logo

туризм

«ПОМПЕИ ХУРД» - МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ БУЗУРГ

Панҷакент аз нигоҳи моҳияти ҷуғрофию таърихӣ шаҳри қадимтарин бо тамаддуни  ғановатманди Суғди бостон ва манзараҳои зебою нотакрор аст. Ин гӯшаи ҳамешасабзи диёр бо ёдгориҳои бостонии беш аз панҷунимҳазорсолаи Саразм, 1,5 - 2 - ҳазорсолаи Панҷакенти қадим ва бо таърихи навини худ - як шаҳри тозаю ороста, зебою дилрабо  гузаштаи дуру афсонавии худро бо ҷавонию зебоию ҳашами имрӯзааш хеле хуб омезиш додааст. Панҷакент дар канори рӯди шӯхоби Зарафшон ва дар домани кӯҳҳои ба ҳам рӯ ба рӯю муҳташам ва сарбаланди Зарафшон (баландиаш 3000 - 4000 метр), Туркистон (Офтобрӯ, баландиаш 2-3 ҳазор метр) ҷойгир мебошад. Шаҳр тарҳи меъмории хос дошта, биноҳои баландошёнаи  истиқоматӣ, маъмурию маишӣ, кӯчаҳои мумфаршу гулрези он сокинону меҳмононашро шодмону болидарӯҳ мегардонанд. Ин шаҳр, ки дар дили водии зархези Зарафшон чун нигин медурахшад ва аз дараю кӯҳҳои сарсабзу ҷангалзорҳояш  ҳамеша накҳати гулу буттаҳо ва гиёҳҳои хушбӯй ба машом мерасад, аз қадим ба ситоиш ва баҳои баланди муҳаққиқону таърихшиносон ва зиёраткунандагонаш сазовор гардидааст. Дар канори Зарафшон замоне сардафтари назми оламгири адабиёти тоҷику форс, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишаставу бо оҳанги мавҷҳои рӯд сурудааст:
Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам,
Расад марҳабо аз замину осмонам.
Ба савту навою ба сити маонӣ,
Тараббахш рӯҳам, фараҳзои ҷонам.
Хирад дар баҳо  нақди ҳастӣ фиристод,
Гуҳарҳои рангин чу зояд зи конам.

Ва пас аз ҳазор соли дигар шоири шӯридадил Лоиқ аз сидқ гуфтааст:
Одам наям, эй рӯди Зарафшони зарафшон,
Гар аз ту бар ҳар ниятам ибрат напазирам.
Хоҳам, ки ба мислат ба раҳи умр давида,
Ибрат зи накукорию эҳсони ту гирам.
Бостоншиносон пайдоиш ва рушди шаҳрро ба се давра тақсим кардаанд: Панҷакент нахуст дар баландии  Қайнар арзи ҳастӣ кардааст. Аз рӯи бозёфтҳои қасри ҳокими Суғд - Деваштич, маснуоти сершумори ороишӣ аз зару зевар, асбобҳои маишӣ, деворнигораҳои рангини хонаю кӯшкҳо умри шаҳр ва зиндагӣ дар ин ҷо тақрибан 2000 сол муқаддам, баъд аз истилои арабҳо ба поён расидааст.
Пас аз кину куш, зулму фишори бодиянишинони араб сокинони Панҷакент ба соҳили рӯди Зарафшон, ки ҳоло  мардуми шаҳр онҷоро Панҷакенти куҳна (Урусхона) ном мебаранд, кӯч бастаанд. Аммо хатари аз соҳил берун баромадани дарё дар фаслҳои баҳору тобистон ва чандон ба макони зист мувофиқ набудани ин мавзеъ панҷакентиёнро водоштааст, ки ба ҷойи амну хуррам - баландии мавзеъҳои Вашанӣ, Қайнар ва Сойи Зебони имрӯза кӯчанд. Чашмаи сероби Қайнар манбаи ягонаи оби ошомидании сокинони шаҳр будааст ва имрӯз низ қисмати аъзами аҳолии 40 - ҳазорнафараи шаҳрро ҳамин чашма бо оби зулол таъмин мекунад.

Назаре ба имрӯзи Панҷакент
Ин шаҳри бостонӣ 260,1 ҳазор ҷамъият дорад. Дар замони шӯравӣ дар инҷо коргоҳҳои хишту шаробпазӣ, коркарди тамокую ғалла, консерва, гӯшту шир, биноҳои сершумори маъмурию маишӣ ва истиқоматӣ бунёд ёфтанд, истеҳсолоти  кишоварзӣ, бахусус шоликорӣ, тамокупарварӣ, чорводорӣ ва боғу токпарварӣ рушд кард.
Вале пешрафти босуръати иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар замони гузариш ба иқтисоди бозорӣ ба амал омад. Ҳоло дар Панҷакент дувоздаҳ корхонаи саноатӣ фаъол аст, ки бузургтарини он ҶДММ КМ «Зарафшон» мебошад. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2014 ба маблағи 199 миллиону 655 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки 157 миллиону 510 ҳазор сомониаш ба КМ «Зарафшон» рост меояд. Соли равон дар инҷо корхонаи нав бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна  маъдан дар як шабонарӯз,  дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ворӯ корхонаи истеҳсоли қалъагӣ ва якчанд коргоҳи дӯзандагию косибӣ дар шаҳру деҳот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Ба шарофати таҷдиди роҳи Айнӣ-Панҷакент кӯчаи марказии шаҳр васеъ, гулпӯш ва роҳҳои дохилии шаҳр ободу зебо мегарданд. Бо ибтикори раисони вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва шаҳри Панҷакент Хисрави Абдуназар кӯчаи Ҷалолуддини Румӣ мумфаршу гулзор, фурудгоҳ бо дастгирии КМ «Зарафшон» навсозӣ, корхонаву ташкилот таҷдид ва ободу зебо гардонда шуданд. Солҳои охир дар шаҳр биноҳои 5-11-ошёнаи истиқоматӣ,  калонтарин варзишгоҳ ва нахустин ҳавзи шиноварӣ дар водӣ, Кохи зебои фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст, муҷассамаи бузурги асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ бунёд гардидаанд.

Саразм
Ин ёдгории ҳазорсолаи IV-111 пеш аз мелод, калонтарин ва қадимтарин осори меъморӣ дар Осиёи Марказӣ, дар қисмати ғарбии Панҷакент, дар наздикии марз бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир аст. Он тирамоҳи соли 1976 аз тарафи шодравон, доктор Абдуллоҷон Исҳоқӣ кашф гардидааст. Ба гуфтаи сарвари пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент - Саразм, номзади илми таърих Абдурауф Раззоқов, дар ҷараёни кандани хандақҳои санҷишӣ ва омӯзиши маҳалҳои аҳолинишин маълум гашт, ки масоҳати ибтидоии ёдгорӣ 130 гектар будааст. Мутаассифона, то кашф гардидани ин ёдгории таърихӣ қисмати зиёди он ба манзилгоҳ ва боғзор табдил ёфта, ҳоло дар масоҳати 17 гектар доман густурдааст. Ковишҳои бостоншиносӣ муайян намудаанд, ки дар ин ҷо бештар биноҳои маъмурӣ, оташкадаю ибодатхонаҳои мазҳабӣ сохта шуда, атрофи онҳоро ҳуҷраҳои хоҷагӣ, растаҳои ҳунармандӣ иҳота кардаанд ва иморатҳо бо кӯчаю тангкӯчаҳои сангфарш ҷудо гардидаанд.
Саразм нахустшаҳри гузаштагони мо буда, дар он тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ тавлид ёфтаву рушд кардааст. Дар ин шаҳр бозёфтҳои зиёд, назири лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои наққошишудаи маданияти Балуҷистону Сиистону Афғонистон, ки бо роҳи  тиҷорат ворид шудаанд, кашф гардидаанд.
Бо мақсади ҳифзу нигоҳдошти ёдгорӣ дар соли 2000-ум бо Қарори Ҳукумати мамлакат мамнуъгоҳи таърихӣ - бостоншиносии Саразм таъсис ёфт ва солҳои 2003-2008  бо супориши Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ мавзеи он болопӯш ва атрофаш бо панҷара иҳота шудааст.
Соли 2010-ум бо қарори Кумитаи байналмилалии мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО ёдгории Саразм ба феҳристи Маркази мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ шомил гардид. Ин нахустин ёдгории бостоншиносии Осиёи Марказӣ аст, ки ба ин феҳристи бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамроҳ шудааст. Саразм ба ин мақоми олӣ ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин ёдгории таърихӣ, силсилабоздидҳои ӯ аз ин шаҳри бостонӣ, вохӯриҳои вижа бо сарвари вақти ин созмон Коочиро Матсуура дар Порис ва Душанбе сазовор гардид.

Панҷакенти қадим
Ин шаҳри қадимии  давраи аввали асри миёнаӣ (садаҳои V-VIII), ки дар теппаи Қайнар (саҳеҳаш Қайнаҳр) воқеъ гардидааст, бо бозёфтҳои бешумори меъморию санъатӣ дар ҷаҳон машҳур аст. Аз соли  1947 то ба имрӯз дар ин ҷо олимони шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти илмию бостоншиносӣ мегузаронанд. Ба гуфтаи сарвари пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм Абдурауф Раззоқов, то  замони истиқлолият бозёфтҳои нодири шаҳр пурра ба Санкт -Петербург интиқол ёфта, дар ду толори Эрмитажи давлатӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Дар Осорхонаи миллии бостонии Академияи илмҳои Тоҷикистон низ чанд намунаи асли нигораҳо нигоҳ дошта мешаванд. Мавсуф зикр намуд, ки ҳамасола аз намоиши мероси ғановатманду қадимии тоҷикон дар Эрмитажи давлатии Санкт- Петербург маблағи ҳангуфт ворид мегардад, аммо дар музейи таърихӣ-бостоншиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва осорхонаи саҳроии Панҷакенти қадим бошад, сайёҳону зиёраткунандагон нусхаҳои дастии ин бозёфтҳоро тамошо мекунанд.
Таҳқиқгари машҳури Панҷакенти қадим, сарвари бисёрсолаи Экспедитсияи Эрмитаж Б.И.Маршак, ки дар мавзеи даромадгоҳи ҳафриёт дафн шудааст, қабл аз вафоташ ба пурсиши мо дар мавриди «Чаро бозёфтҳоро ба Санкт-Петербург интиқол медиҳанд?», гуфта буд: «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ шароит ва нигоҳубини махсусро тақозо мекунад. Дар Тоҷикистон чунин шароит нест». Боиси хушҳолист, ки мо кунун чунин шароит дорем. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву созандаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат ду осорхонаи боҳашамати замонавии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардиданд. Ба назари мо, вақти он расидааст, ки масъалаи ба Тоҷикистон баргардондани ёдгориҳои таърихии то соҳибистиқлолӣ ба Санкт- Петербург ва дигар кишварҳо интиқолшуда, бояд дар сатҳи ҳукуматҳо матраҳ шавад.
Дар ин росто зикр карданием, ки имрӯз низ ҳайати олимону бостоншиносони Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург якҷо бо олимони тоҷик дар Панҷакент ҳафриёт мегузаронанд. Ва, хушбахтона, ҳоло тамоми бозёфтҳои дар ҷараёни ковишҳо  пайдошуда дар кишвар нигоҳ доштаву ҳифз мешаванд.

Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро
Аз ёдгориҳои таърихии Панҷакент шикоргоҳи қадимии Саразм (садаи V-IV пеш аз мелод), Зардчахалифа  дар канори ғарбии шаҳри Панҷакент (садаи V-VIII), Санҷаршоҳ, воқеъ дар деҳаи Сӯҷина (садаи VI-VIII), мақбараҳои Хоҷа Муҳаммади Башоро (садаи IХ-ХIV), Абӯдардо дар деҳаи Заврон (садаи IХ-Х) -ро махсус ёдовар бояд шуд, ки ҳар кадом бозгӯи ҳунару истеъдоди нотакрори бунёдгузоронаш будааст.
Миёни ин ёдгориҳо имрӯз мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, воқеъ дар деҳаи Мазори Шариф, ки бо сохти меъмории худ дар Осиёи Марказӣ камназир аст, зиёраткунандагони сершумор дорад. Бино ба маълумоти таърихшиносон, иморати мақбара  дар қарнҳои XI-XII ва пештоқи пурнақшу нигораш дар садаи XIV бунёд гардидааст. Хонаҳои дарунбадаруни дохили мақбара дар се қатор сохта шудаанд. Дар  дахмаҳо якчанд қабр ба назар мерасад.  Дар хонаҳо шахсиятҳои маъруфи замон гӯронда шудаанд.
Дар қисмати шарқии деҳаи Мазори Шариф Хона - музейи шоири  шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ дари худро барои бинандагон ҳамеша боз медорад. Ҳар нафаре, ки ба зиёрати мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро меояд, Хона - музейи шоири шӯридадилро низ зиёрат мекунад ва ё баръакс.

Оромгоҳи устод Рӯдакӣ
Мақбараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба гуфтаи доктор Алиасғари Шеърдӯст, сафири вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, падари шеъри форсӣ,  дар деҳаи Панҷрӯд ва музейи шоир дар шаҳри Панҷакент соли 1958 ба муносибати 1100 - солагии ҷашни устод бунёд ва баъдан чандин маротиба таъмиру таҷдид гардидаанд. Ахиран ба ифтихори ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс мақбара аз нав, бо тарҳи зебою муҳташам сохта шуд. Дар атрофи он боғ бунёд карданд, нимпайкараи шоирро гузоштанд, ки хеле зебо ва диданист. Осорхонаю китобхона ва чойхонаи мунаққаш   зиёраткунандагонро бо осору рӯзгори шоир, гузаштаи дур ва имрӯзи шукуфои Панҷрӯд - ин деҳаи ҳамешабаҳори канори Рӯзрӯд ва наздик ба кӯҳҳои афсонавии Булбулону Юра ошно месозанд.

Дараи Арчамайдон
Чи зебост дараи Арчамайдон. Ниёгон номи ин мавзеъро басо муносиб ба манзараи афсонавиаш гузоштаанд. Кӯҳҳо саросар бо арчаҳои азими бисёрсола пӯшида шудаанд. Дарахтони санавбар, фарку хуҷ ва гиёҳҳои ду соҳили рӯд муҳити гарми тамузи тобистонро салқин ва фараҳосо мегардонанд.
Дар пайроҳаҳои кӯҳии Арчамайдон чун дар дигар мавзеъҳои кӯҳистон-ағбаҳои Шер, Дугдон, Товасанг, Пушти кӯҳ, Сармад, Амшуду Казноқ, Кӯли Калон,  кӯли Аловуддин, Ҳафткӯл, Марғузору Хуштарита бо гурӯҳҳои хурд-хурди сайёҳони хориҷӣ дучор омадан мумкин аст.
Мо бо гурӯҳи чаҳорнафараи сайёҳони австриягӣ дар ин дараи рӯҳбахш рӯ ба рӯ омадем. Сардори гурӯҳ, ҷавони хушқаду қомати сурхинарӯй Стефан Шулс пас аз шиносоӣ таассуроташро аз саёҳати дараи Арчамайдон чунин баён кард:
 -Агар одамизод гӯяд, ки ман дар ин ҷаҳон зиндагӣ кардам ва аз хушиҳои он баҳра бардоштам, як бор ба ин гӯшаи афсонавии Тоҷикистон - Арчамайдон биёяд, ин кӯҳу дараву арчаҳои зеборо бо чашми сар бубинад…
Шоири рус Визбор дар як сурудаш сароидааст: «Ман дили худро дар кӯҳҳои Фон гузоштам».

Ҳафткӯл
Кӯли аввалини Ҳафткӯл Мижгон ном дорад. Сокинони маҳаллӣ онро Нижғон низ мегӯянд. Шояд, номи аслиаш Нилгун бошад, зеро ранги кабуди зебои осмонӣ дорад. Кӯҳҳо дар кӯл аксандозӣ намуда, онро дар давоми рӯз ба ҳар ранг тобиш медиҳанд.
Кӯли дувум, ки Соя номидаанд, чандон бузург нест, аммо соҳили сабзаш хеле зебост.
Кӯли сеюм бо номи Хушёр машҳур аст. Шояд он дар вақташ як кӯл будааст, ки дар натиҷаи аз самти Гӯрдара фаромадани сел ба ду қисм ҷудо шудааст.
Кӯли чорумро Нофин ном гузоштаанд. Он чандон паҳн набошад ҳам, дарозиаш тақрибан 1 километр буда, моҳӣ низ дорад. Дар канори кӯл барои  сайёҳон шароити хуби фароғат муҳайё гардидааст.
Хурдак панҷумин кӯл аз ин силсилакӯлҳост.
Кӯли шашумро Марғузор мегӯянд, ки бо паҳнӣ ва дарозиаш аз ҳамаи кӯлҳои дигар бузургтар аст.
Ҳазорчашма ҳафтумин  кӯл буда, ба он аз дараҳои Ҳазорчашма ва Дарахти Сурх оби зулол ҷорӣ мешавад.
Кӯлҳои Марғузор ва Ҳазорчашма дар мавсими сармо ях мебанданд ва чун роҳи наздик ба сокинони деҳаҳои атроф хидмат мекунанд.

Кӯли Калон
Ин кӯл дар дараи Артуч, дар наздикии қуллаи баландтарини Чимтарға воқеъ гардидааст. Он пас аз Искандаркӯл дуюмин кӯли бузург дар қаторкӯҳҳои Фон буда, атрофаш бо ҷангал ва кӯҳҳо иҳота шудааст. Сайёҳон ва мардуми таҳҷоӣ дар кӯл оббозӣ мекунанд, моҳӣ медоранд. Дар ҳамвории пойини кӯл, дар иҳотаи арчаву сабзазорон, дар канори рӯдаки шӯхобу обаш ширин лагери алпинистии дорои шароити хуби фароғату истироҳат дар хидмати меҳмонон аст.

* * *
Шаҳри Панҷакент бо ҳамин ёдгориҳои қадимӣ ва манзараҳои дилфиреби кӯҳистонаш дар ҷаҳон шӯҳрат дорад. Дар замони шӯравӣ ин шаҳр минтақаи муҳимтарини сайёҳии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Он замон марз бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон боз буд ва дар равуои мардум, бахусус сайёҳони хориҷӣ монеае вуҷуд надошт. Ҳар сайёҳе, ки Бухорою Самарқандро зиёрат мекард, ҳатман ба Панҷакент низ меомад, зеро он таъриху тамаддуни бостонии Суғдзаминро пурра менамуд. Панҷакент, ки  ба  хатсайри сайёҳони хориҷӣ ворид гашта буд, ҳамасола ба тамошои ин шаҳри бостонӣ 10-15 ҳазор сайёҳи хориҷӣ меомад. Бисёр сайёҳон дар Панҷакент як ё ду рӯз мемонданд, ҷойҳои таърихию ҷолиби диққати онро медиданд, дар соҳили кӯл ва боғи зебои соҳили рӯди Зарафшон фароғат мекарданд. Меҳмонхонаи аз ҷиҳати тарҳи меъморӣ камназири «Интурист» низ маҳз барои сайёҳони хориҷӣ бунёд шуда буд ва бахши панҷакентии Агентии «Интурист»-и Иттиҳоди Шӯравӣ дар хидматашон қарор дошт.
Имрӯз марз бо ҳамсоякишвари Ӯзбекистон баста аст ва сайёҳони камшумори хориҷӣ асосан тавассути роҳи Душанбе - Панҷакент ва Хуҷанд - Панҷакент,  кӯҳнавардон бошанд, дараю ағбаҳои хушманзараи  Фонро пиёда гузашта, ба водии Зарафшон меоянд. Ҳоло ин гурӯҳҳои хурд бо миёнравии 11 ширкати сайёҳию кӯҳнавардӣ сайру саёҳат мекунанд, ки шумораи умумии  онҳо дар мавсим аз ҳазор нафар беш нест. Бахши Агентии «Интурист» ва Бюрои сайру саёҳати Панҷакент низ аз фаъолият мондаву ҳуҷраҳои барҳавои меҳмонхонаи «Интурист» камодам шудааст.
Ҳоло соҳаи сайру саёҳат ба сохтори давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамроҳ гардидааст, ки барои рушди туризм амалан кори қобили мулоҳизае намекунад. Барои тасдиқи ин гуфта маълумотномаи хушки фаъолияти бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро мисол овардан мумкин аст.
Дарҳои бастаи гузаргоҳи гумрукии Саразм - Ҷартеппа ва дурафтода будани Панҷакент аз пойтахти  кишвар ва маркази вилоят сабаби асосии коҳиш ёфтани теъдоди сайёҳон нест. Ба гуфтаи сарвари яке аз ширкатҳои туристӣ  дар Панҷакент Амондулло Насруллоев, низоми андозбандӣ аз сайёҳон соҳаро ба варта мувоҷеҳ кардааст. Ба ин мушкил набудани шароити коммуникатсионӣ дар нуқтаҳои муваққатии дамгирӣ, монеа пеш овардан ва худсарона ихтиёрдорӣ кардани мавзеъҳои зебо аз ҷониби сокинони  деҳоте, ки сайёҳон аз он ҷоҳо мегузаранд, мушкили дигар зам кардааст.
-Сайёҳон аз набудани мабразҳо бо шароитҳои дурусти обу ташноб дар роҳҳо ва меҳмонхонаҳои  замонавӣ шикоят мекунанд,- мегӯяд роҳбари ширкати дигари сайёҳӣ Насриддин Низомов. Ба андешаи сарвари собиқи бахши панҷакентии «Интурист»-и Тоҷикистон ва сарвари имрӯзаи Ширкати сайёҳии «Панҷакентинтур» Абдурасул Шарифбадалов, монеаи марзӣ ва мушкили рафтуомад бо кишвари ҳамсоя имрӯз не, пагоҳ ҳал мешавад. Вале мо бояд ба қабули гурӯҳҳои бешумори сайёҳӣ аз ҷониби Ӯзбекистон ҳамеша омода бошем. Интизор нашавем, ки кай сарҳад кушода мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар як қатор имтиёзҳо муқаррар намудааст. Масалан, дар замони шӯравӣ кӯҳнавардони хориҷӣ барои ҷуброни зиён ба ҷангал ва муҳит дар минтақаҳои баландиаш беш аз 2000 метр аз сатҳи баҳр 50 доллари амрикоӣ месупурданд. Ҳоло ин андоз бардошта шудааст.
Ширкатҳои сайёҳӣ акнун дар доираи «Равзанаи ягона» фаъолият мекунанд. Тибқи он Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар асоси раводид то як моҳ бидуни сабт саёҳат карданро иҷоза  медиҳад. Гузашта аз ин, имрӯз роҳҳои кишвар хеле обод гардидаанд,  таҷдиди роҳи Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон идома дораду барои ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ шароити созгор фароҳам оварда мешавад. Аз ҷумла, танҳо дар шаҳри Панҷакент дар ҳафт - ҳашт соли охир беш аз даҳ иншооти нави замонавии мутобиқ ба хатсайри сайёҳӣ бунёд шуда бошад ҳам, вуруди сайёҳон хеле кам аст. Директори Ширкати сайёҳии «Панҷакентинтур» Абдурасул Шарифбадалов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки Бюрои пешини сайру саёҳати шаҳри Панҷакент танҳо дар се рӯз - ҷумъа, шанбе, якшанбе беш аз 500 сайёҳи дохилӣ ва хориҷиро қабул мекард. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бошад, 11 ширкати сайёҳӣ (ҳашт ширкат фаъол аст) 325 сайёҳи хориҷиро аз 17 кишвар қабул кардаанд. Даромади умумӣ ба 1 апрел 194 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 28 дарсад кам аст.
Мутахассисони соҳаи туризм барои ҷалби бештари сайёҳон пешниҳодҳои ҷолиб доранд. Фишурдаи пешниҳодҳо ин аст, ки бояд дар мавзеъҳои вуруди сайёҳони  хориҷӣ - фурудгоҳ, марз ва гумрук муносибат, муошират ва хидматрасонӣ  дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шавад. Сатҳи забондонӣ, инфрасохтори хатсайрҳоро куллан беҳтар намуда, бо тарзу усули меъмории миллӣ меҳмонхона, ошхона, ҷойҳои дамгирӣ, мағозаҳои фурӯши маснуоти гуногун, роҳҳои симии ҳавоии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохтан зарур аст. Дар ошхонаҳо на таомҳои  муқаррарӣ, балки хӯрокҳое пухта шаванд, ки ба завқу таомули меҳмонон созгор  ва сифати хидматрасонӣ хеле баланд бошад.
Бостоншинос Абдурауф Раззоқов изҳор дошт, ки баъзе ошхонаю тарабхонаҳои шаҳр ва хатсайрҳои Панҷакент - Айнӣ - Душанбе ва Панҷакент - Айнӣ - Хуҷанд мабразҳои замонавӣ надоранд, ки завқи сайёҳонро коҳиш медиҳад.
Ба хатсайри туристӣ ворид намудани деҳаҳое, ки сайёҳон аз он ҷойҳо мегузаранд ва дар ин деҳаҳо бунёд намудани меҳмонхонаҳои хурди дорои шароити созгори буду бош ва мабразҳои бо об тозашаванда аз омили дигари ҷалби сайёҳон ба кишвар  аст. Ин масъала бояд дар мадди назари аввали соҳибкорони маҳаллӣ бошад.
Дар Панҷакент  деҳаҳои Рашнаи Поён, Нофин, Падруд, Рашнаи Боло, Ғазза, Зимтӯд, Ғӯйтан ва Артуч ба хатсайри сайёҳон ҳамроҳ шудаанд. Бинобар ин, аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ҷангал ба хоҳишмандон барои бунёди меҳмонхонаву фароғатгоҳҳо (кемпингҳо), шабистонҳои тобистона қитъаи замин ҷудо кардан ба рушди сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.
Бунёди нуқтаҳои фароғатии муваққатӣ дар Ҳафткӯл, Артучу Арчамайдон, дуобаи Хумори Гунг ва дигар мавзеъҳои хушобу ҳаво бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи ниҳодҳои дахлдор қарор гирад. Падидаи хеле ташвишовари аз сайёҳон ғайриқонунӣ пул ситондани ҷангалбонон ва баъзе сокинони деҳотро бояд аз миён бардошт. Муҳимтар аз ҳама, соҳаро ба дасти соҳиби аслӣ - мақоми босалоҳият, кордон ва ташкилотчӣ бояд супурд. Коршиносон ва алоқамандони соҳаи сайёҳӣ бар ин назаранд, ки туризмро ба хадамоти мустақил табдил дода, бо мақсади ҷалби сайёҳон дар он шуъба ё  раёсатҳои махсус, масалан Амрико, Фаронса, Олмон, Чин, Ҷопон созмон дода шавад. Дар нуқтаҳои сарҳадӣ кушодани марказҳои раводиддиҳӣ, ташкили автобусҳои бароҳат, роҳбаладони забондон дар ҷалби бештари сайёҳон муҳим шумурда мешавад.
Дар раёсати омори шаҳри Панҷакент ба мо гуфтанд, ки дар соли 2013 аз соҳаи туризм 657533 сомонӣ ба буҷет ворид шудааст. Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати мамлакат  дар рушди иқтисоди кишвар туризмро соҳаи афзалиятнок эълом доштаасту Панҷакент, дар маҷмӯъ Тоҷикистон бо ёдгориҳои бостонӣ, манзараҳои дилфиреби афсонавӣ, обу ҳавои тозаю форам аз кишварҳои пешрафтаи туризми байналмилалӣ монданӣ надоранд. Ба андешаи мо,  дар доираи Барномаи ҳукуматии рушди туризм ва дурнамои рушди иқтисодии кишвар, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, шуҳрати пешинаи сайёҳии шаҳри бостонии Панҷакент - ин нигини заррини Зарафшонро, ки замоне кишваршиносони ҷаҳон «Помпеи Хурд дар Осиёи Миёна» номида буданд, эҳё кардан зарур аст.

Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»,
Луқмон ҚУРБОН, «Зарафшон»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2014    №: 145    Мутолиа карданд: 9590
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед