logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЧЖАН СИНФЭН

29 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Синфэнро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар самти ҳамоҳангсозии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.
“Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои худ, ки аз Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай доир ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ бармеояд, ҳамеша устувор аст ва барои таъмини амну суботи минтақавӣ бо ҳамаи шарикони худ ҳамгироии пурсамар ба роҳ мондааст”, - таъкид варзид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Бо таваҷҷуҳ ба авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои он, аз ҷумла изҳор гардид, ки натанҳо бо худи терроризм, балки бо омилҳои ба он мусоидаткунанда низ мубориза бояд тақвият дода шавад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор дошт: “Кумак расондан ба Афғонистон дар роҳи табдил додани он ба кишвари орому осуда ва давлате, ки рушду тараққиёти худро бе истеҳсоли маводи мухаддир таъмин намояд, ба манфиати ҳамаи мо аст”.
Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, зоҳир гардид.
Чжан Синфэн ба ҷараёни раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва сохторҳои он баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки чораҳои дар ин сол амалишаванда ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, аз ҷумла дар самти муборизаи муштараки зиддитеррористӣ мусоидати фаъол мекунад.
Изҳори умед карда шуд, ки нақши Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай беш аз пеш боризу муассир мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2014    №: 144    Мутолиа карданд: 1163
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед