logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

31 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ вазирони корҳои хориҷии ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро яке аз чорабиниҳои асосии соли раёсати худ дар ин созмон мешуморад”.
Изҳори боварӣ шуд, ки дар ин ҷаласа мавзӯъҳо ва муҳтавои асосии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муайяну мушаххас мешаванд.
Президенти мамлакат бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай изҳор дошт: “…ин созмон дар роҳи ба минтақаи сулҳу субот, дӯстӣ, шукуфоӣ ва рушди бонизом табдил додани минтақаи мо дорои имконоти васеи ҳанӯз истифоданашуда мебошад” ва таъкид намуд: “мусоидат ба татбиқи босамари чунин имконот аз ҳадафҳои асосии раёсати Тоҷикистон аст”.
Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки “мо дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир бояд мавқеи ҳамсону ҳамоҳангшуда дошта бошем”.
Дар робита ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳор гардид, ки “дар ояндаи наздик мувофиқасозии омилҳои ташкил ва ба кор даровардани Хазинаи рушд (Ҳисоби махсус) ва Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай ба итмом расонда шавад.
Бо итминон гуфта шуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2015 ва дигар санадҳои мавриди муҳокима қарордошта то ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон омода гардида, ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш мусоидати фаъол мекунанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2014    №: 146    Мутолиа карданд: 1195
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед