мулоқотҳо
ҲАМКОРИҲО ВУСЪАТИ НАВ ПАЙДО МЕКУНАНД
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 август Маҳмуди Алавӣ - вазири иттилооти (амнияти) Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, дар мулоқот масоили вобаста ба равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуда, аз ҷумла ба рушди ҳамкории амниятӣ ва густариши робитаҳои судбахш миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки Тоҷикистону Эрон метавонанд барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон нақши намоён дошта бошанд.
Маҳмуди Алавӣ, вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки баъд аз мулоқот бо Сарвари давлат дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, бо хушҳолӣ аз ин дидор гуфт, ки «Мо рӯзҳое, ки дар Тоҷикистон будем, эҳсос накардем дар кишвари дигар ҳастем. Эҳсос кардем дар кишвари худ ҳастем. Дидорҳои мо бо раёсати ҷумҳурӣ ва ҳамкоронамон дар Тоҷикистон хубу созанда буд. Умедворем, ки бо самараи ин дидор метавонем заминаҳои таомули созанда ва равобити бештари дӯстонаро миёни ду кишвар эҷод бикунем».
Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт, ки аз Тоҷикистон бо хотироти хуш ба ватанаш меравад ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои судбахши ду кишвар ҳамчунон дар сатҳи баланд идома карда, дар оянда тавсеаи бештар касб хоҳанд кард.
- Мо талош хоҳем кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои гуногун, бахусус дар соҳаҳои иқтисод, сиёсат, фарҳанг амният ва соири бахшҳо рӯз ба рӯз густариш пайдо кунанд, - изҳор дошт Маҳмуди Алавӣ.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.08.2014 №: 160 Мутолиа карданд: 1265