мулоқотҳо
САФИРИИ УРМАТ САРАЛАЕВ АНҶОМ ЁФТ
8 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаевро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Қирғизистон суҳбати судманд сурат гирифт.
Урмат Саралаев изҳор дошт, ки бо истифода аз таҷриба ва равобите, ки дар Тоҷикистон касб кардааст, минбаъд низ барои таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя саҳми худро мегузорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.07.2014 №: 131 Мутолиа карданд: 1212