logo

илм

ГИЛҲОИ БЕҲАМТОИ ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон сарватҳои хеле гуногуни табиӣ дорад, ки дар солҳои охир ва хусусан пас аз ба истиқлолияти сиёсӣ соҳиб шудани он аз тарафи олимон ва мутахаcсисони соҳаи геология миқдори зиёди кону маъданҳои металлӣ ва ғайриметаллӣ ба монанди тиллову нуқра, сурмаю симоб, мису оҳан, молибдену волфрам, селестину барит ва ғайра кашф карда шуданд. Айни ҳол аз рӯи  маълумоти мавҷуда шумораи конҳои канданиҳои фоиданок  зиёда аз 450 ададро ташкил медиҳад, ки қариб 200 – тои онро ширкатҳои дохилию хориҷӣ истихроҷ ва коркард  мекунанд.
Дар ин давра ба олимон ва мутахассисони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои  Тоҷикистон муяссар гардид, ки дар як қатор мавзеъҳои кишвар ҷинсҳои кӯҳии гилӣ ва гилмонандро муайян намоянд. Ҳангоми омӯзиш ва таҳқиқи сохт ва таркиб маълум карда шуд, ки ин ҷинс дорои хусусиятҳои ҷаббиш, равонӣ, часпакӣ, катализӣ ва суспензионию гелӣ мебошад. Аз рӯи адабиётҳои махсуси ба чоп расида маълум гардид, ки ҳамин гуна гилҳо соли 1876 ҳангоми корҳои кофтуковию ҷустуҷӯӣ дар мавзеъҳои кӯҳии музофоти Бентон аз тарафи геологҳои Амрико дарёфт шудаанд. Пас аз гузарондани озмоишҳои лабораторӣ онҳо тавонистанд якчанд хосияти чунин ҷинсҳо ва пеш аз ҳама, хусусияти ҷаббишнокии онҳоро муайян намоянд. Нахустин истифодаи ин гуна гилҳо дар соҳаи рехтагарӣ соли 1888 ибтидо гирифт ва вобаста ба мавзеи ошкор кардашудааш ин ҷинси кӯҳӣ «бентонит» ё «гилҳои бентонитӣ» номида шуд.
Баъд аз гузашти солҳои зиёд, хусусан дар миёнаҳои асри XX гилҳои бентонитӣ дар миқёси дигар давлатҳо низ ошкор карда шуда, технологияи истифодабарии онҳоро дар соҳаҳои мухталифи истеҳсолию кишоварзӣ ва тиб (фармасевтӣ  дерматологӣ, стоматологӣ ва ғайра) дарёфт намуданд.  Дар солҳои маҷудияти ҳокимияти шӯравӣ  сарчашмаҳои бузурги гилҳои бентонитӣ дар Поволже, Украина, Гурҷистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон кашф гардиданд. Дар он давра қариб 80 дарсади бентонитҳои истихроҷшударо асосан дар се соҳаи истеҳсолот – рехтагарӣ, рафинатсияи (тоза ва соф кардани) равғани рустанӣ ва пармакунии чоҳҳои нафту газ барои тайёр намудани маҳлули равону часпаки гилӣ ва аз чоҳ хориҷ кардани заррапорчаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ҳангоми пармакунӣ истифода мебурданд.
Дар Тоҷикистон тадқиқотҳои илмӣ оид ба ҷинсҳои кӯҳии гилӣ аз нимаи дуюми асри XX ибтидо гирифт ва омӯзиши васеи онҳо ба номи академик Сороҷон Юсуфова зич алоқаманд аст.  Маълумоти аввалин доир ба таркиб ва шароитҳои ҳосилшавии ҷинсҳои гилӣ дар якчанд мавзеъҳои ҷумҳурӣ бо қалами ин олима навишта шудаанд. Аммо, бо гузашти вақт дар (солҳои 1960-1970) таҳқиқу ҷустуҷӯи чунин гилҳо идома ёфта бошанд ҳам, он на ин, ки ба натиҷаҳои мусбат оварда нарасонд, балки ақидае ба миён омад, ки дар марзи кишвари мо гилҳои бентонит мавҷуд нестанд  ва ба вуҷуд омадани онҳо ғайриимкон мебошад.  Ин ақидаи маҳдуд олимонро водор сохт, ки саъю кӯшиши худро дучанд намуда, ашёи минералии бентонитро ҳарчи зудтар кафш кунанд, зеро бовар доштанд, ки шароити геологӣ ва маъданҳосилшавӣ чи дар Тоҷикистон ва чи дар дигар минтақаҳои давлатҳои ҳамсоя, мисли Ӯзбекистон ва Туркманистон, якхела аст. Бо назардошти ин, раёсати Академияи илмҳои ҷумҳурӣ  супориш дод, ки ин масъалаи ҳалталаб ва актуалиро аз нав кор карда бароянд. Барои иҷроиши чунин проблемаи мақсаднок дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳо экспедитсияи махсус ташкил дода шуд. Отрядҳои ҷудогонаи экспедитсияи мазкур дар давоми мавсими тобистона тавонистанд дар доираи ҳавзаҳои дарёҳои Вахшу Кофарниҳон якчанд мавзеи бентонитдорро муайян кунанд. Омӯзиш ва таҳқиқу таҳлилҳои намуна ва хелҳои гуногуни гилҳои бентонитӣ имконият доданд, ки ҳамаи  хусусиятҳои беҳамтои ба онҳо мансубро мукаммал ошкор ва дар кадом соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ истифода бурда шуданашонро маълум намоянд. Барои иҷрои самтҳои истифодабарии гилҳои дарёфтгардида пеш аз ҳама  ҳамкории геологҳо бо муҳандисону технологҳои корхонаҳои саноатию кишоварзӣ ба роҳ монда шуд. Аз рӯи талаботи стандартӣ миқдори лозимии бентонитҳо дар коргоҳҳои ба саноати хӯрокворӣ тааллуқдошта - заводҳои шаробпазии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав барои соф кардани маснуоти спиртии ангурӣ, комбинати равғанкашӣ барои  тоза кардани равғани рустанӣ, дар корхонаҳои нассоҷии саноати сабук барои тайёр намудани маҳлули шлихтӣ, дар заводи «Тоҷикгидроагрегат» барои дар раванди қолабрезӣ ва рехтагарӣ тайёр кардани суспензияи равғаншакли часпак, дар корҳои сохтмону бунёди иншоотҳои хоҷагӣ ва саноатӣ маҳсулоти аз бетон мустаҳкаму сабуквазни «керамзит», аз нав барқарор кардани сифату тозагии нахустини равғани истифодашудаи мошину тракторҳо ва ғайра истифода бурда шуданд.  Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳаи чорводорӣ ва парандапарварӣ барои серғизо намудани хӯроки анъанавии чорвою паранда ба онҳо илова кардани гилҳои бентонитӣ, ки дорои зиёда аз 20 микро - макроунсурҳои кимёвӣ мебошанд, тавсия дода шуд. Чунин усули парвариши чорво ва чӯҷаю мурғҳои тухмӣ маҳсулнокии онҳоро афзуда, парандаҳоро аз ҳар гуна касалиҳо эмин нигоҳ медорад.
Аз рӯи ҳисоби иқтисодчиёни соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, истифодабарии бентонитҳои маҳаллӣ даромаднокии корхонаро баланд бардошта, арзиши аслии маҳсулоташро паст ва самаранокии истеҳсолотро садҳо ҳазор сомонӣ зиёд мекунад.
Дар ин ҷо қайд кардан бамаврид аст, ки дар солҳои мавҷудияти ҳокимияти шӯравӣ бо мақсади қонеъ гардондани талаботи корхонаҳои истеҳсолии шаробпазӣ (шаҳри Душанбе, ноҳияи Шаҳринав, Ҳисор, Ғончӣ, Қӯрғонтеппа ва ғайра), рехтагарӣ (заводи «Тоҷикгидроагрегат», «Тоҷик-текстилмаш») гилҳои бентонитиро бештар аз Гурҷистон ва қисман аз Ӯзбекистону Туркманистон харида меоварданд. Маълумоте низ мавҷуд аст, ки заводи «Тоҷикгидроагрегат» боре дар ҳолати ноилоҷӣ дар корҳои рехтагарии сехи чӯянгудозӣ хокаи бентонитиро аз Канада ворид сохтааст.
Айни замон, ки Тоҷикистон соҳиби чунин ашёи минералии хусусияти наҷибу беҳамто ва миллионҳо тонна захираҳои бентонитист, имконият дорад на фақат эҳтиёҷоти коргоҳҳои истеҳсолии худро таъмин намояд, балки ҳамчун ашёи минералии бисёрсоҳавии экспортӣ онро ба фурӯш бароварда, иқтисодиёти кишварро ба сатҳи баланд бардорад.  Ғайр аз ин, ногуфта намонад, ки дар байни бетонитҳои маҳаллӣ хелу навъҳои гуногунсифат мавҷуданд ва онҳо аз ҳамдигар ҳам бо таркиби минералии худ ва ҳам бо шароити муҳити пайдоиш фарқ мекунанд. Чунин хусусияти наҷиби гилҳои бетонитӣ онҳоро ба қатори ашёҳои минералии хосияти беҳамтодошта ворид месозад ва бо назардошти он олимон тавонистанд кони маъданҳои дар миқёси ҷумҳурӣ дарёфтшударо тасниф намоянд. Ва дар асоси ин тасниф ба мутахассисон муяссар шуд дар байни хелҳои гуногун чунин навъҳоро фарқ намоянд, ки онҳо дар соҳаи тиб барои муолиҷаи ҳар гуна касалиҳо, назири касалии пӯст (дерматология), касалиҳои чашм (офталмология), ба танзим даровардани мубодилаи моддаҳо дар организм, муолиҷаи диабети қанд, касалиҳои занона (гинекология), дар соҳаи фарматсия барои тайёр кардани ҳар гуна доруворӣ ва ҳоказо имконияти ба таври васеъ истифода шудан доранд. Бамаврид аст зикр намоем, ки олими барҷаста ва оламшумули тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар мероси гаронбаҳои худ, аз он ҷумла, китоби «Қонуни тиб», «Китоб – уш – Шифо» доир ба «гили офтобсӯхта» ва хусусиятҳои муолиҷавии он,  ки ба гумони ғолиб бентонитро дар назар дорад, маълумоти ҷолиб ва нодир додаааст. Дар ин мақола бо сабаби маҳдудияти ҳаҷм дар ин бора муфассал наистода, танҳо қайд менамоем, ки дар ин самт дар оянда корҳои назарраси илмии тиббӣ аз тарафи олимони соҳа ба миён меоянд.                                   
 Абдураҳим ҚОРИЕВ,
номзади илмҳои геология ва
минералогия, барандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи
академик С.У.Умаров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2014    №: 163    Мутолиа карданд: 6645
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед