logo

маориф

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: МУШКИЛОТИ МАКТАБ НИЗОМИ САРИКАСИСТ

- 60 дарсади мактабҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар замони истиқлолият сохта шудаанд, - мегӯяд Абдуҷалил Қозиев, мудири маорифи ноҳия. - Имрӯз дар ноҳия 32 мактаб, аз ҷумла 18 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 мактаби таҳсилоти асосӣ, 1 мактаб – интернат ва як кӯдакистон фаъолият дорад. Теъдоди хонандагон ба 5641 нафар мерасад. Ба онҳо 487 омӯзгор, аз ҷумла 94 нафар бону дарс медиҳанд. Сол то сол таҳсили хатмкунандагони мактабҳои мо ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ меафзояд.

Мувофиқи «Барномаи давлатии таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2011» чор мактаби ноҳия таъмиру навсозӣ шуд. Аз ҷумла мактаби рақами 5, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Ҳарчанд мактабҳо дар хонаи шахсӣ ё дар ҳолати садамавӣ қарор надошта бошанд ҳам, баъзеашон ба таъмири ҷорӣ ниёз доранд. Итминон дорем, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳалли ин масъала мусоидат мекунад.
Ҳамасола як ё ду мактаби таҳсилоти асосиро ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил медиҳем.
Мо ба назди бинои дуошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и деҳаи Оббурдан омадем. Бино хеле зебо буда, соли 2012 аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо маблағи 1980 ҳазор сомонӣ барои 320 хонанда дар як баст сохта шудааст. Айни ҳол бо маблағгузории вазорати мазкур дар назди мактаб сохтмони толори варзишӣ дар арафаи анҷомёбист.
Таваҷҷуҳи маро байти зерин, ки дар девори беруни мактаб бо ҳарфҳои хеле калон навишта шуда буд, ҷалб кард.
Бе маориф пояи давлат нагардад устувор,
Давлати пойдор хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Дар шафати он мактаби куҳнаро ба кӯдакистон табдил додаанд, ки он аввалин кӯдакистон дар ноҳия ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки замини мактаб хеле васеъ буд. Вале соли 1992 чанде аз сокинони ноҳия дар айни бенизомиву беҳукуматӣ замини мактабро ғасб карда, хона сохтанд. Гӯиё он замини бобояшон будааст. Тасаввур кунед, ки агар ҳар кас даъвои замини меросӣ кунад, чи қадар фитнаву ҷанҷол байни мардум барпо мегардад.
Садои мудири маориф маро аз гирдоби андешаҳо ба худ овард:
- Соли равон дар деҳаи Деҳманораи Ҷамоати деҳоти Лангар мактаб барои 320 хонанда бо таҷҳизоти замонавӣ дар арафаи иди Наврӯз ба истифода дода шуд. Ҳоло корҳои сохтмонии мактаби деҳаи Эсизи Ҷамоати деҳоти Иван – Тоҷик идома дорад. Бо маблағгузории Сафорати Ҷопон дар деҳаи Рогиф 6 синфхона ба маблағи 510 ҳазор сомонӣ ва дар деҳаи Самҷон низ 6 синфхона барои 120 ҷои нишаст сохта ба истифода дода шуд.
Ба гуфтаи мавсуф, аз соли 2007 ин ҷониб 6 мактаб бунёд гардид ва 6 мактаб таъмир шуд. Дар деҳаи Муждиф мактаб барои 96 ҷойи нишаст аз ҳисоби мардум ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохта ба истифода дода шуд. Дар деҳаи Лангар соли 2013 бо ҳамин роҳ мактаб барои 120 ҷойи нишаст бунёд ва  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мудири маориф зикр кард, ки барои мактабҳои ноҳия ба маблағи 1400 ҳазор сомонӣ таҷҳизот харида шуд.
Назар ба гуфтаи Абдуҷалил Қозиев, яке аз мушкилоти асосии соҳаи маорифи ноҳия ба низоми сарикасӣ гузаштан мебошад, зеро хонандагон каманд. Масалан, дар баъзе мактабҳо дар як синф 6 хонанда таҳсил мекунад.
- Агар онҳоро барҳам диҳем, хонандагон аз таҳсил маҳрум мешаванд. Дар ҳолате ки мактаб беш аз 250 нафар хонанда дошта бошад, ба низоми сарикасӣ ва пули ҷудошуда мувофиқ меояд. Баъзе аз мактабҳо ҳамагӣ 70 нафар хонанда доранд. Масалан, мактаби рақами 11-ум 6 филиал дорад, ки ба низоми сарикасӣ мувофиқат намекунад. Бояд дар ин маврид шароити кӯҳистон ба назар гирифта шавад, - гуфт ӯ.
Дар мавриди таъмини мактабҳо бо омӯзгорон Абдуҷалил Қозиев иброз дошт, ки баъзе устодон бо сабаби кам будани маош тарки касб мекунанд.
Мутаассифона, бархе хатмкардаҳои мактабҳои олӣ саводи казоӣ надоранд ва ҳатто ариза навишта наметавонанд. Барномаи компютеркунонии мактабҳо 86 дарсад иҷро гардидааст. Вале таъмини муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои муҷаҳҳаз 50 дарсад иҷро шудаасту халос.
- Роҳи ҳалли мушкилоти низоми сарикасӣ ва филиалҳо ин тавсеаи мактаб - интернати маркази ноҳия ва сохтани хобгоҳҳо мебошад, - мегӯяд Абдуҷалил Қозиев. Назар ба гуфтаи ӯ, ҳар сол 18-22 нафар хонандагон тибқи Квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ қабул мешаванд. Хатмкардагон дар тамоми соҳаҳо бомуваффақият кор мекунанд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.07.2014    №: 129    Мутолиа карданд: 1725
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед