logo

мулоқотҳо

СЕРГЕЙ ЛАВРОВ ДАР ҲУЗУРИ ПРЕЗИДЕНТ

30 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз пайвастагии муколамаи сиёсии ду кишвар изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки имсол дар баробари сафари кории Президенти Тоҷикистон ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия, табодули сафарҳои раисони палатаҳои порлумонҳо ба кишварҳои ҳамдигар, ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, анҷумани соҳибкорон, Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ва мулоқотҳои зиёди дигар дар сатҳу зинаҳои гуногун баргузор шуданд. Барномаи навсозии муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тасвиби санади дигари ҳамкории дуҷониба доир ба содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситондани боҷи содиротӣ низ ояндаи наздик ба нуқтаи ниҳоии худ мерасад. Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки то охири соли равон барои баррасии ин ва дигар масоили ҳалталаб ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардад.
Доир ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илму техника ҳам гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Ҳамчунин атрофи рӯзномаи ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоиши ояндаи сарони давлатҳои аъзои ин созмон, ки аввалӣ 31 июл  ва дувумӣ моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоишҳои мазкур ва натиҷаҳои онҳо ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла дар самти таҳкими амнияту субот дар қаламрави масъулияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нақши намоён хоҳанд гузошт.
Хотиррасон бояд намуд, ки имсол ҷаласаю ҳамоишҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳамаи сатҳу зинаҳо таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад, зеро раисӣ дар ин созмон имсол бар души давлати мо аст.
Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба масоили ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла доир ба расондани кумакҳои техникӣ ба неруҳои сарҳадии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, зоҳир гардид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2014    №: 146    Мутолиа карданд: 1278
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед