logo

порлумон

СОЗИШНОМАҲОИ ГРАНТИВУ ҚАРЗӢ БА ТАСВИБ РАСИДАНД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, 15 масъала, аз ҷумла 6 созишномаи қарзию грантӣ баррасӣ гардид.

Сатҳи зиндагии кишоварзон беҳ мегардад
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ, зимни баррасии Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» иброз дошт, ки он 27 январи соли 2009 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд намудани даромаднокии соҳаи кишоварзӣ, яъне афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ  ба имзо расидааст.
Лоиҳаи мазкур дар 250 деҳаи ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод, Темурмалик, Балҷувон ва Данғара амалӣ мегардад, ки 18750 хонаводаро дарбар мегирад. Татбиқи лоиҳа аз ҳисоби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ба маблағи 9,4 миллион доллар мебошад.
Мувофиқи созишномаи мазкур муҳлати анҷоми татбиқи лоиҳа 30 апрели соли 2015 муайян шудааст.
Ба гуфтаи мавсуф, хариди техникаи кишоварзӣ, аз ҷумла 71 трактори МТЗ-82 ва дигар олот, таҷдид ва кашидани хати барқ ба деҳаҳои дурдаст, сохтмон ва барқарорсозии лӯлаҳои об, бунёди  пулҳои хурд ва таъмири роҳҳо ба назар гирифта шудааст.

Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо
Ҷамолиддин Нуралиев оид ба Созишнома дар бораи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» гуфт, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   5 августи соли 2011 ба имзо расондааст. Барои татбиқи лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар асоси созишнома фонди мазкур 14,6 миллион доллар маблағи грантӣ ҷудо мекунад. Татбиқи лоиҳа то сентябри соли 2017 муайян гардидааст. Лоиҳа дар ҳафт ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Балҷувон, Восеъ, Муъминобод, Темурмалик, Фархор, Ховалинг ва Шӯрообод, ки аҳолиашон бештар ба чорводорӣ машғул аст, татбиқ мегардад. Ҳадафу вазифаҳои асосии лоиҳа мусоидат дар паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи истеҳсоли хӯрокворӣ ва даромади 22400 хонавода бо роҳи зиёд намудани маҳсулоти чорво дар ноҳияҳои номбаршуда мебошад. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа бояд саршумори чорво афзун гардида, механизми мукаммали идораи чарогоҳҳо ҷорӣ карда шавад. Ҳамзамон дар рафти татбиқи лоиҳа дастгирии занҳо дар коркард ва фурӯши маҳсулоти чорво низ пешбинӣ шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳа ташкили беш аз 100 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳҳо дар ноҳияҳои интихобшуда, сохтмони 56 клиникаи ветеринарӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизот, бунёд ва барқарорсозии қубурҳои оби ошомиданӣ, хариди мошинолоти кишоварзӣ, гузарондани хати интиқоли барқ, сохтмони пулҳои хурд, таъмини тухмии  зироатҳои хӯроки чорво, хариди чорвои хушзот ва зиёд намудани шумораи онҳо, таъмини доруворӣ барои чорво дар назар аст.

Ҳаққи истифодаи барқ 15 дарсад зиёд шуд
Зимни баррасии Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи барқи «Равшан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷамолиддин Нуралиев афзуд, ки зеристгоҳи мазкур ҳанӯз соли 1963 сохта шуда, аҳолии ноҳияҳои Турсунзода ва Шаҳринавро бо барқ таъмин менамояд. Дар натиҷаи беш аз 50 сол истифода бурдан таҷҳизоти зеристгоҳ фарсуда гардидааст. Бинобар ин, барои таҷдиди зеристгоҳ бо Бонки исломии рушд созишномаи қарзӣ ба маблағи 13 миллион доллар баста шуд. Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби  маблағгузории «Барқи тоҷик» 1,5 миллион доллар муайян шудааст. Муҳлати қарз 25 сол ва давраи имтиёзноки пардохти қарзи асосӣ 7 сол мебошад.
Ҷамолиддин Нуралиев ба эроди Суҳроб Шарифов, вакили порлумон, оид ба вазъи молии «Барқи тоҷик», ки аз НБО-и «Сангтӯда - 1» қарздор асту боз чунин қарзро ба зимма мегирад, иброз дошт, ки дар ҳақиқат вазъи молии «Барқи тоҷик» душвор аст, бинобар ин, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 1 июли соли равон ҳаққи истифодаи қувваи барқ 15 дарсад зиёд мешавад. Ин барои беҳтар намудани вазъи молиявии «Барқи тоҷик» мусоидат мекунад.
Стансияҳои обуҳавошиносӣ муҷаҳҳаз мегарданд
Каримҷон Абдуҳалимов, муовини директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии Созишномаи грантии Барномаи пилотии устуворӣ ва тағйирёбии иқлим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» гуфт, ки он ба баланд бардоштани сифати хидматрасонии иқлимӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ равона гардида, маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати рушд ва мустаҳкам гардондани мақомоти миллии обуҳавошиносӣ, мубодилаи маълумот, барқарорсозии инфраструктура ва тайёр намудани мутахассисонро дар назар дорад. Дар доираи барнома беш аз 50 стансияи обуҳавошиносӣ, 42 дидбонгоҳи обченкунӣ, 34 стансияи агрометрологӣ муҷаҳҳаз мегарданд.
Созишома 13 июли соли 2011 аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Хуруҷи неруҳои СААШ аз тариқи Тоҷикистон
Саттор  Холов, вакили порлумон, зимни ба тасвиб расидани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) дар бораи дастгирии кишвари қабулкунанда ба қӯшунҳои (неруҳои) СААШ ва ҳайати СААШ ва оид ба транзити қӯшунҳои (неруҳои) СААШ ва ҳайати СААШ иброз дошт, он соли 2004 дар Душанбе ба тасвиб расид. Мувофиқи созишномаи мазкур ҳайат ва неруҳои ин созмон ҳангоми бозгашт аз Афғонистон метавонанд аз роҳҳои ҳавоию заминии Тоҷикистон истифода кунанд.
Дар ҷаласа ба ҳашт қонуни ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла,  зимни ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» зикр гардид, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд ҳаққи ширкат дар гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳоро надоранд ва барои тазоҳуроти эътирозӣ муҷозот хоҳанд шуд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.07.2014    №: 124    Мутолиа карданд: 1406
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед