logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 166; №6, мод. 429; с. 2010, №3, мод. 158; c. 2011, №6, мод. 452; с. 2012, №8, мод. 834; №12, қ.1, мод. 1008; с. 2013, №7, мод. 542; №12, мод. 905) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- аз сархати шашум калимаҳои «(хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ)» хориҷ карда шаванд;
- ба сархати дувоздаҳум баъд аз калимаҳои «тартиб дода шуда,» калимаҳои «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шуда, калимаҳои «ва хизматӣ» хориҷ карда шаванд;
- сархати шонздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- одоби хизматчии давлатӣ - маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатӣ, ки хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъиятро нисбат ба хизматчии давлатӣ дар бар мегирад;».
2. Аз қисми 2 моддаи 5 калимаҳои «аз хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ иборат мебошад ва» хориҷ карда шаванд.
3. Моддаи 71  дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 71. Одоби хизматчии давлатӣ
1. Одоби хизматчии давлатӣ бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
2. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.».
4. Ба қисми 3 моддаи 11 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- адои хизмати ҳарбӣ барои ишғоли мансабҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;».
5. Дар моддаи 13:
- дар қисми 1 калимаҳои «хизмати давлатии сиёсӣ» ба калимаҳои «мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои 2 ва 3 калимаҳои «хизмати давлатии маъмурӣ» ба калимаҳои «мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ» иваз карда шаванд;
- қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«4. Шаҳрванд ба хизмати давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур қабул карда шуда, бо ӯ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
6. Дар қисми 1 моддаи 15 калимаҳои «хизмати давлатии маъмурӣ» ба калимаҳои «мансаби маъмурии хизмати давлатӣ» иваз карда шаванд.
7. Моддаи 171 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 171. Санҷиши махсус дар хизмати давлатӣ
Санҷиши махсус дар хизмати давлатӣ дар асоси дархости хаттии роҳбари мақоми давлатӣ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ гузаронида мешавад, агар баръало ошкор карда шавад, ки шахси дар мансаби давлатии хизмати давлатӣ буда ё довталаби мансаби давлатии хизмати давлатӣ дар эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкиаш, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, иттилооти бардурӯғ дода бошад.».
8. Ба қисми 1 моддаи 32 баъд аз калимаи «содирнамудааш» калимаҳои «, ҳамчунин барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, роҳ додан ба бархурди манфиатҳо ҳангоми адои хизмати давлатӣ ва ё дигар кирдорҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дорои аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноят намебошанд» илова карда шаванд.
9. Дар қисми 2 моддаи 34 пеш аз калимаи «гузаронидан» калимаҳои «ҷойивазкунӣ (ротатсия),» илова карда шаванд.
10. Қисми 1 моддаи 39 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«1. Ба хизматчии давлатӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмати давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дода мешавад.».
11. Дар қисми 1 моддаи 41 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақа» иваз карда шаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1128

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 30 майи соли 2014, № 1506


ҚАРОРИ
 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, № 717


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.08.2014    №: 157    Мутолиа карданд: 1663
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед