолӣ  бо  об  ва  беҳтар  сохтани  шароити  санитарӣ  диққати  калон  зоҳир  менамоянд. Аз  ҷумла,  Тоҷикистон барои    ҳалли  масъалаи  таъминоти  об  ва беҳдошти  санитарӣ  пешниҳод  намуд, ки аз  кӯли  Сарез  ба  мамлакатҳои  дигари  минтақа  хатҳои  обрасонӣ  кашида  шаванд. Ҳаҷми  оби  кӯли  Сарез  қариб  18  километри  мукааб  буда, онро  барои  бо  оби  тоза таъмин  намудани  миллионҳо  нафар  сокинони  минтақа  истифода бурдан  мумкин  аст. 
Чунин  иқдом  дар  баробари ин  имкон  медиҳад, ки  хавфи  канда шудани банди оби ин  обанбори  табиӣ  пешгирӣ  карда шавад. Зеро  чунин  вазъият   барои  қисмати  зиёди  Осиёи  Марказӣ  оқибатҳои   харобиовар  дошта  метавонад. Умед  аст, ки  муассисаҳои  СММ  ва  тамоми  ҷомеаи  ҷаҳон  ба  ин  пешниҳод  таваҷҷӯҳ  зоҳир  хоҳанд кард.          
Хонумҳо ва  ҷанобони  мӯҳтарам, 
Тағйироти  умумиҷаҳонии  иқлим   дар  давоми  солҳои  охир  ва рӯйдодҳои  дигари ба он  вобаста  шароити  зиндагии  миллионҳо  одамонро   дар  масъалаҳои таъминоти  обу  озуқа  ниҳоят  душвор  мегардонад. Ин  хусусан сабаби  бештар  гардидани  азобу  уқубати табақаҳои  камбизоат ва  қашшоқи  аҳолӣ  мегардад.   
Тоҷикистон  ҳамчун  ташаббускори  эълони  Даҳсолаи   байналмилалии  амалиёти  «Об барои  ҳаёт дар  давраи  солҳои  2005 – 2015»  пешниҳод  мекунад, ки  нимаи  дуюми  даҳсолаи  мазкур  ба  амалӣ  сохтани  тадбирҳои  мушаххаси сатҳи  байналмилалию  минтақавӣ  дар  масъалаи  бо  оби тоза  таъмин  кардани ин   табақаҳои одамон ва таъмини  шароити  муқаррарии  санитарӣ  барои онҳо  қарор  дода шавад. Дар  ин маврид  зарурати истифодаи  захираҳои  дохилию  берунии  молиявӣ,  сафарбар  намудани  ҷидду  ҷаҳди  мамлакатҳо,  созмонҳои  байналхалқӣ  ва  мамлакатҳои  мададгор  барои  амалӣ  сохтани тадбирҳо   дар  бобати  расондани  хизматҳои  муқаррарии  таъминоти  об  ва беҳдошти  санитарӣ,  тавлиди  воситаҳои  дахлдори техникӣ,  дастгирии рушди  технологияҳои  нав  дар ин  соҳа  ва  беҳтар  сохтани  сифати  хизматҳо   мувофиқи  талаботи техникӣ,  иҷтимоӣ ва  экологӣ  ба  миён  меояд.  Ин  ва  масъалаҳои  дигарро  дар  сатҳи  СММ  ва  созмонҳои  дигари байналхалқӣ  бо  иштироки  намояндагони  ҳамаи  мамлакатҳои  ҷаҳон  мунтазам  баррасӣ  намудан  лозим  аст.  Тоҷикистон  бо  назардошти  зарурати баррасии ҷараёни  пешрафти  амалӣ  сохтани  ҳадафҳои  Даҳсолаи  байналмилалии об  ва  муқаррар  намудани  вазифаҳои  нимаи  дуюми  даҳсола  даъват  кардани  иҷлосияи  махсуси Маҷмаи  кулли  СММ –ро  бахшида ба  проблемаҳои об  ба  мақсад  мувофиқ  мешуморад.
Мамлакати мо  бори  дигар  изҳор менамояд, ки  тайёр  аст  соли  2010 дар  Душанбе бахшида ба   проблемаҳои оби тоза   мулоқоти  байналмилалиро  баргузор  созад. Дар ин  мулоқот  дастовардҳо,  проблемаҳо ва таҷрибаҳои  Даҳсолаи  байналмилалиро  муҳокима  кардан  ва  аз  онҳо  натиҷа  гирифтан  мумкин  аст. Умедворам, ки  мамлакатҳои  аъзои  СММ  ва шарикони мо  ин  пешниҳодҳоро  дастгирӣ  менамоянд. Ман ин  ҷо  ба  мусоҳибаи  самарабахш,  ба  муҳокимаи  мароқовари  ҳамаи  масъалаҳои  марбут ба  таъминоти об  ва беҳдошти  санитарӣ  дар  доираи  мулоқоти  имрӯза  умедворам.  Ҳамчунин  изҳори умед  менамоям, ки чунин  мулоқотҳо  дар  ҷараёни    Маҷмаҳои кулли  Созмони Милали  Муттаҳид  мунтазам  гузаронида  хоҳанд  шуд.    
Ба  диққататон  ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7582
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед