logo

номаҳо

Шахсони масъул огоҳ шуданд

Мақолаи сардабири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Ҳ. Ализода, ки бо унвони «Хатлон. Асри чанд?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» шумораҳои 14-15 (21521-522), аз 24 январи соли 2009 чоп шудааст, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Бо камоли таассуф бояд зикр кард, ки нисбат ба қабули муаллифи мақола аз тарафи шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят нофаҳмӣ зоҳир гардидааст. Бинобар ин шахсони масъул огоҳ карда шуданд. Инчунин ба тамоми кормандони дастгоҳи раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дастур дода шуд, ки дар оянда ҳангоми қабул ва сӯҳбат бо муроҷиаткунандагон тартиби қабулро қатъиян риоя намоянд.
Кормандони мақомот, аз раиси вилоят ва муовинони ӯ, то мудирони шӯъбаҳо, сардорони идораҳо, раисони кумита, раёсатҳо ва хизматчиёни қаторӣ водор карда шуданд, ки ҳамеша кӯшиш намоянд ашхоси муроҷиаткунандаро дар вақти муайян қабул ва барои ҳалли мушкилоташон ба онҳо кӯмак расонанд.
Бо қарори раиси вилоят ҷадвали рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби раис ва муовинони ӯ тасдиқ гардидааст, ки ҳоло он пурра риоя мешавад. Мавриди зикр аст, ки раиси вилоят ҳар се моҳ нишастҳои матбуотӣ доир менамояд, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма фаъолона ширкат меварзанд ва натиҷааш дар матбуот дарҷ мегардад. То имрӯз аз рӯи суолҳо, дархост ва таклифу пешниҳодҳои журналистон, ки дар ҷараёни нишастҳо баён гардидаанд, чораҳои амалӣ андешида, корҳои зиёдро ба сомон расониданд. Чунин тартиб дар оянда низ риоя хоҳад шуд.
Зарур аст тазаккур диҳем, ки проблемаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят хеле зиёд ва доираи корҳое, ки ҳамарӯза бояд аз тарафи роҳбарон ба ҷо оварда шаванд, басо васеъ аст. Бинобар ин як қисми вазифаҳо ба ӯҳдаи муовинони соҳавии раиси вилоят вогузор гардидаанд.
Дар хотима иттилоъ медиҳам, ки дари дафтари кории раиси вилоят ҳамеша ба рӯи намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамаи онҳое, ки бо ин ё он масъалаи муҳиму аҳамиятнок, фарогири манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии вилоят нигаронида шудаанд, кушода аст.

Ғ. АВЗАЛОВ,
раиси вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3372
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед