logo

маориф

Нуралӣ Шоев: МАКТАБИ СОЗАНДАГИИ ПРЕЗИДЕНТ БЕНАЗИР АСТ

Роҷеъ ба ободонию созандагӣ, зебоманзарӣ ва дастовардҳои назарраси Донишгоҳи технологии Тоҷикистони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби донишандӯзӣ ва тарбияи кадрҳои соҳаи технология дар солҳои  соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ  бисёр шунидем.

Ихтирооти ҷолиби донишҷӯи ин маъвои касбомӯзӣ – электромобилро ҳам тариқи телевизион дида будем. Вале вақте дар мо хоҳиши аз наздик дидани донишгоҳ нуфуз кард ва ба суҳбати ректор мешитофтем, ба ҳавлии таълимгоҳ ворид шудан замон  пеши чашмамон манзараи камназире кушода гардид ва дарк намудем, ки таассуроту тасаввуротамон оид ба ҳарчи ки дар ҳамбастагӣ ба ин донишгоҳи олию ректори он доштаем, фоли нек будааст. Ба шаҳраке даромадем боғию гулгаштдор. Пайраҳаҳои ду тарафи ҳавлии шаҳрак, ки канорашонро ниҳоли гулу дарахтон чун шероза ороиш додаанд, диққати касро рабуда, онро ба пеш, дарунтари ҳавлӣ рафтан ҳидоят мекунанд. Баъди ҳамагӣ чанд қадами башумор аз самти чап гулбоғе хушрӯю дилҷӯ бо пайроҳачаҳо ва дар фосилаи муайян нишастгоҳҳои бароҳати болопӯш, ки донишҷӯён дар ин рӯзҳои барояшон серташвиши имтиҳонсупорию хатмкунист, нишаста, ғарқи мутолиа ва ё иншоанд, пеши назар доман густурдааст. Фароғатгоҳеро мемонад ин гулбоғи беназир.
 Аз пайраҳаи самти рости ҳавлӣ дарунтар меравем. Дар ҳар қадам ниҳолеву дарахте, гулу гулбуттае. Гулҳои садбарг, бахусус хайрӣ бо ранги сафеду зарду арғувон аз дигар гулҳо бештар ба назар мерасад. Қариб дар ҳама ҷо. Чаро ин тавр? Ҳоло меравем ба назди ректор ва ин сирро аз ӯ хоҳем пурсид. Ва суҳбати мо сар мешавад бо Нуралӣ Шоев,  номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, аз боби ободонӣ, таълим,  тарбияи фаҳмиши технологӣ, рақобатпазирии донишҷӯ, илму мактабҳои илмӣ дар донишгоҳ, ки ӯ худ ва дигар олимон  таъсис додаанду ба ҳаёту фаъолияти илмию педагогӣ ва роҳбарии мавсуф пайвастагии зич доранд.
 - Баъди хатми донишгоҳи муҳандисӣ - сохтмонии Киев ва дарёфти унвони номзади илмҳои техникӣ дар Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон (он вақт Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон)  ва Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон фаъолият доштам. Баъди воқеаҳои февралии соли 1990, вақте ки бисёр мутахассисон аз ҷумҳуриамон баромада рафтанду зарурати ташкил кардани як таълимгоҳи олие дар омода кардани мутахассисони соҳаи технологияву саноати сабук ва саноати хӯрокворӣ пеш омад, ман дар ҳайати гурӯҳи ташкилии ҳамин донишгоҳ ворид шудам,- риштаи суҳбатро ба даст мегирад ӯ. - Дар қадами аввал ин донишгоҳ Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон номида мешуд, баъдан ба Донишкадаи саноати сабук ва хӯрокворӣ табдил ёфт ва соли 1993 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон унвон гирифт. Аз моҳи декабри соли 2008 вазифаи ректории ин донишгоҳро ба уҳда дорам. Ва гуфтан мумкин аст, ки ҳама зинаҳои бакамолрасии ман, аз омӯзгору саромӯзгор то ба ректор,  дар ҳамин ҷо ташаккул ёфтааст, - мегӯяд ӯ дар посух ба пурсиши мо дар бораи худаш ва меафзояд:  - Ректори Донишгоҳи технологии  Тоҷикистон таъйин шуданам аз ҷониби Сарвари давлат  бароям шарафи бузург буд ва ман ин бовариро қадр мекунам. Бо ин ман ва дигар ҳампешагонам муваззаф шудем, ки  дар тайёр кардани мутахассисони соҳавии рақобатпазир амиқ андеша кунем, усулҳои санҷидашудаву самаровари таълимро ба роҳ монем, барнома бисозем, роҳҳои нави ҳамкориҳоро ҷустуҷӯю дарёфт намоем. Дар баробари ин, аз рӯзҳои аввали ба ҳайси ректор ба донишгоҳ омадан  андешаи ободонию дигаргунсозии муҳити ҷои кор маро ҳамроҳӣ мекард. Албатта, ин ба ихтисоси ман – муҳандиси бинокор алоқамандие ҳам дошт, ки ландшафтсозӣ, зебогардонии атроф аз фанҳои асосии мо дар донишгоҳ буд. Баъдан ман дар соҳаи таҳсилоти олӣ тадқиқот бурда, моделҳои навгониро татбиқ намудам.
Хуб, гуфтем, ки баъд аз роҳбари донишгоҳ таъйин шудан корро аз ободонӣ сар кардем. Албатта, ин кор солҳои пешин низ оғоз ёфта буд, лекин ҳар як роҳбар мехоҳад дониши назариявӣ ва таҷрибаи хешро истифода барад...  Хуб, дар навбати аввал ҳавлии донишгоҳро ба тартиб овардем: аз ду тараф  пайраҳа сохтем,  барои истироҳату фароғати донишҷӯён ва ҳам бошандагони маҳаллаи ҳамшафат гулбоғ бунёд кардем ва бо ин  ҳавлии донишгоҳ симои як шаҳракро гирифт. Ободонии донишгоҳ ба ҳаёти сокинони маҳаллаи ҳамшафат низ бетаъсир намонд. Аз истифодаи оби равони ҷӯйи калоне, ки аз поёни ҳавлии таълимгоҳ ва паҳлуи маҳалла мегузарад, солҳо боз аз сабаби набудани ҷӯйбор сокинони маҳалла бенасиб будаанд.
Мо ба сӯйи маҳалла ҷӯйбор овардем  ва сокинони маҳалла тавонистанд бо баҳрабардорӣ аз он обчакорию дарахтсабзонӣ кунанд, маҳаллаашонро сабзу хуррам гардонанд.
Ана, ҳамин ду ҷузъи тарбиявӣ, яке дарсҳои ландшафтсозӣ дар Киев ва  дигар таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлатамон дар боби ободонию  созандагӣ моро ба  ин дигаргунсозиҳо ҳидояту раҳнамун сохтанд.
Вақте ки дар рӯзи аввали таҳсил -1 сентябри соли 2011 Президенти мамлакат, шахсе, ки тамоми кишварро обод кардаанд, ба донишгоҳи мо қадам ранҷа намуда,  натиҷаи заҳматҳоямонро диданду пазируфтанд, сари мо ба осмон расид. Ман чунин мешуморам, ки ободкорию созандагӣ мактаби тарбиявии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст ва дарсҳои он бояд дар ҳамаи таълимгоҳҳои миёнаву олии кишвар дар барномаҳои тарбиявӣ ҷорӣ карда шаванд. Ин мактаби тарбияи бузургест, ки дар ниҳоди насли ҷавон - мутахассисони оянда шавқу завқ ва меҳри ободкориро мепарварад. Мо ҳам  дар таъсири ҳамин мактаб тавонистем як гӯшаеро ободу гулкорӣ кунем. Ҳадаф тарбияи созандагӣ ва зебоипарастӣ дар ниҳоди насли наврас аст. Зиёда аз 6 ҳазор донишҷӯе, ки дар донишгоҳи мо таҳсил мекунад, тӯли панҷ сол ин ҳамаро дида,  дар ниҳодашон ҳатман ҳиссиёти созандагию зебоипарастӣ бедор хоҳад шуд. Бар илова, мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки бо зиёда аз 40 донишгоҳи хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, вақте ки намояндагони онҳо ба назди мо меоянд, ба эшон як донишгоҳи ободу  замонавии диданиро нишон дода натавонем. Чун онҳо бинанд, ки донишгоҳи мо ба талаботи шартномавиашон ҷавобгӯй нест, аз мо дурӣ меҷӯянд.
- Маълум, ки ободкорӣ, хосса зебоиофарӣ кори осон нест. Шояд дар ниҳоди худатон ба ин корҳо, бахусус гулпарварӣ таваҷҷуҳе бедор буд?
- Бешубҳа. Аввалан ман дар кӯҳистоне таваллуд шудаам, ки он ҷо гули хайрӣ бисёр мерӯяд. – мегӯяд ӯ сирреро, ки соате қабл  моро ба миён афтода буд, ошкор сохта . - Ғайр аз ин, мо бо донишгоҳҳои Русияву Украина ва дигар давлатҳо ҳамкориҳо дорем, баъзе тухмии гулҳоро аз он мамлакатҳо овардем.  Аз маҳсули дасти гулпарварони ватанӣ низ бебаҳра нестем.
Вақте ки замон рӯ ба ободкорию созандагӣ, рӯ ба тараққист, бояд ҳамқадами он буд. Табиист, ки ҳамчун ректор ман наметавонистам аз ин раванд дар канор истам. Тоҷикистон худ кишвари сабзу хуррами зебост ва дар ин кишвар - дар иҳотаи зебоӣ зебо бояд зист. Бе ин ҳам ба майли худ дигаргунсозию  перостани муҳити зисти худ хоси ҳар як инсонест, ки худро инсон мешиносад ва ҳурмат мекунад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар тавъам ба рушди соҳаест, ки  ба зимма дорад, ободонист. Агар алҳол ин мавзӯъро як сӯ гузошта, аз самараи  фаъолияти асосиамон дар донишгоҳ сухан ба миён оварем, мо тавонистем дар омӯзиши  технологияи нав ва пешбурди тадқиқоти илмӣ дар солҳои охир ба натиҷаҳои назаррас расида бошем. Амалкарди  бевоситаи 30 мактаб - семинари илмӣ  дар донишгоҳ ва дар ин замина  тарбияи 43 номзад ва доктори илм, муаррифии бисёре аз ихтирооти донишҷӯён дар намоишгоҳҳои таълимгоҳҳои олии кишвар аз ин ҷумлаанд. Танҳо дар се соли охир мо тавонистем бо иштироки худ дар  ТЕМПУС ва дигар барномаҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо шуда, ба маблағи 380 ҳазор евро ба донишгоҳ таҷҳизот ворид намоем, 50 нафар омӯзгорамонро ба хориҷи кишвар ба бозомӯзии касбӣ фиристем, дар ҳамкорӣ бо таълимгоҳҳои олии Федератсияи Русия аз донишгоҳ ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Исфара  шумораи зиёди  донишҷӯёнро аз ҳисоби буҷети Русия дар донишгоҳҳои олии ин мамлакат  хононем. Итминони комил дорам, ки агар ҳамкориҳои мо ҳамин тавр идома ёбанд,  мо сатҳи тараққиётро дар ҳама самтҳо, бахусус дар самти таълиму тарбия боз ҳам боло мебарем. Алҳол мо модели сифати таҳсилотро дар амал татбиқ намуда истодаем. Гирифтани таълими олии баландсифат аз ҳадафи асосии ин модел  маҳсуб меёбад. Акнун бояд мафкураи донишҷӯ будан аз лаҳзаи аввали ба таълимгоҳ омадан мазмуну мундариҷаи дигар, фалсафаи таълимоти нав дошта бошад. Агар ҳамин ҳолат рух диҳад, аминам, ки солҳои оянда дар тамоми равияҳо, аз таълимгоҳҳои миёнаю  касбӣ сар карда то донишгоҳи олии кишвар, ҳатман тағйироти куллӣ ба амал хоҳанд омад.
Имрӯз мо аз он дарки қаноатмандӣ мекунем, ки агар солҳои 1990-ум  бо надоштани заминаи зарурии таълимӣ вазифаҳои хурдтареро назди худ гузошта бошем, пас аз истиқлолияти ҷумҳурӣ, вақте ки Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, ба рӯи  мо ҳама дарвозаҳо боз гардиданд ва мушкилот батадриҷ паси сар шудан гирифт: Мо тавонистем бо донишгоҳҳои олии хориҷӣ алоқаи ҳамкорӣ ба роҳ монем, донишҷӯёну омӯзгоронамонро барои таълим гирифтану такмили ихтисос ба хориҷи кишвар фиристем, соҳиби озмоишгоҳҳо ва омӯзгорони соҳибтахассус гардидем, мустақилона дар доираи салоҳиятҳои худ ба ободкорию созандагӣ, дигаргунсозӣ  густурдатар даст ёбем. Вале алҳол вобаста ба татбиқи амалии сиёсати «Дарҳои кушода» - и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди инноватсионии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва дигар маҷмӯи барномаҳои ислоҳотии соҳа зарурате пеш омадааст дар назди ҳар омӯзгору донишҷӯ талаботи махсус пеш гузорем. Муҳтавои ин талабот мувофиқ ба тақозои замон ва иқтисодиёти мамлакат омода кардани мутахассисест рақобатпазир. Зеро рақобатпазирии иқтисодиёт аз рақобатпазирии мутахассис сарчашма мегирад. Агар мутахассис рақобатпазир набошад, ҳеҷ гоҳ мо ба роҳи рушд, мақсади пешгузоштаамон расида наметавонем. Бино бар ин, ҳоло дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барномаи рақобатпазиргардонии донишҷӯён амал мекунад, ки тибқи он донишҷӯ дар давраи таҳсил  бояд худро ба ҳафт талабот, аз ҷумла тартиб дода тавонистани модели мақсадноки худтакмилдиҳии касбӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионии тахассусӣ, фаъолият дар низоми «Ҳукумати электронӣ», донистани яке аз забонҳои хориҷӣ, таҳияи бизнес-нақшаҳо ва ғайра ҷавобгӯй созад. Яъне, донишҷӯ бояд фаҳмиши навини илму техника дошта бошад, малакаи фикрронии соҳибкорӣ ҳосил намояд, омодаи бунёди корхонаи нав бо технологияи навин бошад. Донишҷӯ бояд дарки масъулият кунад, ки асри 21 асри танҳомонии шахсият аст. Дар ин аср ба падару модар ё дигар кас наметавон умед баст, ки онҳо ба ман дунёи хушбахтӣ меоранду маро хушбахт мегардонанд, ҳама мушкилотамро ҳал мекунанд. Агар дар мафкураи донишҷӯ ҳамин гуна фикр бошад, аз он ояндаи хубро наметавон интизор шуд.
Тоҷикистонро ҳоло зиёда аз 150 давлати дунё шинохтанду пазируфтанд, ҷумҳурии мо узви Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид.   Ин моро муваззаф месозад, ки барои устуворгардонии ҳамкорӣ бо ин давлатҳо мутахассисони тайёркардаамон  низомҳои байналмилалии фаъолиятро  донанд, соҳаи худро дар сатҳи тахассусӣ бо забонҳои хориҷӣ муаррифӣ  карда тавонанд.
Барои он ки донишҷӯёнро ба ҳамин талабот мутобиқ гардонем, дар назди донишгоҳ Маркази мониторинги рақобатпазирии донишҷӯ дар бозори озоди меҳнат ташкил кардаем. Сайти махсуси интернетие кушодаем, ки дар бораи технологияи кадом соҳаро хуб азхуд кардани ин ё он донишҷӯ ва кадом забонҳоро дар кадом сатҳ донистанаш маълумот медиҳад. Ҳадафи асосӣ дар фазои кишвар фаҳмиши техникиву технологӣ эҷод намудан аст. Зеро бе ин наметавон ба тараққиёти мукаммал расид. Ҳоло  як гурӯҳи калони ҷавонони мо таълимгоҳҳои олии Русияву  Украинаро хатм карда омадаанд ва онҳо тайёранд дар ташаккулёбии технологияҳои нави тамоми соҳаҳо саҳм бигиранд.
Дар бораи рақобатпазирии устодон низ ҳамчунин. Ҳоло миёни омӯзгор ва олим як садди хурдакакест, ки бояд онро аз байн бардошт. Олими барҷастае вомехӯрад, ки наметавонад омӯзгори асил  бошад, ё баръакс, омӯзгори хубест, ки дар кори илмӣ дасткӯтоҳӣ дорад. Барои ҳамин мо барномаҳои махсусе  рӯйи даст дорем ҷиҳати аз байн бардоштани ин девор, ки тавонем олимию омӯзгориро ба ҳам бипайвандем. Бо ин мақсад донишҷӯёни алоҳидаро пас аз хатм ба магистратура, оне, ки қариб ба аспирантура баробар аст,  ба омӯзиш мефиристем.
Ӯ аз боби фароҳамии шароити хуби таълиму тарбия барои  мутахассиси оянда  дар ҳудуди донишгоҳ ҳарф мезанад.  Дар бораи он, ки дар донишгоҳ беш аз 250 нафар омӯзгорон, аз ҷумла академикҳо ва аъзои вобастаи АИ ҶТ, докторону профессорон ва номзадҳои илму дотсентон дар 8 факулта аз рӯи 20 ихтисос ба  зиёда аз 6 ҳазор донишҷӯён таълим медиҳанд. Донишгоҳ ғайр аз муассисаи асосӣ дар пойтахт дар Кӯлоб ва Исфара филиал ва дар Душанбе ва Кӯлоб гимназияҳо дорад, ки ҳамчун зерсохторҳои мустақил раванди ягонаи таълиму тарбияро таъмин мекунанд. Дар бораи он, ки чи тавр дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Тернополи Ҷумҳурии Украина  дар донишгоҳ факултети муштараки тоҷикӣ - украинӣ кушода шудааст ва он барномаҳои гуногуни зинавии ихтисосҳои мухталифро бо ин мактаби олӣ  амалӣ мегардонад, чи тавр дар асоси шартнома бо истифода аз имкониятҳои факултаҳои муштараки тоҷикӣ-русиягӣ зиёда аз 700 нафар донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои техникию технологӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Иваново, Кострома, Ярославл ва Воронеж таҳсили худро аз ҳисоби буҷети Федератсияи Россия бомуваффақият идома медиҳанд ва дар маҷмӯъ шумораи донишҷӯёне, ки дар асоси барномаҳои муштарак аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Русия, Америка ва Украина таҳсил мекунанд, ба 1100 нафар расидааст.
Вале дар бораи бисёр корҳои намоёни дигар, ки дар донишгоҳ дар чанд соли охир роҳандозӣ шудаанд ё фаромӯш мекунад, ё онҳоро муқаррарӣ шумурда, кирои гап намедонад, ки чизе намегӯяд. Ва вақте, баъди саранҷом кардани чанде аз корҳои оҷилиаш дар ҳамбастагӣ ба ҳимояи рисолаи дипломии донишҷӯён дар роҳбаладии ӯ бо мақсади шиносоии бевосита ба фаъолияти донишгоҳ дар долонҳои он қадам мезанем, худ дидаву мушоҳида менамоем, ки  дар бағали бинои асосии таълимӣ дар утоқҳои ҷудогона Парки инноватсионӣ-технологии «Фановар», ки дар як вақт нақши Маркази тадқиқоти илмии донишҷӯён ва ҳам озмоишгоҳро иҷро мекунад, Маркази эҷодиёт ва ихтирооти техникии донишҷӯён, Маркази сайқали донишҳои компютерии донишҷуён, Маркази бақайдгирӣ ва идораи «Ҳукумати электронӣ» амал менамоянд, ки гурӯҳ-гурӯҳ толибилмони ҷавон дар дохили онҳо машғули омӯзишанд. Аз устодону роҳбарони ин марказҳо мешунавем, ки  донишҷӯён дар самти таҳия ва муаррифии лоиҳаҳои инноватсионии тахассусӣ фаъолияти пурсамар доранд. Дар оғози ҳар нимсолаи таҳсил миёни донишҷӯён оид ба таҳияи лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионӣ озмун эълон гардида,  ғолибон аз ҷониби маъмурият бо мукофотҳо қадр қарда мешаванд. Дар сохтори факултети ташаккули имиҷ ва модели аврупоии таҳсилот гурӯҳҳои академие фаъолият менамоянд, ки таълимашон пурра бо забони англисӣ сурат мегирад. Доир ба истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи захираҳои обӣ магистратура таъсис дода шудааст. Донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии соҳавии «Донишҷӯи сол» ва «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» пайваста ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Ба саромӯзгори кафедраи кимиёи донишгоҳ Файзигул Раҳимова худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2013» - ро супурдааст. Худ бо чашми сар дар Маркази ихтирооти донишҷӯён мебинем, ки электромобилҳо, гаҳвораи худкор, роботи электромеханикии «Наҷот», дӯғкашаки электронӣ ва компютери донишгоҳӣ аз ҷумлаи ихтироот ва эҷодиёти зеҳнии муҳандис-технологҳои оянда дар ин таълимгоҳанд. Беҳуда нест, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар феҳрасти 200 беҳтарин муассисаҳои олии таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҷой дода шуда, миёни 400 донишгоҳи ИДМ дар раддабандӣ бар пояи се нишондиҳанда – фаъолияти таълимӣ, тадқиқотӣ ва байналмилалӣ мақоми сазовор дорад.
Вақте ки мо дубора ба дафтари кории ректор бамегардему  аз изҳори таассуротамон аз дидани  китобхонаи электронӣ ва ҳам анъанавии донишгоҳ худдорӣ карда наметавонем,  дар лабони ӯ табассум медамад.  Вале ин табассум дер намепояд. Дар чеҳраи лаҳзае пеш рӯшанаш соя мехамбад.
 - Медонед, метавонем 2 миллион нусха китоб дошта бошем, лекин гап сари шумора нест. Имрӯз зери таъсири технологияҳои компютерӣ таваҷҷуҳи донишҷӯён ба китобу мутолиаи китоб торафт коҳиш меёбад, - мегӯяд ӯ бо афсӯс. - Омӯзиши куллиёти Рӯдакии бузург бо компютер дигар асту китобашро ба даст гирифта варақ зада хондан дигар. Вақте ки китобро ба даст гирифта, мутолиа мекунӣ, меҳнати муаллиф эҳсос мешавад, қадршиносӣ сар мешавад, қадршиносии заҳмати дигарон. Хондани китоб дар компютер чунин эҳсосот намебахшад, хаёл мекунӣ, ки ин заҳматро техникаю  имкониятҳои техникӣ бар дӯш доранд. Мутолиаи китоб ҷузъи ҷудонашавандаи тарбияи касбӣ, тахассусии ҳар  инсон аст.
Мо дарди дили ӯро амиқ эҳсос мекунем. Медонем, ки ӯ бо китобу китобхонӣ ба чунин донишмандию унвонҳои илмию педагогии баланд, ба ин рӯзҳои  пурҷӯшу хурӯши фаъолият, давраи камолот расидааст. Ӯ худ муаллифи ҳашт китоб, ҳашт монографияи илмист. Дар мавзуи технологияҳои муосири тарбиявӣ-таълимӣ дар таълимгоҳи олӣ дар Киев рисолаи номзадӣ ва доир ба  назария ва амалияи таълимоти олӣ дар Санкт-Петербург рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муҳтавои ҳарду рисолааш мавзӯи  технологияи таълимӣ – тарбиявии рақобатпазиргардонии шахсият дар ҷаҳони муосир аст, ки дар ин боб  рисолаи докторӣ навиштану  унвони докторӣ ҳимоя кардани касеро дар ҷумҳурӣ то ҳол намедонем. Ӯ дар системаи таҳсилоти олӣ мактаби технологияи инноватсионии худро таъсис дода, дар ин мактаб таълиму тарбияи шогирдонро бар уҳда дорад.  Таҳти сарпарастии ӯ то имрӯз чор нафар дар соҳаҳои татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар таълимгоҳи олӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст, ки се нафари онҳо дастпарварони мактаби ӯянд. Боз чанде  аз шогирдонаш дар арафаи ҳимояи унвони илмии номзадианд.
- Ман бар замми вазифаи ректорӣ роҳбарии яке аз мактабҳои илмиро бар уҳда дорам, - мегӯяд Нуралӣ Наботович, - вале дар ин ҷо боз олимони шинохта Рашид Раҳимов, Амир Катаев, Қурбон Восиев, Олимҷон Хоҷамуродов, Туҳфа Ҷумъаевна ва Зафар Ҷӯраев мактаби илмии худро доранд. Ман ба Амир Катаев, ки алҳол вакили порлумон ҳастанду то ректор таъйин шуданам  дар донишгоҳ ин вазифаро иҷро мекарданд,  сидқан сипосгузорам. Ҳамаи онҳое, ки пеш аз ман ба  ҳайси роҳбар кор мекардаанд, низ заҳмат кашида, дар ободонии ин донишгоҳ саҳм гузоштаанд.  Амир Катаев ҳам мактаби илмӣ ва барномаи бунёдкорию  созандагии худро дошт.
Имрӯз ман бо фаҳму дониши худ, барномаву  мактаби худ дар ин ҷо роҳбар ҳастам, фардо дигаре бо мактабу барномаи худ меояд. Мо ҳама фарзандони диёри нозанини Тоҷикистон бояд дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба оянда умеди нав мебахшад, саҳм гузорем. Мо ҳама пайванди якдигар, давоми ҳамдигар бо як рисолат сӯи фардо равонем: бо омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи технология иқтисодиёти кишварро натанҳо рақобатпазир, балки беназир гардонем. Барои ин Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ин макони ҳунаромӯзиро бояд ба таълимгоҳи рақами яки инноватсионии кишвар табдил дод.
Ба суҳбат хотима доданӣ шуда, ба рӯйи ӯ менигарем. Қиёфааш ҷиддист, ҷиддӣ назири корҳои ҷиддие, ки ин ҷо анҷом дода.

Неъматулло ХУДОЙБАХШ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2014    №: 165    Мутолиа карданд: 1718
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед