logo

маориф

ИҚДОМИ ШОИСТАИ РИЁЗИДОН

Аълочии маорифи ҷумҳурӣ Талбак Расу-лов понздаҳ сол аст, ки давлати пирӣ меронад. Дар ин муддат худро аз кори таълиму тарбия канор нагирифт. Шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш маҳорати ӯро дар риштаи риёзӣ ба инобат гирифта, устодро ба такмил додани дониши омӯзгорони муассисаҳои таълимоти ноҳия ҷалб намуд. Даъватро бо ҷону дил пазируфт, аммо аз хусуси серкорӣ ва таҳияи китобе, ки беш аз сӣ сол боз болои он заҳмат мекашид, ба касе ҳарфе нагуфт. Шогирдонаш огоҳ буданд, ки устод таълифи китобашро бо номи «Ҳалли масъалаҳои математикӣ» дар ҳаҷми 600 саҳифа ба анҷом расондааст ва дар тараддуди чопи он аст.

Соли гузашта ин китоби пурарзишро Вазорати маориф ва илм ба чоп тавсия намуд.  
– Ман амин будам, ки ба ин китоб таваҷҷуҳи муаллимон хеле зиёд мегардад, - мегӯяд устод Талбак Расулов, - ҳатто баъди  чопи дуюм бо иловаҳои нав, ки чанде пеш ба вуқӯъ пайваст, талабгорон боз ҳам зиёдтар шуданд.
Устод Талбак Расулов дар муқаддимаи китоб оид ба таърихи пайдоиши илми риёзӣ (математика) маълумот медиҳад. Яке аз поягузорони илми ҳисоб (алгебра) ҳаммиллати бузурги мо Муҳаммад ал-Хоразмӣ, ки дар қарни даҳи мелодӣ кору зиндагӣ кардааст, ба ҳисоб меравад,-нигоштааст Т.Расулов,– дар асрҳои миёна аврупоиён ба фаъолияти илмии ин нобиғаи тоҷик таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, бештари осори Муҳаммад ал-Хоразмиро ба забонҳои инглисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ тарҷума менамоянд. Истилоҳи ҳозираи илмии байналмилалии «алгоритм» аз транскрипсияи лотинии номи олими маъруфу машҳури мо ал-Хоразмӣ - «Алгоритмус» гирифта шудааст. Дар мадрасаҳои Бухоро риёзӣ ва ҳандаса ҳам омӯхта мешуд. Аллома Аҳмади Дониш   бузургтарин риёзидони қарни нуздаҳи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ӯ тавассути дастгоҳҳои махсусе, ки такя ба илми риёзӣ ва ҳандаса офарида буд, ҷирмҳои осмониро меомӯхт, ҳаракати сайёраҳоро дар атрофи Офтоб мушаххас карда, ҳатто ҳодисаи «гирифтан»-и  Моҳро дар солу моҳ ва рӯзу соати муайян дақиқ нишон медод.
Дар навиштани китоб Талбак Расулов аз адабиётҳои зиёд ва гуногуне, ки дар марказҳои илмии маълуму машҳури собиқ Иттиҳоди  Шӯравӣ ба нашр расидаанд, эҷодкорона истифода карда, бо забони сода ва фаҳмо ҳалли мисол ва масъалаҳои математикиро бо дарназардошти тафаккури миллӣ ба дӯстдорони ин фан пешкаш менамояд. Омӯзгорон метавонанд аз ин китоб барои омодасозии шогирдон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  ба таври васеъ истифода баранд.
  
Б. ҲУҶҶАТӢ      


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2014    №: 168    Мутолиа карданд: 1674
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед