маориф
МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БА ҶОЙИ КОР ҲОЗИР ШУДАНД
Аз моҳи январ то имрӯз аз 1497 нафар мутахассиси ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил карда, донишгоҳро хатм намуданд, танҳо 8 нафарашон ба сабабҳои гуногун ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, - гуфт дар нишасти матбуотӣ Бобоҷон Самиев, муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.
Дар давраи сипаригашта устодон 2 рисолаи докторӣ ва 4 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Беш аз 40 нафар барои дифои рисолаҳои номзадӣ ва 8 нафар барои ҳимояи рисолаи докторӣ омодаанд. Устодони донишгоҳ 2 монография, 10 китоби дарсӣ, 37 дастури илмӣ - методӣ ва 565 мақолаҳои илмӣ нашр намуданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки донишгоҳ ба Маркази миллии тестӣ барои 2273 довталаб ҷой пешниҳод кардааст ва то имрӯз 4 ҳазор довталаб ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоридааст.
Бобоҷон Самиев дар посух ба саволи хабарнигори рӯзнома гуфт, ки дар донишгоҳ соли 2011 Парки технологӣ ташкил гардид. Дар сохтори он коргоҳи қаннодӣ, дӯзандагӣ ва чӯбтарошӣ таъсис дода шуд. Азбаски он тибқи талабот сохтори алоҳида нест, то ба имрӯз барои рушди парк донишгоҳ маблағ ҷудо накардааст.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2014 №: 132 Мутолиа карданд: 1487