маориф
КИТОБИ ДАРСӢ БОЯД ИНСОНСОЗ БОШАД
Юсуфи АКБАРЗОДА,
адабиётшинос
Дар хурдӣ чизе меомӯхтанду аз бар мекарданд, ки минбаъд тамоми умр зина ба зина ба маънию муҳтавои маводу осори асили ҳифзшуда сар фурӯ бурдаю сарфаҳм рафта, ҳаловату завқ мебурданд, аз мазмунҳои баланду бӯйи диловезашон мутаҳайиру маст мешуданд. Месазад, ки ин анъанаҳои неки аҷдодон аз нав эҳё шаванд.
Оё имрӯз таълиму тарбия, минҷумла китобҳои дарсии забону адабиёт, чунин ҳадафу мақсаду нияти неку наҷибро дар мундариҷот, дар ниҳоду умқ, дар сиришт, дар ҳар ҳарфу ҳиҷо, сатр – сатру саҳафоти хеш дарҷ кардаанду чунин ҳадафи ниҳоӣ доранд?
Ба ин савол ҳоло ҷавоби мусбат додан барвақт аст. Алҳол дар зинаҳои мухталиф гуфтугузорҳо, баҳсу талошҳо, маҳз гуфторҳо ҳаст, вале кирдор ё чашмнорас аст, ё умуман мавҷуд нест. Ман ба чунин хулоса, махсусан, пас аз мутолиаи «Адабиёти тоҷик». (Китоби дарсӣ барои синфи 9. Душанбе, «Мавлавӣ», 2009), омадам. Дар ин китоб, ки муаллифонаш Мирзоди Маонӣ (ки ин ном дар китоб дар шакли Тӯйчӣ Миров низ зикр шудааст) ва Суннатуллоҳи Давлатзода ҳастанд, аз китоби куҳна сарсухани «Шогирди азиз!», бобҳои «Абдураҳмони Ҷомӣ», «Алишери Навоӣ (Фонӣ)», «Камолиддин Биноӣ», «Бадриддин Ҳилолӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» бо андак тағйири шаклӣ ба китоби нав кӯчидаанд.
Дар мазмуну сабки бинишу нигориши адабиёт тағйироти сифатие рух надодааст ва китоби мазкур бо ҳамон сабки норавону печида ва сарсарию дилгиркунандаи нақли мазмуну муҳтаво, ғояи асар ҳамон биниши иҷтимоъгароии табақотӣ, аз эҷодиёти муаллифон ҷустану ёфтани пораҳои алоҳидаи панду ахлоқӣ, танқиди шоҳону амирону вазирон, ақидаҳои зиддидинӣ, танқиди замона, образҳои мусбату манфӣ… иншо шуда, таваҷҷуҳи хонандаро на ба дарки амиқи моҳияти адабиёти бадеӣ ва дарки санъати олӣ, балки ба зоҳири он, аз ҷумла ба зикри ному ададу қисмату бобу байтҳо, номи қаҳрамонҳо, нақли беранги сужет ҷалб мекунад ва дар натиҷа дарси адабиёт ба дарси дилгиркунанда табдил ёфтааст. Масалан, дар боби «Саъдӣ – паёмбари ғазал» мехонем: «Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII, жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба Арш расонд (?). Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда, ӯро паёмбари ғазал гуфтаанд. Имрӯз ҳам ин андеша дар байни хосу ом, донишмандону ҳунармандони дунё дигар нашудааст: мавзӯи ишқ дар ғазалиёти Саъдӣ мақоми аввал дорад. Вожаи ишқ маънои васеъ дорад: ишқи илоҳӣ, яъне ишқи Худо, ишқи заминӣ, яъне ишқи табиии байни марду зан, духтару писар ва ишқи инсон. Шайх Саъдӣ дар ғазалиёташ аз ҳамин нигоҳ ишқро сутудааст ва ғазалҳои оламгир эҷод кардааст.
Саъдӣ на танҳо аз китоб ва устодонаш илму дониш омӯхтааст, балки таҷрибаи зиндагӣ, мушоҳидаҳои ҳаёти одамон дар рушду камолоти маънавии ӯ сарчашмаи муҳим гардиданд. Аз ин ҷост, ки образи инсон ва маънавиёти ӯ дар эҷодиёти шоир дар пояи олӣ меистад. Худи шоир инсони комил, инсони ҳақиқӣ аст ва ӯ ҳам инсони комилро мадҳу ситоиш кардааст.
Ба ақидаи Саъдӣ инсон гавҳари ноёб аст. Бояд инсонҳо бо якдигар дӯст, бародар, ғамхор бошанд.
Саъдӣ сифатҳои асосии инсонро тавсиф карда, ҷавонмардӣ, фазлу эҳсон доштани одамро таъкид менамояд…» (саҳ. 24-25).
Муаллифон андаке баъдтар батакрор навиштаанд:
«Мавзӯи ишқу муҳаббати инсонӣ дар ғазалиёти Саъдӣ мақоми воло дорад (болотар «мақоми аввал» дошт –Ю. А.). Гузаштагон ва имрӯзиён Саъдиро сарояндаи ишқи пок гуфтаанд, ки ин бесабаб нест. Асрҳост, ки қалби ошиқон аз сурудаҳои ошиқнавозу ҷонбахши Саъдӣ ғизои маънавӣ мегиранд…» (саҳ. 27).
Ин боб бо таҳлили сарсарии се ғазал чунин натиҷагирӣ шудааст: «Хулоса, шоир дӯстиро ситоиш карда, касонеро, ки дӯст доранд ва эшон рафиқони ҷонианд, саодатманд мешуморад ва мақсаду мароми зиндагиро дар ҳамин мебинад, дар ҳамин меҷӯяд ва инсонҳои покдилу покрӯзгорро ба ин ҷониб (?) ҳидоят менамояд» (саҳ. 29).
Дар ин иқтибосҳо ҳама масоиле, ки ба матолиби «Саъдӣ – паёмбари ғазал» мутааллиқ аст, ҳаст, вале ҷавоб ба саволи мушаххаси чаро Саъдӣ паёмбари ғазал аст, мавҷуд нест ва ҷое бо таҳлили ғазалҳои шоир собит нашудааст, ки бо ину он далелҳо Саъдӣ паёмбари ғазал дониста шудааст.
Ё худ тафовути ғазалиёти Ҳофиз аз дигарон, хоса устодонаш, ба сурати зайл аст: «Ҳофиз шоири ғазалсаро мебошад ва ин шакли шеърӣ дар эҷодиёти ӯ мақоми арзанда дорад. Беҳтарин афкори пешқадами ӯ низ дар ғазалиёташ инъикос ёфтаанд… Ҳофиз дар сурудани ғазал асосан пайрави шоирони бузурги гузашта Саъдӣ, Хоҷуи Кирмонӣ аст. Вале ӯ аз устодони худ пеш гузашта, шакли ғазалро ба дараҷаи олӣ расонидааст. (?)
Ғазалҳои ӯ ҳаҷман хурд, яъне аз 5 то 10 байт буда, бештари онҳо аз ҷиҳати сохти устухонбандӣ аз ғазалиёти шоирони пешин тафовут доранд. Як хусусияти ғазалиёти ӯ… аз сар то охир дар як мавзӯъ гуфта шудаанд… Дувум, ғазалҳое низ ҳастанд, ки ҳар байти онҳо мустақил буда, дорои маъноҳои гуногун мебошанд. Мавзӯи ғазалиёти шоир гуногун буда, дар онҳо умеду орзуи халқи меҳнаткашу ҷафодида… ба хубӣ инъикос ёфтааст» (саҳ. 178). Пурсида мешавад, ки дар куҷои ин сатрҳо адабиёт ҳаст?
Чунонки дида мешавад, муаллифон на ба ҷавҳару умқу моҳияту арзиш – ҳунари нигорандагӣ, чӣ навъ гуфтани андеша, балки ба зоҳири ғазалиёт ва мавзӯи онҳо, ба суханҳои умумии такрор таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, ки бесамару беҳадаф аст ва ба хонанда ба ҷуз ахбор, қариб чизе намедиҳад, дониши ӯро такмил намебахшад.
Бо истиқлолияти давлатӣ арзишҳои маънавию ахлоқӣ, адабӣ, ҳунарӣ, иҷтимоию сиёсӣ ба куллӣ дигар шуданд, вале «мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем», барои фарзандонамон китобҳои тадрисии ҷавобгӯи рӯзгори озодӣ ва истиқлолият наофаридаем. Ҳанӯз ба ҳамон тафаккури шахшудаи иҷтимоъгароии сирфу биниши куҳнаи дарки адабиёт машғулему кору зиндагӣ мекунем ва мекӯшем, ки аз адабиёти бадеӣ на ҷанбаи завқию ҳунарӣ ва зебоипарастӣ, балки ҷанбаи иҷтимоӣ, таърихӣ ва ё ягон шохаи дигари илм, аз ҷумла илми таъриху ҳисоб ва ҳар илми дигар омӯхтанӣ ва шинохтанӣ мешавем. Масалан, қисмат ё бобҳои «Адабиёти асрҳои XIII – XIV. Ҳаёти илмӣ ва маданӣ», «Вазъи ҳаёти адабӣ дар ин асрҳо» як навъ зикри хушку бетаъсир ва муғлақу норавони воқеаҳои таърих аст, ки хоси илми таърих ва ё илмҳои дигар аст.
Чунончи, муаллифон овардаанд: «Чингизхон дар таърихи башарият хунхортарин, ҷаллодтарин ва ғосибтарин сарлашкар гузаштааст… Қатли ом дар шаҳрҳои сераҳолии Самарқанд, Бухоро… ва кишварҳои Сурияву Ҳиндустон анҷом шуд. Кору рафтори (?) чингизиёнро Атомалик Ҷувайнӣ, Ёқути Ҳамавӣ дар асарҳои худ воқеӣ ба қалам додаанд… Темуриланг дар баъзе мавридҳо аз Чингиз ҳам гузаронд…
Академик Б. Ғафуров асарҳои таърихии гузаштагон ва ҳамасронашро омӯхта дар бораи ваҳшонияти Темур дар китоби «Тоҷикон» маълумоти пурарзиш додааст.
Дар бораи ин ду ҷаллод чӣ дар ҳамон замон ва чӣ дар асрҳои пасин асарҳои зиёди илмӣ ва адабӣ иншо шудаанд, ки дар бештаринашон симои ин ду сарлашкар воқеӣ ба қалам дода шудааст» (саҳ. 5-6).
Муаллифон барои исботи «воқеӣ ба қалам» овардану «маълумоти пурарзиш додан» ба ваҳшонияти Чингизу Темур дар нисбати тоҷикон далеле наовардаанд ва аз дасти ин хунхӯрону ҷаллодони башарият «саҳафоти замин аз хуни тоҷикон гулгун буд»-анро бо далелҳо собит накардаанд. Дар ин навиштаҳо таърихи фоҷиабору мотамзо ва моломоли ашку хун бо забони берангу норавон бедардона ва содалавҳона баён шудаанд, ки ба хонанда на танҳо таъсире надоранд, балки ӯро дилгиру хаста ва аз адабиёт дилсарду дилмонда мекунанд. Боби минбаъдаи ин китоб «Намуд, шакл, навъ ва жанрҳои адабӣ» унвон дошта, дар он аз ҷумла омадааст: «Дар асрҳои XIII ва XIV, яъне дар як давраи пурошӯбу фоҷиабор то андозае шамъи фарҳангу адаб фурӯзон буд (чаро? – Ю.А.) ва дар кулли намуд, шакл, навъ ва жанрҳои адабӣ нависандагон (?) асар эҷод кардаанд. Дар ин давра баъзе жанрҳои адабӣ нисбати (?) асрҳои пешин мақоми хешро аз даст дода (кадом жанрҳо ва чаро? – Ю. А.), теъдоди дигари навъҳои адабӣ ғановати бештар касб намудаанд», (ин «намуд, шакл, навъ ва жанрҳои адабӣ» кадомҳоянд ва аз ҳам чӣ тафовут доранд? – Ю.А.). Аз ин навиштаҳои муаллифон бармеояд, ки қасидаю рубоӣ, мухаммас, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, достону маснавӣ жанранду (ниг.: саҳ. 10, 11, 12…), масалан, ғазал шакл (-и адабӣ) ва ғайра. Аз диди муаллифони китоби дарсӣ миёни вожагон (истилоҳ)-и жанру шакл чӣ тафовуте ҳаст, ки масалан, рубоӣ жанру ғазал шакл номида шудааст? Дар саросари китоб ин номуайянӣ, тахминзанӣ, таваккалбаёнӣ ҳукмрон аст. Модом ки муаллифон тафовути ин истилоҳотро намедонанд ва пеши худ дақиқ накардаанд, чаро ин тахмину таваккалро сари хонанда бор кардаанду ӯро бо дурӯғгӯӣ талқин намудаанд?
Дар луғатҳо жанр навъ омадааст ва ғазалу қасидаю… маснавӣ навъи шеърӣ ҳастанд, аз намуду шакл сарфи назар бояд кард. Дар матни ин боб («Шакл, намуд…») ҷое аз навъҳои шеърӣ, адабӣ ёд нашудааст, вале дар қисмати «Савол ва супориш» омадааст: «10. Дар бораи навъҳои адабӣ маълумот диҳед». Муаллифон дар матн як чиз (жанру шакл…) мегӯянду аз хонанда чизи дигар (навъи адабӣ) тақозо доранд. Дар матн ғазал шакли адабӣ номида шудааст, вале дар «Савол ва супориш» чунин тақозо шудааст: «13. Сабаби инкишоф ёфтани жанри ғазалро Шумо дар чӣ мебинед? (Ба ин савол ҷавоб нест – Ю.А.) Модом ки муаллифон намуду шаклу навъу жанрро дақиқ муайян накардаву байни онҳо тафовуте қоил нестанд, хонандаи ноогоҳ ба ин савол чӣ гуна ҷавоб гӯяд?
Ҳамчунин дар саволҳои зайл диққати хонанда на ба дарки ҷавҳару моҳияти аслию зотии каломи мавзуну муқаффову мухайял ва каломи осмонӣ, ба умқ, балки ба масоили зоҳирӣ – мавзӯъ ҷалб шудаанд ва ба ӯ донистани мавзӯи асарҳо басандааст:
«12. Мавзӯи ғазал, рубоӣ ва қитъа аз чӣ иборат аст?
14. Дар ғазалиёти адибон кадом мавзӯъҳо бештар мавқеъ доштанд?
15. Рубоӣ ва қитъа бештар дар кадом мавзӯъҳо суруда шудаанд?
16. Мавзӯъҳои асосии адабиёти ин давраро номбар кунед…
20. Дар кадом мавзӯъҳо бештар асарҳои насрӣ иншо шудаанд?» (саҳ. 14).
Дар саросари китоб чунин «сабк»-у бинишу дарки адабиёт тасаллут дорад ва аз нигоҳи муаллифон барои хонанда донистани мавзӯи асари бадеӣ кофист.
Муаллифон дар фавқ зикр кардаанд, ки дар ин давраи пуршӯру ғамафзою мотамзою фоҷиабори адабиётамон «навъҳои адабӣ (кадомҳоянд он навъҳо? –Ю.А.) ғановати бештар касб намудаанд». Вале гуфта нашудааст, ки ба кадом сабаб кадом навъҳои адабӣ дар эҷодиёти кадом адиб «ғановати бештар касб намудаанд» ва намунаи беҳтаринашон кадоманд?
Аҷобат дар он аст, дар як соли хониши тадриси адабиёт дар мактаб эҷодиёти 16 адиб (дар ҳаҷми 364 саҳифа) омӯзонида мешавад. Вале дар панҷ мавриди зайл ҳифзи чанд панду як қитъаю ду ғазал, шеърҳои ватандӯстӣ ва андешаҳои Кошифӣ роҷеъ ба чигунагии шогирд тақозо шудааст:
«24. Панду андарзҳои дар китобатон овардаро (37-то) ҳифз намоед…» (саҳ. 59).
«16. Қитъаро (қитъаи Ибни Яминро – Ю. А.) ҳифз намоед» (саҳ. 156).
«14. Ғазали «Воизон»-ро ҳифз намоед ва гӯед, ки чаро воизонро мазаммат намудааст?» (саҳ. 200).
«11. Ғазали «Ошӯби ҷонӣ»-ро «ҳифз намоед», «…шеърҳои ватандӯстонаи Камолро ҳифз намоед» (саҳ. 218 – 219).
«21. Аз назари Кошифӣ шогирд бояд чӣ хел (чӣ сон – Ю. А.) бошад? Гуфтаҳои нависандаро ба гӯш бигиред ва ҳифз намоед» (саҳ. 311).
Аҷаб аст, ки хонанда дар тӯли як сол эҷодиёти 16 адибро «омӯзаду» танҳо аз чор-панҷ адиб як ё душеърӣ аз бар кунад ва чунин «омӯзиш», чунин тарзу усули дарку фаҳми адабиёт завқу салиқаи касро мекушад, бо роҳҳои ғалат мебарад.
Дар китоби мазкур омӯзиши эҷодиёту користони адабии 16 суханвар тавсия ё ҳатмӣ дониста шудааст ва дар тӯли 4 – 8 соат эҷодиёти як адиб «омӯхта» мешавад. Чунончи, «омӯзиш»-и «Саъдии Шерозӣ (1184 – 1292)» ба сурати зайл аст: «Рӯзгори шоир», «Сафар кардан – ҷаҳон дидан», «Рӯзҳои вопасини ҳаёти Шайх Саъдӣ», «Мероси адабӣ», «Қасоиди Саъдӣ», «Саъдӣ – паёмбари ғазал», «Бӯстон», «Гулистон», «Гуманизми Саъдӣ», «Мақоми панду андарз дар «Гулистон», «Нигоҳи Саъдӣ ба илму ҳунар», «Забон ва тарзи баёни Саъдии Шерозӣ», «Саҷъ ва навъҳои он», «Савол ва супориш» тақсимбандӣ шудааст.
Аз унвони бобҳо бармеояд, ки муаллифон хонандаро ғолибан на ба умқу аслу ҷавҳари шоҳкориҳо ва користони адабии шоирон, балки бештар ба зоҳири масъалаҳо, ба мавзӯъю мазмун, зиндагиномаи шоир ва қисмату бобҳои ҳар асар (масалан, «12. Мавзӯъҳои асосии ғазалҳои шоирро гӯед. 13. «Бӯстон» аз чанд боб иборат аст?» 16. «Гулистон» аз лиҳози мазмун чӣ гуна асар аст?», саҳ. 58) ҳидояту мутаваҷҷеҳ сохтаанд.
Саъдӣ паёмбари ғазал аст ва муаллифон аз хонанда тақозо накардаанд, ки ибтидо чанд ғазали паёмбарона аз бар кунанд ва донанду гӯянд, ки ғазали паёмбарона чӣ гуна аст, аз ғазали дигарон чӣ афзалият дорад? Хайрият, аз хонанда чунин тақозо низ шудааст: «24. Панду андарзҳои дар китобатон овардаро (37-то) ҳифз намоед, ки онҳо дар ҳар маврид ба шумо дӯсту ҳамдам мешаванд…» (саҳ. 59).
Табиист, ки чунин тарзи омӯзиши зоҳирӣ бесамар ва ё камсамар аст ва хонанда аз чунин усулу тарзи омӯзиш асосан ба мавзӯъву мундариҷа, номгӯю миқдори асарҳо, навъҳои адабӣ ва хусусияти онҳо, бобу қисматҳои асарҳо… «меомӯзад», ки дар зиндагӣ ба кор намеояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.07.2014 №: 130 Мутолиа карданд: 3232