logo

сафарҳо

ОҒОЗИ БОЗДИДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ВИЛОЯТИ СУҒД

20 август  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Тайи ин боздид Сарвари давлат як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои базалтӣ, корхонаи тавлиди сангу шағал ва асфалт, корхонаи масолеҳи сохтмонии оҳану бетонӣ, як меҳмонхонаву мактаби нав, чанд иншооти варзишӣ ва биною муассисоти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар чорабиниҳои бахшида ба арафаи солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок хоҳад намуд.

Ифтитоҳи меҳмонхонаи муосири «Сипеҳр» дар шаҳри Чкалов
20 август сафари навбатии кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз шаҳри Чкалов оғоз ёфт.
Дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Чкалов бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи муосири «Сипеҳр» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фазлиддин Ҳасанов бунёд гардидааст.
Тавре зикр гардид, меҳмонхонаи «Сипеҳр» дар масоҳати умумии 0,56 га ҷойгир шуда, иборат аз 3 ошёна мебошад. Дар ошёнаи якум утоқҳои корӣ, фурӯшгоҳи чиптаҳои ҳавопаймоӣ, тарабхона, толорҳои маркази таълимию хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва дар табақаи сеюм толорҳои варзишӣ ва маҷлисӣ ҷойгир шудаанд. Меҳмонхона дорои 46 ҷойи хоб буда, 30 ҳуҷра барои қабули мизоҷон омода аст. Дар ин меҳмонхона 55 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи моҳонаи 1500 сомонӣ таъмин мегардад.
Дар маҷмааи мазкур маркази таълимӣ барои омӯзондан ва тайёр намудани 500 нафар мутахассисон дар як сол ба нақша гирифта шуда, дар он мутахассисони соҳаи ҳавопаймоӣ аз ҷумла, авиохазинадорҳо, авиобро-нировшикҳо ва пешхизматҳо тайёр карда мешаванд. Барои омода намудани мутахассисони мазкур аз Федератсияи Русия ва дигар давлатҳо омӯзгорон ҷалб гардидаанд.
Сарвари давлат иқдоми соҳибкор Фазлиддин Ҳасановро хуб пазируфта, таъкид дошт, ки дар шароити афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳону сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон бунёди зербинои сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони меҳмонхонаҳои хурду миёна ва бузург хеле муҳим аст.

Шурӯи фаъолияти коргоҳи нави ҶДММ «Элегант»
20 август дар шаҳри Чкалов, ки яке аз марказҳои бузурги саноатии вилояти Суғд ва кулли ҷумҳурӣ ба шумор меравад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи нави ҶДММ «Элегант» доир ба истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои вулқонӣ ба кор дароварда шуд.
Тавре зикр гардид, ҶДММ «Элегант» соли 2000 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулаҳад Мӯъминов таъсис дода шуда, аз соли 2009 ба ин сӯй бо коркарди сангҳои зебои вулқонӣ ва тавлиди масолеҳи ороишии сохтмон машғул аст. Сангҳои вулқонӣ  аз минтақаи Долонаи ноҳияи Ашт дарёфт шуда дар коргоҳи мазкур бо истифода аз таҷҳизоти муосири сохти Русия  коркард мешаванд.
Иқтидори коргоҳ ба истеҳсоли зиёда аз 60000 метри мураббаъ маҳсулот аз сангҳои ороишӣ дар як сол баробар аст. Дар коргоҳ ҳоло  150 нафар, ки қисми зиёдашон занону духтарони маҳаллӣ мебошанд, бо кор таъминанд. Бо фаъол гардидани коргоҳи истеҳсоли нахи санг боз 50 каси дигар ба кор ҷалб шуда, шумораи коргарон ба 200 нафар мерасад.
Музди моҳонаи коргарон  аз 700 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар коргоҳ таҷҳизоти ширкати «Бой До Си Технолоҷиз»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, аз тарафи мутахассисони ширкати «Рос-Базалт»-и шаҳри Барнаули кишвари Олтойи Федератсияи Русия ва мутахассисони маҳаллӣ ба кор омода шудааст.
Нахи базалт минбаъд барои бетағйир нигоҳ доштани гармӣ ва ё сардӣ дар хонаю иморатҳо ва ё интиқоли моеъ истифода шуда, боиси сарфаи сӯзишворӣ барои ин ҳадафҳо мегардад.
Инчунин, роҳбарият ва мутахассисони ширкат дар асоси супориши Сарвари давлат бо як лоиҳаи нави инноватсионӣ аз нахи аз санг тавлидшуда истеҳсоли ришта, матоъ, арматура, лӯла ва дигар масолеҳи сохтмониро ба роҳ монданианд.
Чунонки иттилоъ доданд, роҳандозии марҳилаи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз нахи санг маблағи зиёд ва дастгирии давлатиро талаб мекунад. Соҳибкорони тоҷику рус, ки ба ин кор машғуланд, бовар доранд, ки ба ин ҳадаф ноил мегарданд, зеро захираи сангҳои ороишӣ дар Тоҷикистони кӯҳистон хеле фаровон ва истифодаи босамари он дар истеҳсолот метавонад яке аз манбаъҳои асосии рушди ояндаи иқтисоди миллии кишвар гардад.
Сарвари давлат иқдоми онҳоро маъқул дониста, ба масъулон дастур дод, ки барои роҳандозии дастгирии давлатии ин корхона санадҳои зарурӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардад.

Боз гардидани корхонаи «Таҷ-роуд»
20 август дар мавзеи «Рухак»-и Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Таҷ-роуд» ба кор дароварда шуд.
Тавре аён гардид, ин корхона, ки ба истеҳсоли сангу шағал ва асфалт машғул мешавад, аз ҷониби бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматовҳо дар заминаи ҶДММ «Сомонроҳ» бунёд шудааст.
Ҳарду коргоҳи ин корхона бо харҷи 10 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст. Коргоҳи асфалт бо технологияи истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ ва коргоҳи коркарди регу шағал бо технологияи Ҷумҳурии Федералии Олмон муҷаҳҳаз гардидааст.
Иқтидори лоиҳавии коргоҳи асфалт ба  340 тонна дар як соат ва  коркарди регу шағал 180 метри мукааб ё 324 тонна дар як соат баробар аст.
Барои истихроҷи регу шағал ба ин корхона 9,7 га замин ҷудо гардидааст.
Дар ин коргоҳҳо дар 2 баст то 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ ва маоши то 1000 сомонӣ таъмин мегарданд.
 Ба иттилои бародарони соҳибкор пас аз фаъол гардидани корхонаи мазкур нархи фурӯши асфалт то ба 25-30% арзон мегардад, ки барои ободонии роҳу кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъсири мусбӣ хоҳад расонд.
Соҳибкорони номбурда дар паҳлуи корхонаи нав ҳамчунин 50 га замин ҷиҳати бунёди боғ гирифтаанд ва 100 ҷойи дигари корӣ дар он муҳайё хоҳанд намуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.08.2014    №: 165    Мутолиа карданд: 1632
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед