logo

порлумон

ҶАЛАСАИ ХОТИМАВӢ

Дар оғози ҷаласаи хотимавии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, иброз дошт, ки бо пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадшариф Ҳақдодов дар Созмони ҳамкории Шанхай ба вазифаи муовини котиби генералӣ таъйин шуд.

Сипас лоиҳаҳои Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакил, аз вазифаи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон ва аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин озод кардани Маҳмадшариф Ҳақдодов ба тасвиб расид.
Бо пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуров  вакил Зайниддин Сафаров аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон ва ҳамзамон ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагон пазируфта шуд.
Шукурҷон Зуҳуров, зимни гузориш перомуни фаъолияти иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум иброз дошт, ки дар ин муддат 39 ҷаласаи Шӯро баргузор гардида, 521 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар 28 ҷаласаи иҷлосияи Маҷлиси намояндагон 181 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва тасдиқ гардиданд. Аз ҷумла, 2 қонуни конститутсионӣ, 6 тағйиру илова ба қонунҳои конститутсионӣ, 13 қонуни мукаммал, 69 тағйиру илова ба қонунҳо, 15 тағйиру илова ба кодексҳо, 31 созишнома, 2 конвенсия, 35 қарор, 1 дурнамо, 3 шартнома, 2 протокол ва 1 барнома мавриди қабул ва тасдиқ қарор гирифтанд.
Дар ин муддат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 73 лоиҳа, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон 26 лоиҳаи қонун пешниҳод ва қабул гардиданд.
Назар ба гуфтаи ӯ, тамоми қонунҳои дар ҷараёни иҷлосия қабулкарда ҷиҳати рушду нумӯи бахшҳои алоҳидаи кишвар нақши хос доранд. Вале дар ин миён чанде аз қонунҳо дар рушди саросарии мамлакат дорои аҳамияти вижа мебошанд.
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар партави Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва ҷиҳати иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» таҳия ва қабул шудаанд.
Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» принсипҳои асосии фаъолият, салоҳият, интихоб, таъин ва бозхонду озод намудани судяҳо, ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо, таъминоти моддию техникии судяҳо ва дигар фаъолияти онҳо, инчунин салоҳияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Мақсади асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» иборат аз мутобиқсозии меъёрҳои фаъолият дар соҳаи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо дигар қонунҳои амалкунанда ва шароити мусоид фароҳам овардан ба рушди соҳибкорӣ мебошад. Қонуни мазкур муносибатҳои муосири дастгирии соҳибкориро пешбинӣ намуда, ба беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ, таъмини бештари ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо аз тарафи давлат мусоидат мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур пурра ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки Тоҷикистон ба узвияти он қабул гардидааст, мутобиқ мебошад.
Дар Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағийру иловаҳое пешниҳод гардидаанд, ки вобаста ба тартиби ташкили қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар, зиёд намудани шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод мешаванд, кам кардани гарави интихоботӣ, тартиби санҷиши нодурустии имзоҳо, зиёд намудани вақти эфир барои баромади номзадҳо ва ҳизбҳо, тағйир додани шакли бюллетени овоздиҳӣ ва тартиби пур кардани он, маҳдудкунии иштироки кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон ба демократисозии ҷараёни интихобот равона шудаанд.
Шукурҷон  Зуҳуров  гуфт, ки дар давоми фаъолияти иҷлосия 681 шаҳрванд қабул карда шуд ва дар ин муддат ба унвони Маҷлиси намояндагон 452 адад муроҷиати хаттӣ, дар маҷмӯъ 1133 муроҷиати шаҳрванд ворид гардид, ки аксари онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш ба муроҷиаткунандагон хабар дода шудааст.
Баррасии арзу шикоятҳо нишон медиҳанд, ки муроҷиатҳои шифоҳӣ дар аксари маврид ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мансуб буда, муроҷиатҳои хаттӣ аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ворид гардидаанд. Аз таҳлили хусусияти соҳавии муроҷиатҳо бармеояд, ки аризаҳо асосан оид ба таъмини нафақа, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, таъмин бо манзили зист, баҳси манзили истиқоматӣ, дастрас кардани техникаи тиббӣ, таъминот бо оби ошомиданӣ, ситондани андоз, расондани ёрии моддӣ, бозҳисобии ҳама гуна нафақаҳо, таъмин бо ҷойи кор, ёрии тиббию санитарӣ, дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ворид гардида, қисмати зиёдашон дар муҳлати муайяншуда мусбат ҳал гардидаанд.
Дар ин давра ба кумитаҳо ва комиссияҳо 383 ва ба шуъбаҳои Дастгоҳ 69 муроҷиат ворид гардид, ки мувофиқи мансубияташон барои баррасӣ ва чораандешӣ ба Ҳукумат, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ фиристода шудаанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон, ки аз  17 то 19 июни соли ҷорӣ бо даъвати Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия Сергей Наришкин дар шаҳри Маскав буд, иброз дошт:
- Зимни ин сафар мо бо Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия, Сергей Наришкин, Раиси Думаи давлатӣ ва Константин Ромодановский, раиси Хадамоти Федеролии муҳоҷирати меҳнатии Федератсияи Русия ва донишҷӯёну  ҳайати шӯрои олимони Донишкадаи давлатии заминсозии шаҳри Маскав мулоқот намудем.
Онҳо пешниҳодҳои моро дар бобати ҳарчи зудтар ба тасвиб расондани ҳуҷҷатҳо оид ба ташкили қабули муҳоҷирон ба кор, касбомӯзии мақсадноки ҷавонони тоҷик дар омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ва литсейҳои Русия, бо назардошти талаботи бозори меҳнати он кишвар, барҳам додани квотаҳо барои қабули муҳоҷирон ба кор, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин мавзӯъ ҷонибдорӣ намуданд.
Раиси порлумон таъкид кард, ки дар марҳалаи кунунӣ нақши матбуот дар инъикоси воқеияти ҳоли рӯйдодҳои ҳар як кишвар, ҳар як ниҳоди давлативу ҷамъиятӣ хеле зиёд аст.
Мо ба ҳеҷ ваҷҳ садди роҳи фаъолияти шаффофи воситаҳои ахбори омма нахоҳем шуд ва ҳеҷ гуна мушкилот дар ин самт барои хабарнигорон эҷод нахоҳем кард.
Мунаввари САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.07.2014    №: 126    Мутолиа карданд: 1470
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед