logo

туризм

ТОҶИКИСТОН – ДУЮМИН КИШВАРИ ТУРИСТӢ

«Globe Spots» Тоҷикистонро дуюмин кишвари беҳтарини туристӣ рӯнамоӣ кард

Ҳафтаи гузашта сомонаи машҳури  «Globe Spots» феҳристи «10 кишвари беҳтарини туристии олам» - ро дар соли 2014 ба табъ расонда, мавқеи  Тоҷикистонро дар миёни онҳо дуюм муайян кард. Сомона ландшафт - манзараҳои гуногуни тасхиркунандаи Тоҷикистонро тавсиф намудааст. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, чунин мавқеъгузорӣ кардани сомонаи «Globe Spots» - ро арзанда шуморида, иброз намуд:

- Мо барои татбиқи Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ барои солҳои 2010-2014 ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон тадбирҳои судмандро роҳандозӣ кардаем. Имрӯз дар кишварамон сайёҳии кӯҳӣ ва экологӣ, рафтинг (шиноварии кӯҳӣ), сайёҳии шикорӣ, сайёҳии фарҳангию таърихӣ ва археологӣ инкишоф ёфтаанд. Ҳамасола барои намояндагони дипломатии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа то 10 ҳазор нусха буклет бо забонҳои хориҷӣ паҳн карда мешавад. Дар кишварҳое, ки намояндагии консулии Тоҷикистон кушода нашудааст, сайёҳон метавонанд раводидро аз худи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастрас намоянд.
- Хориҷиҳо бештар дар водиҳои Зарафшон, Помир, Балҷувон, Ромит ва Варзоб саёҳат карданро дӯст медоранд, - гуфт муовини  раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Руслан Шодиков. – Мо мехоҳем дар минтақаҳои мазкур  таҷрибаи «ҳом стей» (home stay)-ро ҷорӣ намоем. Таҷрибаи мазкурро дар минтақаҳое, ки меҳмонхонаҳои камшумор доранд, истифода кардан манфиатбахш аст. Яъне, соҳибмулкон дар манзили худ барои сайёҳон меҳмонхонаҳо кушода, ба соҳибкории хурд машғул мешаванд. Чунин меҳмонхонаҳо, ки шумори онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз ба 53 адад расидааст, барои сайёҳон арзонию сабукиҳо меоваранд. Ҳамчунин, барои дар деҳот сайёҳии экологиро рушд бахшидан имкониятҳо фаровонанд.
Бояд зикр кард, ки бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар давоми се рӯз аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ё шуъбаи раводид ва  бақайдгирӣ (ОВИР) сода карда шудааст.
Собиқ раиси Ассосиатисияи сайёҳии фарҳангию экологии Помир (ПЭКТА) Қирғизбек Қонунов андешаҳояшро дар бораи рушди сайёҳӣ чунин баён кард:
- Тоҷикистон имконияти хеле хуби ба сайёҳон пешниҳод кардани арзишҳои нодир, аз ҷумла, мамнуъгоҳҳо, кӯли Сарез ва муқаддасоти исломро дорад. Мардум аз туризми якрангаи меъёрӣ хаста шудааст. Сокинони баъзе деҳаҳо метавонанд ба сайёҳон хизмат расонида, даромади хуб гиранд. Яке аз мушкилоте, ки пеши рушди туризмро гирифтааст, ин қимат будани чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар хатсайрҳои Тоҷикистон буда, омадани сайёҳонро ба мамлакат душвор месозад.
Андешаи Қ. Қонуновро вакили Маҷ-лиси намояндагон Исмоил Талбаков ба таври зайл тақвият дод:
- Рушди туризм бо истифода аз мероси маънавии ислом мувофиқи мақсад аст. Ҳар сол зиёда аз 6 ҳазор зоирони тоҷик ба ҳаҷ мераванд. Онҳоро вазифадор кардан лозим аст, ки буклетҳоро дар бораи муқаддасоти ислом байни мусулмонони дигар кишварҳо паҳн намоянд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, сафи сайёҳони хориҷие, ки майли дидани Тоҷикистонро доранд, сол то сол меафзояд. Соли 2011 аз минтақаҳои сайёҳии кишварамон 183 ҳазор нафар, соли 2012  245 ҳазор нафар, соли 2013  208 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ дидан карданд. Дар нимсолаи аввали соли  2014 ба Тоҷикистон 74 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овард.
Э. НАЗАРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2014    №: 166    Мутолиа карданд: 9140
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед