logo

мулоқотҳо

CASA - 1000 СОЛИ 2017 МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР МЕГИРАД

21 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷа Осиф Муҳаммад – вазири федеролии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, дар ин дидор масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар, бахусус дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бар пояи гузориши манбаъ, зимни мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ  ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон неруи барқ интиқол хоҳад дод, зоҳир шудааст.
Хоҷа Осиф Муҳаммад, вазири федеролии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки баъд аз мулоқот бо Президенти мамлакат дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, аз таъсиси комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика хабар дод. Зикр шуд, ки таҳияи санадҳову дарёфти роҳҳои бештари тавсеаи ҳамкориҳо ва истифодаи босамари иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ, дар оянда интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон меҳвари асосии фаъолияти комиссияи муштарак хоҳад буд. Хоҷа Осиф Муҳаммад, изҳор дошт, ки феълан ҳайати комиссия талош дорад, то замони ташрифи Навоз Шариф, Сарвазири Покистон, ба Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст, ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкорӣ омода ва барои тасвиб пешниҳод шаванд.
Вазири федеролии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар робита ба вазъи кунунии татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA-1000 гуфт, ки феълан санадҳои ниҳоӣ миёни иштирокчиёни татбиқи ин тарҳ дар ҳоли мувофиқа қарор дошта, интизор меравад ояндаи наздик кашидани хатти интиқоли неруи барқ оғоз шавад. Дар ҳамин ҳол, қарор аст татбиқи лоиҳа то соли 2017 анҷом ёфта, мавриди истифода қарор гирад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2014    №: 140    Мутолиа карданд: 1386
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед