маориф
МАКТАБҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ БА УМУМӢ ТАБДИЛ МЕЁБАНД
Соли хониши ҷорӣ 1 375 наврасон аз таҳсил дур монданд. Дар ин бора Саид Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, зимни нишасти матуботӣ иттилоъ дод. Ба гуфти ӯ ин наврасон асосан онҳоеанд, ки нуқсони ҷисмонӣ - рӯҳӣ доранд ва волидайнашон ба онҳо иҷозаи таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро намедиҳанд.
- Баъзе мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маъмулан аз 13 то 20 хонанда доранд. Барои рафтан ба ин мактабҳо бояд то 30 километрро тай кунанд. Сарварони аксарияти оилаҳо дар ин ҳол намехоҳанд, ки духтарони онҳо ба мактаб раванд. Бо мақсади фарогирии мунтазами наврасон ба таҳсил, бахусус духтарони манотиқи дурдаст тадбирҳои зарурӣ андешида истодаем. Дар вилояти Хатлон 15, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 ва Суғд 26 мактаби таҳсилоти ибтидоиро ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил додем. Феълан дар Тоҷикистон 97 % хонандагон ба таълим фаро гирифта шуданд, танҳо 3 % аз таълим дур монданд. Соли хониши гузашта 2 630 нафар хонанда аз таҳсил дур монда буданд, - иброз дошт вазири маориф ва илм. Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ тибқи нақша дар мактабҳои олии Тоҷикистон 41 ҳазор донишҷӯ қабул карда мешавад. Гузашта аз ин 6 999 донишҷӯи тоҷик ба мактабҳои олии хориҷи кишвар қабул карда шуданд.
Ҳарамгули ҚОДИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.07.2014 №: 130 Мутолиа карданд: 1468