маориф
ДМТ: 180 НАФАР СОҲИБИ ДИПЛОМИ АЪЛО ГАШТ
Абдусалом Миралиев, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зимни нишсти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки вобаста ба талаботи замон ва бозори меҳнат дар нимсолаи сипаригашта дар заминаи факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо кафедраҳои забонҳои аврупоӣ (бо фарогирии забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ) ва дар факултаи тиббию фармасевтӣ кафедраи ташхиси тиббӣ, электроникаи тиббӣ, асосҳои тайёрии тиббӣ, технология ва биотехнологияи фармасевтӣ таъсис ёфт. 6 нафар донишҷӯи донишгоҳ дар олимпиадае, ки миёни донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи 12 самти илм баргузор гардид, соҳиби ҷойи якум гардиданд. Дар олимпиадае, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон миёни донишҷӯён баргузор шуд, 7 нафар ҷойи аввалро сазовор шуданд.
20 нафар аспиранту унвонҷӯ ва докторони илм корҳои илмӣ – таҳқиқотиашонро анҷом дода, рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя намуданд.
Донишгоҳро имсол аз рӯи се зинаи таҳсил: бакалавр, мутахассис ва магистратура 3147 нафар хатм намуданд. Аз ин шумор 180 нафар соҳиби дипломи аъло гардид.
Дар посух ба саволи хабарнигорон зикр гардид, ки донишгоҳ ба мақсади қабули довталабон ба Маркази миллии тестӣ 4132 ҷой пешниҳод намудааст, ки аз он 1065 буҷавӣ ва боқӣ шартномавӣ мебошад. Аммо саволи матраҳ он аст, ки ин миқдор довталаб оё метавонанд ба донишгоҳ роҳ ёбанд?
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.07.2014 №: 131 Мутолиа карданд: 1439