logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЭВЕЛИН ВИДМЕР - ШЛЮМПФ

8 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Департаменти федералии молияи Швейтсария хонум Эвелин Видмер-Шлюмпфро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориву ҳамшарикии Тоҷикистону Швейтсария изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: “Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем ва ба густариши робитаҳо бо он таваҷҷуҳи хос дорем”.
Қаноатмандӣ, аз ҷумла аз ҳамкории ду кишвар дар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва Созмони умумиҷаҳонии савдо ва ҳамчунин аз машваратҳои сиёсии дуҷониба, ки аз соли 2009 ба ин сӯй ҳар сол ба роҳ монда мешаванд, изҳор гашт.
Бо дастгирии молиявии Швейтсария дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор амалӣ шудаанд, ки ба гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ ва макроиқтисод, инфрасохтор, энергетика, тандурустӣ, таъмини об, муҳоҷирати корӣ ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ равона гардидаанд. Ҳоло 10 лоиҳаи дигар ба маблағи 67 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад ва ояндаи наздик афзоиши шумораи чунин лоиҳаҳо ва ҳаҷми сармоягузорӣ дар назар аст.
Швейтсария ҳамчунин “шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон” номида шуд, зеро гардиши савдои дуҷониба дар панҷ моҳи соли равон 141 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пеш 4,3 маротиба ва нисбат ба тамоми соли 2013 1,7 маротиба зиёд аст.
Гуфтугӯйи судманд доир ба ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон аз Швейтсария ва дигар кишварҳои Аврупо ва ҷаҳон ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ низ сурат гирифт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.07.2014    №: 130    Мутолиа карданд: 1378
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед