logo

мулоқотҳо

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Иззатуллоҳи Зарғомӣ

18 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон  Иззатуллоҳи Зарғомиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаи фарҳангу иттилоот, аз ҷумла телевизион,  радио ва синамо, баррасӣ шуданд.
Иззатуллоҳи Зарғомӣ дар оғоз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри сӯҳбати пурмӯҳтавояш бо намояндагони Порлумони Аврупо ва пуштибонӣ аз ҳуқуқу манофеи  Ҷумҳурии Исломии Эрон арзи сипос намуд.
Дар мавриди робитаҳои дуҷониба таъкид гардид, ки умумиятҳои фарҳангӣ, аз ҷумла таърихӣ, забонӣ ва динии ду кишвар худ заминаи мусоиде аст барои рушди ҳамкориҳои густурда дар ин самтҳо.
Ҳар ду ҷониб бар он таъкид доштанд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Эрон баҳри таҳия ва тавлиди маводи муштараки телевизионию радиоӣ ва синамо, омӯзиши мутахассисони ҷавон ва дар дигар самтҳо бояд ҳамкориро тақвият диҳанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи омодагӣ ба ифтитоҳи телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

Х Х Х
Иззатуллоҳи Зарғомӣ, раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки ман ба ҷаноби Раиси ҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон барои суханронии бисёр арзишмандашон бо намояндагони Порлумони Аврупо ва пуштибониашон аз ҳуқуқу манофеи кишвари мо, ки «бо Эрон танҳо бо василаҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама гуфтушунид, муносибат бояд кард»,- миннатдорӣ баён кардам.
Мо бо Ҷаноби Олӣ дар мавриди ҳамкориҳои густурдаи Созмони садо ва симои Эрон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти робитаҳои фарҳангию иттилоотӣ, омӯзиши мутахассисони ҷавон дар Донишгоҳи садо ва симои Эрон, таҳияи барномаҳои муштарак мубодилаи афкор намудем.
Иззатуллоҳи Зарғомӣ дар мавриди ифтитоҳи телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон ибрози назар намуда, гуфт, ки ахиран Оинномаи иҷроии роҳандозии шабакаи мазкур тавассути Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон барои мо ирсол шуд, ки онро мавриди омӯзиш қарор додаем.
Умед дорем, ки Оиннома дар ояндаи наздик дар иҷлосияи кумитаи муштарак ба  тасвиб мерасад.

Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2197
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед