logo

туризм

ВАНҶ МУЛКИ ТАМОШОБОБ АСТ

Табиати минтақаи аз ҳама пурфайзу бобаракаттарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Ванҷ тамоми фаслҳои сол зебо ва дилкаш мебошад. Алалхусус айёми тобистон, ки ин диёр бо боғистонҳои мевадору ҷангали анбӯҳаш диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад. Дар тозаву  озода  ва аз ҷиҳати экологӣ созгор нигоҳ доштани макони зисти инсонҳо ва  ҳифзи зебоии табиати  ин минтақаи биҳиштосои  Бадахшон кормандони бахши ҳифзи табиат бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар идораву муассисаҳо корҳои зиёдеро  ба ҷо меоранд. Онҳо ба он мекӯшанд, ки боигариҳои табиатро афзун ва  ин сарвати бебаҳоро бегазанд нигаҳ доранд.
Ба гуфтаи Тоҳир Орифов, сардори бахши ҳифзи табиати ноҳия, тайи солҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати кишоварзӣ ва ҷамоатҳои деҳот,  инчунин  сокинони рустонишин ҷангалистонҳову боғистонҳоро муҳофизат карда тавонистанд. Дар ин давра садҳо ҳазор бех ниҳол шинонда, домони боғҳоро то ба наздикиҳои пиряхҳои Хирсон, Кашолаях ва Федченко расониданд. Аз ҳама бештар дарахтони чормағз  ва себ шинондаанд, зеро Ванҷ бо ин меваҷот берун аз кишвар ҳам маълуму машҳур аст.  Танҳо баҳори имсола дар ноҳия қариб  300 ҳазор бех ниҳол шинонда шудааст, ки ҳоло хуб нашъунамо дорад. Бештар аз ҳама ба  вазъи экологии марказ ва деҳоти ноҳия диққат медиҳанд.
Ба иттилои ӯ, солҳои пешин дар ноҳияи Ванҷ мисли дигар минтақаҳои Бадахшон, ки фасли зимистон хеле тӯлонӣ ва сард аст,  аз ноилоҷӣ барои гарм кардани хонаҳояшон дарахтонро мебуриданд ва бахусус ба ҷангалҳо хисороти зиёде ворид мегардид.  Хушбахтона, тавассути ғамхориҳои Сардори давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи солҳои охир ба шаҳру навоҳии вилоят, бахусус ноҳияи Ванҷ ҳазорҳо тонна ангиштсанг ва гази моеъ ворид мегардад ва сокинони ноҳия  дарахтони боғоту ҷангалзорҳоро  дигар табар намезананд, кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи бештар ниҳол шинонда, табиати диёрро сабзу хуррам гардонанд. Ва ҳар он ки чун меҳмон ба ин диёр меояд, аз дидани манзараҳои дилфиреби нотакрор лаззат мебарад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.07.2014    №: 126    Мутолиа карданд: 7735
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед