мулоқотҳо
ЧАНГ УНГ ДАР ҲУЗУРИ ПРЕЗИДЕНТ
6 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF), раиси Кумитаи намудҳои якҳарбаи Ассосиатсияи генералии федератсияҳои варзишии GAISF Чанг Унгро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба омодагӣ ва ҷараёни мусобиқоти ҷаҳон доир ба таэквондо (ITF), ки ҳоло дар Тоҷикистон идома дорад ва рушди ҳамкорӣ дар ин соҳа гуфтугӯ сурат гирифт.
Чанг Унг ба омодагии Тоҷикистон барои ташкил ва гузарондани ин чорабинии муҳими ҷаҳони варзиш баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва масъулони соҳа арзи сипос намуд.
Ҳамчунин ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар ин бахши варзиш, ки дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ натиҷаҳои хеле баланд нишон медиҳанд, баҳои сазовор дода шуд.
Дар охири мулоқот ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон камарбанди сиёҳи 9-ум дан бо сертификати он ва кемано супурда шуд, ки нишона аз қадрдонии олии Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) мебошад.
Хотиррасон бояд намуд, ки камарбанди сиёҳи 9-ум дан дар низоми таэквондо аз ҳама қуллаи баландтарин ба ҳисоб меравад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.08.2014 №: 157 Мутолиа карданд: 1304