маориф
107 НАФАР БО КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДОНИШҶӮ ШУД
Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки донишгоҳ дар давоми 75 соли мавҷудияташ беш аз 36 ҳазор мутахассиси соҳибмаълумотро тарбия намудааст ва ҳоло қариб 10 ҳазор нафар дар хориҷи мамлакат фаъолият дорад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон 631 нафар буда, синни миёнаи онҳо ба 45 баробар аст. Дар донишгоҳ 7414 донишҷӯ, аз ҷумла 770 нафар тибқи квотаи президентӣ ва 402 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Назар ба гуфтаи ректор, имсол 1148 нафар, аз ҷумла 73 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кард. Аз рӯи ҷамъбасти хатми имтиҳонҳои давлатӣ сифати таълим имсол ба 72 фоиз ва дараҷаи омӯзиш ба 99,7 дарсад расид, ки ин нишондиҳандаҳо натиҷаи беҳтарин дар давоми солҳои охир ба шумор мераванд.
Дар ин давра дар Озмоишгоҳи марказии илмӣ - тадқиқотӣ 1190 озмоиш гузаронда шуд. Кормандони озмоишгоҳ якҷо бо муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 11 нафар бемор усули табобати ҳуҷайрадармониро бомуваффақият анҷом доданд.
Дар кафедраҳои соҳаи ҷарроҳӣ 7786 амалиёти гуногунҳаҷм ба иҷро расид. Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ ба 7974 ниёзманд ва Маркази таълимию клиникии «Стоматология» ба 793 бемор кумаки ташхисию табобатӣ расонданд.
Убайдулло Қурбонов гуфт, ки имсол дар асоси нақша ба донишгоҳ 1410 донишҷӯ қабул карда мешавад.
Дар натиҷаи озмуни қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ то 15 июли соли равон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 107 нафар (71 духтар, 36 писар) донишҷӯ шуд.
Мунаввари САФАР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.07.2014 №: 145 Мутолиа карданд: 1429