мулоқотҳо
ВОХӮРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҚИРҒИЗИСТОН
31 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими муносиботи ҳамсоягӣ, ҳалли мушкилоти марзию ҳудудӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёту боркашонӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима шуд.
Таъкид гардид, ки барои таҳкими дӯстии миёни ду ҳамсоякишвар, ҳалли масоили баҳсталаб аз тариқи василаҳои дипломатӣ, пешгирӣ аз низоъҳои алоҳидаи марзӣ миёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияҳои вилояти Бодканди Қирғизистон аз тамоми имконоти мусоид бояд пурсамар истифода бурд.
Ҳамчунин таъкид бар он шуд, ки шарикии пурсамари минтақавии Тоҷикистону Қирғизистон бояд халалнопазир боқӣ монад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.08.2014 №: 147-150 Мутолиа карданд: 1250