номаҳо
«Аҷаб баҳона, чун дар фасона»
Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мақолаи «Аҷаб баҳона, чун дар фасона»-ро, ки 23 декабри соли 2008 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат аз 28 сентябри соли 2007 қарори кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Орҷоникидзеобод аз 30.01 1992 «Дар бораи ҷудо намудани замини ғайрикишоварзӣ ба Институти давлатии санъати Тоҷикистон барои сохтмони истироҳатгоҳ» бекор карда шудааст. Дар мактуби донишкада зикр гардида, ки дар қитъаи замин машқҳои таълимӣ доир мешаванд, вале дар асл бо қарори кумитаи иҷроияи шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Орҷоникидзеобод замини мазкур ба мақсади сохтмони минтақаи истироҳатӣ ҷудо гардидааст.
Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки майдони 1,30 гектар қитъаи замини ҷудошуда ба донишкада мувофиқи мақсад истифода нагардидааст ва дар ин асос бо назардошти моддаи 37-и Кодекси замини ҷумҳурӣ ин қарор бекор карда шудааст. Инчунин донишкада талаботи моддаҳои 15 ва 17-и Кодекси замини ҷумҳуриро риоя нанамудааст, яъне то ҳол қитъаи замини мазкур дорои асноди ҳуқуқи истифодаи замин набуда, дар мақомоти маҳаллии заминсозӣ сабт нашудааст. Аз қитъаи замини мазкур бо қарори раиси шаҳри Ваҳдат аз 18 марти соли 2008 барои сохтмони истироҳатгоҳ дар масоҳати 0,70 гектар ба Гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В.» ҷудо гардидааст ва қитъаи замини боқимонда дар фонди махсуси ноҳия мебошад.
Бояд зикр намуд, ки масъалаи мазкур дар Суди иқтисодии ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад.
М. ЗОКИРОВ,
директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3155