logo

мулоқотҳо

ЛЛОЙД ОСТИН III ДАР ҲУЗУРИ ПРЕЗИДЕНТ

31 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА генерал Ллойд Остин III - ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ шуд.
“Тоҷикистон ҳамкории худро бо Амрико дар соҳаҳои мухталифи амниятӣ омили муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа медонад”, - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки “ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ самарабахш аст”.
Ллойд Остин III ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба тарғиби ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои Афғонистон, хусусан пас аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар ва идомаи дастгирӣ аз сохторҳои марбутаи Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи сарҳади тӯлонӣ бо ҳамсояи ҷанубии он гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Доир ба иштирок ва мусоидати Амрико дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии иқтисодию коммуникатсионӣ, ки ба густариши робитаҳои миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва тавсеаи имконоти иқтисодӣ ва транзитии Афғонистон нигаронда шудаанд, табодули назар сурат гирифт.
Ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб изҳори андеша карда шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2014    №: 147-150    Мутолиа карданд: 1266
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед