logo

порлумон

ИҶЛОСИЯИ 18-УМИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛӢ БАРГУЗОР ШУД

17 июл дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир шуд. Аъзои Маҷлиси миллӣ 52 масъалаи муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.
10 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» матраҳ ва ҷонибдорӣ шуданд. Қонунҳои мазкур бо мақсади такмил, мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии соҳибкорӣ, рушди соҳаи бонкдорӣ, муқовимат бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таҳия гардидаанд.
Номи баъзе маҳалҳои ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Хуросон, Восеъ, Бохтар ва Шӯроободи вилояти Хатлон ва ноҳияи Файзобод тағйир пазируфт. Зикр шуд, ки ин тадбир бо мақсади покиза нигоҳ доштани забони давлатӣ, эҳёи номҳои таърихии маҳал ва гиромидошти ёди фарзандони фарзонаи миллат андешида шудааст. Дар асоси пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Исроилов розигӣ доданд.
А. САЙВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2014    №: 138    Мутолиа карданд: 1503