logo

паёмҳо

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 16-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 феврали соли 2009

Рафиқон генералҳо!
Афсарон ва сарбозон!

Имрӯз ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 сол пур мешавад, ки ба ин муносибат ҳамаатонро табрику таҳният мегӯям. Бояд ҳамеша дар  хотир дошт, ки баробари соҳиби Истиқлолияти давлатӣ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин иқдоми Ҳукумати кишвар, сарфи назар аз ҳама мушкилот, ба вуҷуд овардани Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Зеро ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест. Чунин артиш сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб мешавад.
Ҳукумати кишвар бо назардошти вазъияти тағйирёбандаи ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳони имрӯза ба таъмини моддӣ-техникӣ, пуррагардонии сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар эътибори хоса медиҳад. Дар ин ҷода, аз як тараф бо роҳи ташкил, пуррагардонӣ ва ҷобаҷогузории қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар самти муҳими ҳарбӣ-стратегӣ, аз тарафи дигар бо роҳи муҳайё сохтани шароити мусоид барои сарбаландона иҷро намудани вазифаҳо дар ҳама ҳолатҳои фавқулодда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Ҷавонони мо бояд қарзи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият иҷро намоянд.
Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.
Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад. 
Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати 16-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба шумо сиҳатию саломатӣ, рӯзгори хуш, осмони соф, хушбахтии оилавӣ ва дар ҳифзи Ватан бурдбориҳо орзу менамоям.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 9474
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед