энергетика
МАБЛАҒГУЗОРӢ БА НБО-И «РОҒУН» ИДОМА МЕЁБАД
«Маблағгузорӣ ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» идома меёбад. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба НБО-и «Роғун» аз ду сарчашма - буҷети давлатӣ ва саҳмияву сертификатҳои фурӯхташуда идома хоҳад ёфт. Маблағгузорӣ мувофиқи ҷадвали тартибдодаи Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Ҳаҷми маблағгузорӣ соли ҷорӣ аз буҷети давлатӣ 1 миллиарду 340 миллион сомониро ташкил хоҳад дод, ки алҳол 400 миллиони он дар барқарорсозӣ харҷ шудааст», - иттилоъ дод муовини аввали вазири молияи мамлакат Ҷамолиддин Нуралиев дар конфронси матбуотӣ ба хабарнигорон.
Вай ҳамчунин илова намуд, маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши саҳмия ва сертификатҳои НБО гирд омадаанд, 839 миллион сомониро ташкил дода, аз он 397 миллион сомонӣ дар хариди таҷҳизот масраф шудааст.
Хотирнишон бояд кард, ки иқтидори лоиҳавии солонаи иншооти мазкур истеҳсоли 13,1 миллиард кВт/соат неруи барқ буда, бо ба кор даромадани навбати аввали он бо ду агрегати иқтисодашон 400 мегаватт ҳаҷми солонаи тавлиди неруи барқ 4 миллиард кВт/ соатро ташкил хоҳад дод.
Н. ЁРМАДӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.08.2014 №: 158 Мутолиа карданд: 11856