logo

маориф

ҶИРГАТОЛ: ХОНАНДА БИСЁР, МАКТАБ КАМ

Дар  ноҳияи Ҷиргатол солиёни охир сохтмону таъмири аксар макотиби таҳсилоти умумӣ тариқи ҳашар сурат мегирад. Дар ин амали хайру савоб ҳатто имомони масҷидҳо низ  муваззаф шудаанд.  Масалан,  баҳори соли ҷорӣ барои бунёди мактаб ва синфхонаҳои иловагии чанд мактаби ноҳия   ҳар масҷиди ҷамоавӣ 500 сомонӣ супурдааст. Пирмуҳаммад Абдусатторов, мудири шуъбаи маориф ва илми ноҳия,  гуфт, ки  дар давоми чанд соли охир аксари мактабҳо ва синфхонаҳои бунёдгардида ба тариқи ҳашар ва аз ҳисоби маблағҳои гирдовардаи Ассотсиатсияи падару модарони ноҳия сохта шудаанд. Имсол бо ёрии дастаҷамъонаи падару модарон  як  мактаби нав ва дар  10 мактаби дигар синфхонаҳои иловагӣ   бунёд гардиданд. Алҳол дар деҳаҳои Сарғуй,  Озодагон ва маркази Ҷамоати деҳоти Сурхоб сохтмони биноҳои нави мактаби ибтидоию  таҳсилоти умумӣ идома дорад. Дар Қаракенҷа, Калтаблоқ ва дигар рустоҳои дур бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар ҳоли анҷом аст ва дар арафаи соли нави хониш мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Чунин ҳол саволе ба миён меорад, ки оё ба тариқи ҳашар ва ҷамъоварии маблағ аз мардум метавон маорифро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошт? Яъне бо андак пули мардум идораи маорифи ноҳия то кадом сатҳ метавонад навоқису мушкилоти соҳаро бартараф намояд?
Сокини ноҳия Муҳаммадиёри Суннатулло дар ин хусус изҳор намуд, ки аксари чунин пулғундориҳо ва ташкили ҳашарҳо иҷборӣ сурат мегиранду қисми бештари мардум аз ин кори масъулон чандон ризо нестанд. 
Масъулони  мақомоти ноҳия бар онанд, ки  маблағгузории нокифоя дар ин самт онҳоро  водор менамояд, ки барои таъмиру сохтмони макотиб  ҳашарҳо  ташкил  намуда, аз падарону модарон ёрии пулӣ пурсанд.
- Баъзе мактабҳои деҳот аз макони зисти хонандагон хеле дуранд. Дар фасли зимистон ба дабистон рафтан барояшон ниҳоят мушкил аст. Махсусан, ба хонандагони синфҳои  ибтидоӣ.  Аз ин рӯ, барои ҳалли масъала бо дастгирии падару модарон сохтмони баъзе мактабҳои ибтидоӣ ва синфхонаҳои иловагӣ  роҳандозӣ шудаанд.
Имрӯз системаи дарсгузарӣ ва таҳсил барои хонандагон шароити муосири мактабдориро тақозо мекунад. Барои ба чунин сатҳи таҳсилот  расидан бояд мактабҳое  бунёд гарданд, ки ба талабот ҷавобгӯ бошанд. Ҳоло ноҳияи Ҷиргатол ба мактабҳои нави муосир  ниёз дорад. Аммо барои бунёди як мактаби замонавии бо васоити техникӣ муҷаҳҳаз миллионҳо сомонӣ маблағ лозим аст, ки тавоноии маблағи онро буҷети маҳаллӣ надорад. Маблағҳои калонро танҳо мақомоти болоӣ метавонанд барои маорифи ноҳия ҷудо намоянд. Бо пули ночизи падару модарон ва ташкили ҳашарҳо бунёди мактабҳои муосир амри маҳол аст,  - гуфт дар хотимаи суҳбат Пирмуҳаммад Абдусатторов.
Ёдовар мешавем, ки маблағҳои нокифояи ҳар сол ҷудо мешуда ба ҳалли масъалаҳои мубрами мавҷуда дар соҳаи маорифи ноҳия мусоидат нахоҳанд кард. Зеро тармиму таъмири ҷузъӣ дер ё зуд хароб шуда, боиси харҷи дубора мегардад. Ба замми ин дар макотиби куҳнаи таъмирталаб имрӯз теъдоди аз меъёр зиёди хонандагон таҳсил мекунанд. Мутобиқи тарҳ ин мактабҳо барои 300 – 400 хонанда сохта шудаанд, вале аз ночорӣ алҳол дар онҳо бештар аз 500 – 600 нафар хонанда таҳсил мекунанд.  Агар чунин вазъ дар мактабҳои ноҳия минбаъд  идома ёбад, пас стандарти таҳсилоти Вазорати маориф ва илми кишвар  аҳамияти хешро ҳифз мекарда бошад?

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2014    №: 137    Мутолиа карданд: 1422
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед