мулоқотҳо
ГУФТУГӮИ ПРЕЗИДЕНТ БО ЭНДРЮ КАПЛАН
1 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Инглистон Эндрю Капланро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминийи аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ширкати Гленкоае АГ тасмим дорад, ки дар навсозии технологии КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” саҳмгузор шуда, иқтидори истеҳсолии онро барқарор созад.
Корпоратсияи фаромиллии Гленкор ва ширкатҳои фаръии он ҳамчунин тасмим доранд, ки дар кори ба истихроҷ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ гузарондани КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” фаъолона иштирок намоянд.
Корпоратсияи фаромиллии Гленкор инчунин иштирокдори фаъоли тендери байналмилалӣ барои кор дар Кони Мансур буда, азм дорад, ки дар истихроҷу коркарди захираҳои фаровони нуқра, мис ва дигар маъданҳои Тоҷикистон саҳм гузорад.
Хотиррасон бояд намуд, ки корпоратсияи Глинкор бо КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” аз соли 2007 ба ин сӯ ҳамкорӣ дорад ва кунун роҳбарияти он тасмим гирифтааст, ки доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон тавсеа бахшад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.08.2014 №: 147-150 Мутолиа карданд: 1323