logo

мулоқотҳо

Тарафҳо изҳори омодагӣ намуданд

18 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимовро, ки дар раъси ҳайати Ӯзбекистонии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамзамон бо ин Комиссия дар Душанбе ҳайати байниҳукуматии ду кишвар оид ба баррасии масоили сарҳади давлатӣ низ иҷлоси худро баргузор намудааст, ки ҳамин тариқа дар доираи фаъолияти ин ду комиссия куллияи масоили дуҷониба баррасӣ шуданд. 
Дар мулоқоти Сардори давлат ва Раиси ҳайати мамлакати ҳамсоя масоили беҳтарнамоии муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба ҳаллу фасли масоили вобаста ба истифодаи захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон, муайяннамоии хатти сарҳади давлатии миёни ду кишвар, рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодию тиҷоратӣ ва як теъдод масоили мавриди нигаронӣ, аз ҷумла мушкилоти раводиду интиқоли транзитии мавод, таваҷҷӯҳи асосӣ зоҳир карда шуд.
Ҳар ду ҷониб таъкид бар он дошт, ки ҳамаи масоили баҳсталаби миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бояд бо назардошти анъанаҳои неки дӯстиву ҳамкориҳои чандинасра ҳаллу фасл шаванд.
Тарафҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки Аҳдномаи қитъаҳои мувофиқатшудаи сарҳади ҳар ду кишварро дарбаргиранда ҳарчӣ зудтар дар порлумонҳои ҳар ду кишвар ба тасвиб расанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2278
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед