logo

маориф

ПЕШАИ ҒАЙРИИНТИЗОР

Интихоб амал асту орзу хаёл. Амал маънии ҳаёт ва асли касб аст.  Амал аст, ки инсонро ба  касб пайванди якумрӣ мебахшад.  Кам нест, касбҳое,  ки шахс ҳангоми интихоб аз онҳо сарфи назар карда буд, аммо қисмат ин саркаширо рад кард.

Хотима Касирова ҳеҷ гоҳ интизор набуд, ки фаъолияти касбии минбаъдааш ба таълиму тарбияи кӯдакони маъюб, ношунаво ва нобино  равона мегардад, ҳамон қишре, ки эҳтиёҷ ба дастгирии бештар дорад. Ӯ аз соли 2011 то ба ҳол  дар вазифаи директори мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони кари ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият дорад. Дар ин муассиса ҳоло 275 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Мегӯяд, ки аввалин иқдоми анҷомдодааш дар ин муассиса аз байн бурдани пардохти  маблағ аз падару модарони хонандагони маъюб буд.
- Қаблан ҳар моҳ аз волидайн 30 сомонӣ «барои нигоҳубини хуб» ҷамъ мекарданд. Дар ҷаласаи аввалин бо иштироки омӯзгорон ва волидайни хонандагон, ин «ғамхории пулӣ»-ро қатъ кардем. Баръакс мо бояд ба ин қишри ҷомеа хайр намоем, зеро онҳо маъюбанд. Маъюбон зери сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифтаанд ва ҳеҷ нафар суистифода аз ҳуқуқҳои маъюбии онҳоро надорад. Вазифаи инсониву имонӣ ва қонуниву иҷтимоии мо кумак ба онҳост. Пешниҳод шуд, ки агар минбаъд омӯзгор, мураббия аз волидайн барои таълими хонандагон маблағе мегирад, аз рӯи чунин кирдораш ба мақомоти салоҳиятдор муроҷиат карда мешавад. Илова бар ин волидайн ҳам агар дар рӯзи зодрӯзи фарзанд хоҳиши тақдими ҳадяе дошта бошанд, иҷрои он  бо иҷозати роҳбарият дар доираи ҳамсинфон сурат мегирад.
Муаллимае байни шогирдон бо табассум суҳбат мекард, ҳатто давоми ним соати мушоҳидаи мо номи чанд нафар шогирдонро гирифт ва аҳволпурсӣ кард. Фикр кардем, ки омӯзгори ҷавон ё коромӯз аст, аммо аз тарзи муошират бо хонандагон бардошт дигар буд.
- Табиист, ки шогирдони мо қобилияти шунидан ва гуфтан надоранд. Бе иҷозат  ё бесарпараст  ба кӯча бароянд, мумкин аст дучори мушкилот гарданд. Ҳатто шабона  низ аз онҳо дар хавотирам. Ҳамеша телефони  ҳамроҳ ва симин дар хонаам  фаъол аст. Вақте садои телефон баланд мешавад, аввал шумораи воридотиро мебинам. Агар аз мактаб ё ҳамкорон бошад,  хавотир мешавам... На танҳо назди волидайн ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки сарпарасти бевоситаи онҳост, ҷавобгӯем. Ин аст рисолати  ҳар лаҳзавии мо дар ҳаёту кор. Боз лаҳзае ҳаст, ки хавотир ва заҷри моро кам мекунад, ин ба камол расидан ва соҳибкасб шудани онҳо.
Воқеан, таълиму тарбияи онҳое, ки намешунаванду ҳарф зада наметавонанд,  нисбат ба онҳое, ки мешунаванду ҳарф мезананд, сангин аст. Дар баробари нуқсони табиӣ ду омили муҳим, назорат, муошират ва таъмини шароити моддиву маънавии ин атфол дар мактаб барои омӯзгорон масъулияти бештар талаб мекунад. 
Ба духтарон касбҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ, гулдӯзӣ ва ба писарон сартарошӣ, кулолгарӣ, мӯзадӯзӣ, кандакорӣ ва ғайраро меомӯзонанд. Хатм-кунандагоне, ки қобилияти хуб доранд, метавонанд таҳсилро дар  факултаи сурдопедагогии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ идома дода, омӯзгори касбӣ шаванд. 
-Барномаи  «Дастони гӯё»-ро таҳия кардем, ки хонандагон бо даст-ишора суҳбат карданд. Кӯшиш кардем, ки  ҳунару истеъдоди хонандагон ба маърази тамошо гузошта шавад.  Барнома 1-июн дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон пешниҳод гашт. 
Хотима Касирова  аз соли 1999 омӯзгор аст. Фаъолияти кориро дар ноҳияи Восеъ шурӯъ кардааст. Ин ҷо фаъолияти педагогии худро такмил дода,  ғолиби озмуни «Муаллими сол» гардид.  Ин талошу қадрдониҳо азми муаллимаи ҷавонро қавитар кард.  Баъдан  бо назардошти лаёқату кордонӣ ӯро ба Вазорати маориф ва илм  аз тариқи озмун ба  кор даъват намуданд. То соли 2011-ум  ба ҳайси сармутахассис дар раёсати таҳсилоти томактабӣ,  миёнаи умумӣ ва  таҳсилоти миёнаи касбии вазорат кор кард.
О. АБДУСАТТОР,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2014    №: 132    Мутолиа карданд: 2631
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед