маориф
САНЪАТИ ДИЗАЙН БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар заминаи шуъбаи рассомии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъсис ёфта, як сол боз фаъолият дорад. Аз ин рӯ, нишасти матбуотиро якҷоя бо кормандони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии ҷумҳурӣ гузаронд.
Ғанизода Ҷамшед, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, гуфт, ки донишкада ба донишҷӯён аз рӯйи 21 ихтисос - санъати муҷассамавӣ – ороишӣ, санъати ороиши амалӣ ва ҳунарҳои халқӣ (заргарӣ, наққошӣ, кандакорӣ), тармими асарҳои санъати ороишӣ – амалӣ, дизайн аз рӯйи самтҳо - мебел, экспозитсионӣ, интерер, графикӣ, реклама, либос ва матоъ, меъмории манзаравӣ, Web – дизайн ва графикаи компютерӣ (барномасоз) таълим медиҳад. Инчунин факултаи санъати тасвирӣ аз руйи ихтисосҳои санъатшинос, дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, натиҷаи тасвирии филм (рассоми театр, кино ва телевизион) ва ғайраро ба роҳ монда, раванди таълим тариқи низоми кредитӣ мебошад. Шумораи донишҷӯён 89 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 41 нафарашон духтарон мебошанд. Давраи санҷишу имтиҳонро 11 нафар донишҷӯ бо баҳои аъло, 38 нафар бо баҳои хубу аъло ва 11 нафар бо баҳои миёна хатм карданд. Дар ин давра ҳамчунин шуъбаи тайёрӣ ва маркази бачагонаи рассомӣ ташкил ёфта, бо ҷалби довталабон фаъолияташро оғоз намудааст.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди соҳаи фарҳанги кишвар, фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон қарор гирифта, зикр шуд, ки айни ҳол санъати дизайн беҳбудӣ мехоҳад.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2014 №: 143 Мутолиа карданд: 1754