logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли  соли 2004 «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №7, мод. 463; с.2007, №7, мод. 689) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун сархатҳо бо аломати дефис (-) ишора карда шаванд.
2. Боби 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

«БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲОСИЛХЕЗГАРДОНИИ ЗАМИНҲОИ
ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ
Моддаи 3. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансубанд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- тасдиқ намудани барномаҳои давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- тасдиқ намудани стандартҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва дастурҳои гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ; 
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- муайян намудани тартиби амалӣ гардонидани назорати давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва тасдиқи низомномаи он;
 - амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ.
Моддаи 4. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансубанд:
- гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва чорабиниҳои агрокимиёвӣ доир ба хокшиносӣ ва агрокимиё;
- назорати иҷрои стандартҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва дастурҳои гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ;
- аз заминистифодабарандагон гирифтани маълумот оид ба истифодабарии моддаҳои агрокимиёвӣ ва пеститсидҳо;
- баҳисобгирии натиҷаҳои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва мониторинги ҳосилхезии онҳо;
- муайян намудани тартиби таъмини ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- таҳия ва таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои агротехникӣ, агрокимиёвӣ, мелиоративӣ, фитосанитарӣ ва зиддиэрозиявӣ;
- таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба киштбоб намудани заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ки бо радионуклидҳо, металлҳои вазнин ва бо моддаҳои дигар олуда гардидаанд;
- назорати сифати моддаҳои агрокимиёвӣ ва пеститсидҳое, ки барои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ истифода мешаванд ва муносибати эҳтиёткорона бо онҳо;
- назорати давлатии барқарор кардани ҳосилхезии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо, бо мақсади таъмини риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин аз тарафи заминистифодабарандагон;
- баҳисобгирии қитъаҳои намунавии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- ташкил кардани махзани маълумот дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ.
Моддаи 41. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансубанд:
- мусоидат намудан дар ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ барои ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- ҳамкорӣ дар гузаронидани мониторинги ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ.».
 3. Қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 8 хориҷ карда шаванд.
 4. Ба моддаи 21 сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- гузаронидани таҳқиқоти маҷмӯии хок ва агрокимиёвии заминҳо бо тартиб додани харитаҳои тавсифи хусусиятҳои хокҳои кишвар;
- гузаронидани ташхиси хусусиятҳои агрокимиёвии хокҳо, шӯрнокии заминҳо ва муайян кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, №1119

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш.Душанбе, 12 феврали соли 2014, № 1431

ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, №706


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.08.2014    №: 155-156    Мутолиа карданд: 1515
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед