logo

илм

САРАТОН ТАБОБАТШАВАНДА АСТ!

Солҳои охир  авҷи бемориҳои  онкологӣ (саратон), ки аксаран бо марг анҷом  меёбанд, боиси нигаронии кормандони соҳаи тиб гаштааст.  Дар тибби муосир саратони некфарҷомро аз  тариқи ҷарроҳӣ табобат намуда, дар ҳолати саратони бадфарҷом усули химиятерапияро истифода мебаранд.  Гарчанд ин намуди табобат аз марг наҷот надиҳад ҳам,  умри беморро  якчанд сол  дароз  мекунад. Ҳамзамон таъсири  манфии он ба организм  ногузир аст.  Мутахассисон солҳои тӯлонӣ  андеша намуда, роҳу воситаҳои табобати ин бемориро меҷӯянд.  Дар баробари ин тибби мардумӣ низ  дар асоси таҷрибаи чандинасраи то имрӯз расида,   бо навъҳои гуногуни саратон  мубориза  мебарад. Тибби мардумии кишвари мо бо сарварии  Муллозуҳур Тоҳирӣ  дар ин самт  муваффақияти  назаррас  дорад.  Алҳол  рисолаи нави М. Тоҳирӣ,  номзади илмҳои тиб, табиби мардумӣ, духтури дилшинос бо таҷрибаи  ғании корӣ, сутунмуҳрашинос, равонпизишк, физиотерапевт, дилшинос  бо номи «Саратон табобатшаванда аст» дар хусуси муолиҷа ва пешгирии ин навъи беморӣ омода буда, дар дасти чоп аст.  Дар он тавсияҳои муаллиф  ҷиҳати солим нигоҳ  доштани организм,  ҳафт марҳилаи  гирифторӣ ба беморӣ, ҳикмат ва баёнияҳои академик К. Бутейко, нақшаи муолиҷаи навъҳои гуногуни саратон бо усули М. Тоҳирӣ, омодасозии қиёмҳо аз рустаниҳои нодири шифобахш ва марҳам бо тарзу услуби хосаи анъанавӣ,  мураттаб  гардидаанд.  Инчунин  оид ба шифо ёфтани  як зани доғистонӣ аз бемории саратони  ғадудҳои  ширӣ, дараҷаи  III (давоми се моҳ дар назорати  табиб  қарор  дошт) ва дигар беморони шифоёфта  мисолҳо  оварда  шудаанд. Рисола  дорои маълумоти   аҷиб  буда, барои доираи васеи хонандагон ва табибон пешбинӣ  шудааст.
- Ҳар усули табобате, ки бидуни ташаккули рӯҳии инсон сурат мегирад, муваффақ намешавад. Тани дардманд  танҳо бо кӯшиши рӯҳи солим  метавонад шифои  комил  ёбад, -  мегӯяд Муллозуҳур Тоҳирӣ. 
Номи  ӯ,  ки  ду дафъа ба китоби  рекордҳои Гиннесс дохил  шудааст,  на танҳо  дар қаламрави  кишвар, балки дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Федератсияи  Русия, Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон ва Олмон маълуму машҳур аст.  Алҳол раисии Ассосиатсияи тибби халқӣ - касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошта, дар баробари муолиҷаи беморон, ба коркарди воситаҳои дорувории нав  машғул аст.  Малҳами  шифобахши «Ферула Хит», фиточойҳои  аз рустаниҳои  нодир  омодашуда, «Замч» ва малҳами «Тарангин»,  ки бо дастурҳои  анъанавии  қадима тайёр шудаанд, барои табобати намудҳои  гуногуни саратон ва дигар бемориҳои дилу  шараён тавсия  мешаванд.  Тадқиқотҳои илмии дар  озмоишгоҳи донишгоҳи Санкт – Петербург  гузарондашуда, қимати баланди энергетикии ин пайвастагиҳоро  исбот  намуд, ки ба давомнокии умр ва беҳшавии  ҳолати  бемор мусоидат мекунанд.
Ба саволи мо дар хусуси омилҳои пайдоиши бемории саратон Муллозуҳур  Тоҳирӣ чунин  посух  дод:
- Натиҷаи  тадқиқотҳои эпидемиологии дар навоҳии  мухталифи ҷумҳурӣ суратгирифта  нишон  медиҳанд, ки таркиби  ғизоҳои  истеъмолӣ ва сатҳи  саломатии  ҳам  калонсолон ва ҳам  кӯдакон ба норасоиҳои  ҷиддӣ  мувоҷеҳанд. Байни таркиби ғизоҳои истеъмолӣ норасоии  сафедаҳо 20%, витаминҳо ва микроэлементҳо 15-55% ва  бофтаҳои  ғизоӣ 30% мушоҳида  мешаванд. Бар замми ин камҳаракатӣ, тоза нашудани организм, тарзи нодурусти  нафаскашӣ, ҳолатҳои  манфии эҳсосотӣ, афсурдагӣ,   ифлосии муҳити  зист, тамокукашӣ, истеъмоли машруботу маводи нашъаовар боиси пайдоишу авҷи чунин бемориҳо мегарданд. 
Мувофиқи тавсияҳои Муллозуҳур Тоҳирӣ барои солим нигоҳ доштани ҷисм дар таркиби ғизое, ки дар як шабонарӯз истеъмол мешавад, бояд на камтар  аз 32 намуди маҳсулот дохил шавад.  Ҳамчунин тарзи ҳаёти солим ва  дурӣ аз андешаҳои  носолим баҳри  ҳифзи организм  мусоидат  менамоянд. Ба қавли ӯ беморӣ  аввал  дар хаёл  пайдо  шуда, баъдан дар  бадан хуруҷ  мекунад.  Андешаҳо   метавонанд инсонро бемор ё солим, сарватманд ё нодор гардонанд.  Бинобар ин ҳар нафар барои саломатии  худ  масъул аст.  Усули  табобатии  М. Тоҳирӣ  дар ҳалли доираи васеи бемориҳо  ва мушкилиҳои гуногун мусоидат менамоянд.  «Ҳар як инсон метавонад зиндагии худ ва дигаронро  куллан тағйир диҳад. Бемории табобатнашаванда нест, бемори табобатшаванда ҳаст. Аз ҳар як беморӣ  бо  риояи  тартиб ва тарзи дурусти  нафаскашӣ, ҳаракат, ғизохӯрӣ, муносибати одилона бо  табиат ва оромиши руҳӣ метавон шифо ёфт.  Агар мо шуморо табобат  намоем, пас мо ёрии муваққатӣ расондем. Вале, агар мо ба шумо солим буданро омӯзонем, пас  ёрии мо ба шумо барои  ҳамешагӣ расидааст».
Шаҳнози ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2014    №: 161    Мутолиа карданд: 5641
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед