logo

сафарҳо

САФАРИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ ҲИСОР

Субҳи 15 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти сохтмони иншооти сершумори ба истиқболи 3000 - солагии Ҳисор бунёдёбанда ва ифтитоҳи як зумра иншооти омодашуда ба ин ноҳия ташриф овард.
Яке аз ҳадафҳои асосии боздиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҳисор мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони ташаббускори ин ноҳия барои тезондан ва вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва омодагии сазовор дидан ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор аст.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар доираи омодагӣ ба ин ҷашн, ки моҳи сентябри соли 2015 баргузор мегардад, дар ин ноҳия наздики 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд ёфта, маркази он ба як шаҳри ободу зебои замонавӣ табдил хоҳад ёфт.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҳисор бо шиносоӣ бо рафти сохтмони варзишгоҳи бузург, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд, маҷмааи Мактаби президентӣ ва Боғи фарҳангию фароғатӣ бо чойхонаи зебои миллӣ оғоз ёфт.
Тавре иттилоъ доданд, варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор, ки майдони асосии он дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд, барои намудҳои гуногуни варзиш ва чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст. Барои сохтмон ва таҷҳизоти варзишгоҳ 38 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ ҷудо шуда, то имрӯз 60 дарсади корҳо анҷом ёфтааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам тезондани корҳои сохтмон ва саривақту босифат омода намудани ин иншооти бошукӯҳи ҷашнӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки тамоми шароити варзишгоҳ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ бояд мувофиқ бошанд, то ки дар он мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ ҳам ба роҳ монда шавад.
Чунонки аён гардид, корҳои сохтмону васлгарӣ дар маҷмааи Мактаби президентӣ босуръат ва сифати баланд идома дорад.
Маҷмааи Мактаби президентӣ дар ноҳияи Ҳисор барои 640 хонандаи болаёқат пешбинӣ шуда, аз биноҳои зебои таълимӣ, 2 хобгоҳ барои 400 хонанда, 2 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо 72 хона барои омӯзгорон, толору майдонҳои варзишӣ ва ҳамаи шароити дигари мувофиқ ба талаби замон иборат мешавад. Барои сохтмон ва ободонии он ҷудо намудани 68 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар назар аст.
Ин муассисаи муосири таълимӣ пас аз чунин боргоҳҳои илму маърифат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Чкалов ва Бохтару Данғара ҳафтумин Мактаби президентӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба ин муассисаи таълимӣ беҳтарин хонандагон тариқи озмун аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Турсунзода қабул карда шаванд.
Боғи фарҳангию фароғатии Ҳисор дар майдони 22 га доман паҳн намуда, дар дохили он чойхонаи боҳашамати миллӣ, гулгаштҳои зебои гуногун, гӯшаҳои табиати кӯҳистони тоҷик ва дашту дамани он, фаввораҳои рангорангу рақсон ва атраксионҳои мухталиф барои бозию дилхушии кӯдакон ҷойгир мешаванд.
Чойхонаи боҳашамат, ки аз ҷузъҳои асосии боғи фарҳангию фароғатӣ аст, аз як толори бузург бо 1600 ҷойи нишаст ва толору утоқҳои зиёди дигар иборат буда, ба яке аз марказҳои бузурги муаррифии фарҳанги миллӣ ба сокинону меҳмонони Ҳисор ва кулли ҷумҳурӣ табдил хоҳад ёфт. Барои ороиши он аз нақшу нигори миллии тоҷикӣ, кандакории болои гач, чӯб, санг, оинабандӣ ва дигар ҳунарҳои зебои мардумӣ, ки солҳои охир ба туфайли таваҷҷуҳи ғамхоронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон аз нав эҳё шуда, вусъат пайдо кардаанд, истифода мешавад.

Ифтитоҳи маҷмааи хизматрасонии Даҳбед
Дар кӯчаи ба номи Н. Қаюмови маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Даҳбед, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари Тоҷпромбонк Ҷамшед Зиёев бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре аён гардид, ин маҷмааи зебо дар заминҳои бекори ба партовгоҳ табдилёфта бунёд гардида, ин мавзеъро ба як гӯшаи зебои мулки Ҳисор мубаддал намудааст.
Маҷмаа аз меҳмонхонаи муосири дорои 60 кати хоб ва ҳамаи шароити зарурӣ, коргоҳи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи корӣ, маркази савдои дорои 75 фурӯшгоҳ, ошхонаю чойхона ва дигар дӯконҳо иборат аст. Тамоми мебели ба меҳмонхонаи ин маҷмаа воридшуда истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ мебошад. Дар як гӯшаи маҷмаа ҳамчунин маркази хизматрасонии Тоҷпромбонк ифтитоҳ ёфтааст, ки барои осону қулай намудани кори тоҷирон пешбинӣ шудааст. Дар ин маҷмаа беш аз 500 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 400 нафари онҳо дӯзандаҳои либос ва устоҳои чирадасти гулдӯзию зардӯзӣ мебошанд. Ғайр аз 200 дӯзандаи дар коргоҳи дӯзандагӣ амалкунанда боз 200 нафар занону духтарони дигар ба кори кӯрпаю кӯрпачадӯзӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар хонаҳои худашон таъмин карда мешаванд.
Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор Ҷамшед Зиёев уҳдадор шуд, ки дар як гӯшаи ин маҷмаа боз корхонаи калони дӯзандагӣ бо 1000 ҷойи корӣ бунёд намуда, то моҳи сентябри соли 2015 ба кор медарорад ва шумораи коргарони маҷмааи Даҳбед ба зиёда аз 1500 нафар мерасад.
Аз ҷониби Тоҷпромбонк ба соҳибони ҳамаи 75 дукони тиҷоратии маркази Даҳбед ҳамчунин 10 ҳазор долларӣ қарзи имтиёзнок барои оғози тиҷорат ҷудо карда шудааст, ки дастгирии хубе барои тоҷирони навкор мебошад.
Тавре иттилоъ доданд, ин танҳо марҳилаи аввали кор аст, дар марҳилаи дуюм дар ин ҷо мошинбозор ва бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошин ва дигар воситаҳои нақлиёт бунёд меёбад, ки дар онҳо беш аз 1000 нафари дигар соҳиби кори доимӣ хоҳанд шуд.
Дар чойхонаи маҷмааи Даҳбед аз ҷониби роҳбари Тоҷпромбонк ҳамчунин хатнасури дастаҷамъонаи 24 писарча аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд, ки кори хайру савоб ва дастгирӣ аз сиёсати башардӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.

Шиносоӣ бо рафти сохтмони Қасри фарҳанг, Китобхона ва Осорхонаи ноҳия
Давоми рӯз дар маркази ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Қасри фарҳанг, Китобхона ва Осорхонаи ноҳиявӣ шинос шуд.
Тавре иттилоъ доданд, бинои сеошёнаи Қасри фарҳанги Ҳисор аз як толори калони дорои 700 ҷойи нишаст ва толору утоқҳои зиёди дигар иборат буда, бо харҷи 17,3 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1,3 га бунёд меёбад. Барои сохтмон ва таҷҳизондани он аз ҷониби ҶДММ Монолити шаҳри Душанбе 70 нафар ба кор ҷалб карда шудааст.
Китобхонаю Осорхона бошад, ҳар ду бо харҷи 15 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд меёбанд. Дар сохтмони онҳо қариб 100 нафар бинокорон бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Биноҳои Қасри фарҳанг ва Китобхонаю Осорхонаи ноҳияи Ҳисор ба ҳам наздик сохта шуда, майдони миёни онҳо тибқи супоришу маслиҳатҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гулу гулзор ва фаввораҳои рангоранг ба як гулгашти зебою сайргоҳи сокинону меҳмонони ин гӯшаи дилписанди Тоҷикистон табдил меёбад.

Боздид аз маҳаллаи 8
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи бунёдшавандаи рақами 8-и ноҳияи Ҳисор, ки сохтмону ободонияш аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Саидов ба роҳ монда шудааст, як бинои бисёрошёнаи истиқоматии дорои 72 хонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо рафти сохтмони дигар биною иншоот бевосита шинос шуд.
Дар нахустин бинои шашошёна, ки мавриди истифода қарор гирифт, асосан оилаҳои аз хонаҳои пешинаи худ кӯчондашуда ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соҳиби хона шуданд. Дар қабати якуми бино маркази тиҷоратӣ ҷойгир шудааст, ки дар он беш аз 60 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва рафти бунёди маҳаллаи 8, ки бо харҷи беш аз 200 миллион сомонӣ амалӣ мегардад, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Саидов ва шарикони дохилию хориҷии ӯ 14 бинои аз панҷ то нуҳошёна ва 140 котеҷи ду ва сеошёна сохта мешавад. Дар ин ҷо ҳамчунин як мактаби замонавӣ барои 640 хонанда, як кӯдакистони зебо барои 140 кӯдак, майдончаҳои варзишӣ, гӯшаҳои дилхушию фароғатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва 6 км роҳи мумфарш бунёд меёбад. Ҳамаи ин корҳо то моҳи августи соли 2015, яъне дар арафаи ҷашни 3000-солагии Ҳисор ба анҷом расонда мешаванд. Дар натиҷа ин маҳалла ба як шаҳраки зебои замонавӣ табдил хоҳад ёфт.
Дар бунёди ин шаҳрак ҳоло 70 шаҳрванди хориҷӣ ва наздики 1400 нафар аз аҳолии Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд, ки то 2000 сомонӣ маош мегиранд. Оянда танҳо дар марказҳои тиҷорату хизматрасонии он беш аз 1500 нафар соҳиби кори доимӣ мешаванд.

Боздид аз боғи интенсивии деҳаи Ҷавонон ва зироатҳои хоҷагии деҳқонии Амониён
Чунонки иттилоъ доданд, боғи интенсивии навъҳои дар бозори ҷаҳонӣ маъруфи себ, аз ҷониби ҶДММ «Ситабр агро» бо технология ва усулҳои италявию испанӣ дар майдони 10 га бунёд ёфтааст.
Афзалияти аз ҳама муҳими ин боғ аз боғҳои бобоӣ дар он аст, ки ниҳолҳои он дар соли якуми сабзиш аллакай қисман ба ҳосил омада, дар соли чорум пурра ҳосилдеҳ мешавад. Барои пурра ба ҳосил омадани боғҳои бобоии себ қариб 10 сол лозим аст. Ғайр аз ин ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ 3-4 баробар аз боғҳои бобоӣ зиёд аст.
Масофаи миёни ниҳолҳо дар қатор аз 90 см то 120 см ва масофаи миёни қаторҳои боғ 3,8 м буда, дар як га 2960 ниҳол шинонда мешавад.
Аз як гектари чунин боғ дар соли дуюм то 25 тонна, соли сеюм то 50 тонна ва аз соли чорум, ки вақти пурра расидани ниҳолҳо аст, то 80 тонна ҳосили себи хушсифату бозоргир рӯёндан мумкин аст. Аксари кулли меваи ин боғ ба хориҷи кишвар содир хоҳад шуд, зеро сифати хеле баланди стандарти ҷаҳонӣ дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои дуруст ба роҳ мондани ин кор ҳамчунин барои 3 ҳазор тонна сардхона ва ё яхдони нигоҳдории мева бунёд намоянд ва таъкид дошт, ки ин кор ҳамчунин дастовези хубе хоҳад буд ба истиқболи 3000 - солагии Ҳисор.
Нигоҳубини чунин боғҳо, албатта, бо технологияи навтарин ба роҳ монда шуда, ҷараёни обу ғизодиҳӣ ва ҳимояи ниҳолҳо аз ҳашароту бемориҳо тавассути барномаҳои махсуси компютерӣ назорат карда мешавад. Ниҳолҳо бо усули қатрагӣ об дода мешаванд.
Дар як гӯшаи ин боғ барои омӯзиши мутахассисон маркази таълимӣ бунёд ёфтааст, ки дар заминаи он Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба донишҷӯёни худ дарсҳои амалӣ ба роҳ мемонад.
Аҳли заҳмати ин хоҷагӣ азм доранд, ки тирамоҳи соли равон дар 10 гектар замини дигар чунин боғ бунёд намуда, майдони умумии онро ба 20 га расонанд.
Дар хоҷагии деҳқонии Амониёни ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори намунавии аҳли заҳмати он бевосита шинос шуд.
Чунонки иттилоъ доданд, деҳқонони пуртаҷрибаи ин хоҷагӣ аз ҳар гектари картошкаи барвақтӣ то 28-тоннагӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи он кишти такрории сабзавотро ба роҳ мондаанд.
Аз ҳар га замини ҷуворимаккаи дон, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва риояи агротехнологияи муосир кошта шудааст, то 180 сентнерӣ ҳосил гирифтанианд.

Навсозии роҳҳои маҳалли Ҳисор дар авҷ аст
Дар маркази ноҳияи Ҳисор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди авҷи навсозии роҳҳои маҳаллӣ гардид.
Чунонки иттилоъ доданд, бо роҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон танҳо аз ҷониби ширкати ватании «Роҳҳои тоҷик», ки роҳбараш соҳибкори маҳаллӣ Қурбонмурод Неъматов аст, дар ин ноҳия бояд 25 км роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои худи ин ширкат навсозӣ шавад. Қисмати зиёди ин кор то моҳи сентябри соли 2015 дар доираи омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор анҷом ёфта, боқӣ то соли 2016 ба поён хоҳад расид.

Ифтитоҳи корхонаи бузурги хишти пухта
Худи ҳамон рӯз дар ҷамоати шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи бузурги хишти пухта, ки бо технологияи навтарини японию чинӣ фаъолият дорад, ба кор дароварда шуд, ки бо иқтидори лоиҳавияш дар як сол беш аз 80 миллион дона хишти аълосифати М-75 истеҳсол мекунад.
Ин корхона бо саҳмгузории муштараки соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов ва шариконии чинии ӯ бунёд ёфта, ҳоло дар он наздики 100 нафар бо кори доимӣ ва маоши аз 1,5 ҳазор то 5 - 6 ҳазор сомонӣ таъмин шудаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2013 дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамагӣ 65 миллион дона хишти пухта истеҳсол шудааст. Ин корхона бошад, метавонад беш аз 80 миллион дона хишти пухта дар як сол истеҳсол намуда, нархи онро қариб 50 дарсад арзон намояд. То ба кор даромадани ин корхона нархи як дона хишти пухта ҳудуди 80 дирам то ба як сомонӣ баробар шуда будааст. Аз ин корхона ҳоло як дона хишт бо нархи 42 дирам фурӯхта мешавад ва ин бо вуҷуди он, ки маҳсулоти ин корхона аз ҷиҳати сифат низ аз беҳтаринҳо аст.
Соҳибкор Абдулло Ҳасанов ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл дод, ки то соли оянда боз як то чунин корхона бо ҳамин иқтидор бунёд намуда, нархи хишти пухтаро то ба 37 дирам поён мебарад. Дар сурати ба кор даромадани корхонаи дуюми ин соҳибкор ҳаҷми истеҳсоли хишти пухта дар Тоҷикистон қариб 3 баробар афзун мегардад, ки, албатта, боиси коҳиш ёфтани нархи он мешавад.
Тавре зикр гардид, сирри асосии паст будани нархи хишти ин корхона дар истифодаи технологияи худкор, сарфи ками барқ, ангишт ва неруи кории инсон аст.
Абдулло Ҳасанов азм дорад, ки аз ҳисоби фоидаи софи корхона дар ноҳияи Ҳисор як мактаби замонавӣ барои 640 хонанда бунёд намояд. Чунонки иттилоъ доданд, барои тармиму навсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагии мактабҳои ноҳияи Ҳисор аз ин корхона хишти ройгон дода мешавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин корхона баҳои баланд дода, ташаббускории ин соҳибкори баору номуси ватаниро ибратбахш арзёбӣ намуд.

Ифтитоҳи меҳмонхона ва маркази муосири хизматрасонӣ
Дар ҷамоати деҳоти Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхонаи зебо ва маркази хизматрасонии дорои шароити муосири ҷаҳонӣ ба истифода дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Саидов бунёд ёфтааст.
Меҳмонхона дорои 30 кати хоб буда, бо дигар шароити муосири дар он бунёдёфта ба дараҷаи 4 ситора баробар аст.
Гулгаштҳои атрофи меҳмонхона дорои ҳавзи шиноварии зебо бо оби ҳамеша покшаванда ва ҳарорати муътадил, шароити офтобдиҳии бадан, майдончаи варзишӣ, фаввораҳои рақсони рангоранг ва дигар ороишоти дилнишин мебошанд.
Рустам Саидов минбаъд азм дорад, ки майдони ин маркази зебои истироҳату фароғатро васеъ намуда, дар ҳудуди он бо боғу токзори намунавӣ, ҳавзи моҳипарварию моҳидорӣ, мамнуъгоҳи табиӣ, шикоргоҳ ва ғайра шароити муосир барои сайёҳони экологӣ муҳайё созад.

Барқарорсозии симои таърихии қалъаи Ҳисор
Зимни боздид аз ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни барқарорсозии симои таърихии қалъаи Ҳисор низ бевосита шинос шуда, таъкид дошт, ки ин яке аз муҳимтарин иншооти ҷашнӣ ба шумор меравад.
Тавре аён гардид, бо маблағгузории мутамаркази ҷумҳуриявӣ таҳти назари олимону мутахассисони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар аз ҷониби бинокорони моҳир барқарорсозии симои таърихии ин ёдгории бостонӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷараёни барқарорсозӣ деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, қасри Мири Ҳисор, ҳавзи дохил, сарбозхона ва иншооти дорои аҳамияти таърихии он навсозӣ хоҳанд шуд.
Ҳамзамон дар ин ҷо олимони бостоншиносу таърихнигор бо ҳафриёту тадқиқоти илмию амалӣ машғуланд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тамоми корҳо бояд бе расондани осеб ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ анҷом дода шаванд ва қалъаи Ҳисор беш аз пештара сайёҳону дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро ба худ ҷалб намояд.

Мулоқот бо аъзои Кумитаи тадорукоти ҷашн
Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор ва роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва дигар масъулони ҷумҳуриявию маҳаллиро шунида, зимни ҳисоботи онҳо ва суханронии худ доир ба тезондани омодагӣ ба ин ҷашни фархунда, босуръат ва сифати баланд анҷом додани сохтмону таҷҳизи иншооти сершумори ҷашнӣ, ободу зебо намудани Ҳисори бостонӣ ва ба як шаҳри зебою муосир табдил додани маркази ин водии зархез супоришҳои мушаххас дод.
Бо хушнудӣ зикр гардид, ки 3000-солагии Ҳисор ба феҳристи санаҳои таърихиву фарҳангии созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст ва он бояд дар сатҳи баланд ва бо омодагии ҳамаҷониба истиқбол шавад.
Дар навбати аввал ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки барои сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расондани иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохташаванда, аз ҷумла варзишгоҳ, Мактаби Президентӣ, Кохи фарҳанг, осорхона, китобхона ва роҳҳои мошингард чораҳои мушаххас андешад.
Инчунин ба масъулони бунёди Чойхонаи миллӣ ва маркази савдои Гипермаркет, ки тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд сохта шаванд, дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонро тезонанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор шуд, ки доир ба таъмини иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012 - 2016“, аз ҷумла сохтмону навсозии иншооти ба нақша гирифташуда ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расондани сохтмону навсозии 6 иншооти пешбинишудаи соҳаи маориф чораҷӯӣ намояд.
Зикр гардид, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000 - солагии Ҳисор сохтмон ва барқарорсозии 223 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора тибқи қарори Ҳукумат 25 иншоот ва тибқи рӯйхати иншооте, ки баъди мулоқоти Президенти кишвар бо соҳибкорон ва роҳбарону фаъолони ноҳия бо ташаббуси соҳибкорони ноҳия дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, 191 иншоот пешбинӣ гардидааст.
Тибқи маълумот аз 191 иншооти ҷашнӣ, ки бояд аз ҳисоби соҳибкорон сохта, ба истифода дода шавад, то имрӯз ҳамагӣ 6 иншоот ба истифода супурида шуда, дар 19 иншоот корҳои таҳқиқотиву лоиҳакашӣ идома доранд.
Оғози сохтмони 107 иншоот бо мушкилоти заминҷудокунӣ ва воридсозӣ ба нақшаи генералии маркази ноҳияи Ҳисор рӯ ба рӯ шудаанд. Аз ин хотир, ба раиси ноҳия ва роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки ҳамкориро бо соҳибкорони бонангу номуси ноҳия ҳарчи бештар вусъат дода, мушкилу монеаҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намоянд.
Ҳамзамон бо хушнудӣ таъкид гардид, ки аз ҷониби як қатор соҳибкорони маҳаллӣ берун аз нақша иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст.
Ба Академияи илмҳо супориш дода шуд, ки омӯзиши археологӣ ва корҳои ҳафриётиро дар мавзеъҳои «Қасри ҳоким», «Қалъаи Ҳисор» ва дигар ёдгориҳои таърихӣ суръат бахшад.
Муовини Сарвазир Муродалӣ Алимардон, директори Агентии захираҳои моддӣ Нурмаҳмад Ахмедов ва раиси ноҳия вазифадор шуданд, ки якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон доир ба омодагии ҳамаҷонибаи иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла терминали мусофиркашонӣ, меҳмонхона, бозор ва марказҳои савдову хизматрасонӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Бори дигар таъкид гардид, ки ҳарчи зудтар ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ба нақша гирифташуда, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ вазифаи ҷонии роҳбарону масъулони ноҳия ва соҳибкорон мебошад.
Супоришҳои дигар доир ба баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ, таъмиру тармими ҳар як хонаву кӯча, тозаву озода нигоҳ доштан ва бо гулу дарахтҳои зебо ороиш додани кӯчаву хиёбонҳои ноҳия, вусъат додани корҳои таблиғотии вобаста ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор, таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи баланди миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва ватандӯстиву созандагӣ дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар сурати пурра иҷро шудани ҳамаи нақшаҳои омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар ин ҷо беш аз 12 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони баору номуси ноҳия ва хусусан ба 4 соҳибкори бонуфуз: Рустам Саидов, Ҷамшед Зиёев, Қурбонмурод Неъматов ва Абдулло Ҳасанов барои иштироки фаъол дар бунёди иншооти зиёди ҷашнӣ дар ноҳияи Ҳисор арзи сипосу қадрдонӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки иқдомоти онҳо намунаи ибрат барои дигар соҳибкорони баору номуси кишвар мегардад.
Таъкид гардид, ки “ҳадафи асосии ҳар як ҷашну чорабинӣ ободу зебо гардондани ин ё он гӯшаи диёрамон ва дар маҷмӯъ ободонии Ватанамон мебошад”.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2014    №: 163    Мутолиа карданд: 1695
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед