logo

мулоқотҳо

ПОЁНИ ВАКОЛАТИ САФИРИИ ЭДУАРД АУЭР

6 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафир Эдуард Ауэрро бинобар анҷом ёфтани фаъолияти сафириаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Пас аз мулоқот Эдуард Ауэр натиҷаҳои суҳбаташ бо Сарвари давлатро дар ҷамъи хабарнигорон матраҳ кард ва изҳор дошт, ки мо дар мулоқот ҳолати кунунӣ, дурнамои муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва масоили минтақавию ҷаҳониро баррасӣ намудем. Бино ба гуфтаи ӯ, феълан ҳамкориҳои дуҷониба фарогир буда, рушди робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, истифодаи захираҳои обӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Ҳарду ҷониб ба раванди муколамаи созанда байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, нақши онро дар таҳкими ҳамкориҳои бештар муҳим унвон карданд. 
Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки дар зарфи чоруним соли охир ҳамкориҳои дуҷониба пурбору созанда буданд. Номбурда изҳори хушбинӣ намуд, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, робитаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо тавсеаи бештар касб мекунад.
Бо он ки Эдуард Ауэр бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш Тоҷикистонро тарк мекунад,  изҳор дошт, ки дар фурсати барояш муносиб ба манзури истироҳат ва баҳравар шудан аз табиати зебову нотакрори сарзамини мо ба Тоҷикистон хоҳад омад.
Қарор аст, роҳбари нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли ҷорӣ вориди Душанбе шавад. 
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.08.2014    №: 157    Мутолиа карданд: 1313
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед