маориф
А. СОЛИЕВ: БОНКИ ХУРДИ ТАЪЛИМӢ ТАЪСИС МЕЁБАД
Ашӯрбой Солиев, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки 12 ятим ва 6 маъюби дараҷаи якум, ки дар донишкада таҳсил менамоянд, аз маблағи пардохти таҳсил пурра озод шуданд ва 6 нафари онҳо ройгон ба хобгоҳ таъмин гардиданд. Барои муҳассилини зинаи бакалавр ду ихтисоси нав: аудит ва ревизия, молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таъсис ёфт. 159 донишҷӯи шуъбаи рӯзона ва 98 донишҷӯи шуъбаи ғоибона бо сабабҳои гуногун аз донишгоҳ хориҷ шуданд.
Ин муддат аз ҷониби устодон 8 монография, 7 китоби дарсӣ, 32 воситаи таълимию дастури методӣ ба чоп омода гардид. Бо 7 муассисаи таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар назар аст, ки дар доираи ин ҳамкориҳо донишҷӯён дар донишгоҳҳои давлатии Санкт - Петербург, Қазон, Пскови Русия, Сензяни Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсили илм намоянд.
- Донишҷӯён аллакай тариқи озмун интихоб гардиданд, - гуфт ректори донишкада.
Таъсиси бонки хурди таълимӣ ва муҷаҳҳаз намудани ҳамаи синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ ва таъсиси корхонаҳои хурд дар доираи Парки технологӣ аз ҷумлаи нақшаҳои минбаъдаи донишкада мебошанд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.07.2014 №: 140 Мутолиа карданд: 1437