logo

маориф

УСУЛҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ДАРСИ СУРУД

Мутахассисони соҳаи маориф чунин мешуморанд, ки «инноватсияи педагогӣ» - тағйиротест, ки ба беҳтар намудани сатҳ ва сифати таълиму тарбияи хонандагон нигаронда шудааст. Ба андешаи ман, инноватсия дар таълими хонандагон ҳамчун татбиқи батадриҷи усулҳои нав, воридсозии мунтазами тағйироти сифатӣ ба раванди таълим  бо мақсади самарабахш гардондани натиҷаҳои ҷараёни таълим мебошад. 

Дар ин ҷо як ҷанбаи муҳими масъалаи мазкурро аз мадди назар дур кардан нашояд. Навгонӣ ё навоварӣ дар доираи вақту макон мафҳуми нисбӣ мебошад. Агар барои як мактаб  ё муаллим навгонӣ унсури нав бошад, барои муаллиму мактаби дигар он аллакай марҳалаи гузашта маҳсуб меёбад.  Яъне, инноватсия дар доираи вақту макони муайян ба вуҷуд омада, бо мурури замон дастраси дигарон мегардад ва тадриҷан ба меъёри муқаррарии фаъолияти таълимӣ мубаддал мегардад. Ҳама гуна зуҳуроти нав, аз он ҷумла навгонӣ низ ба такмилу рушд ниёз дорад. Агар ин ё он навгонӣ бо гузашти давраи муайян такмил дода нашавад, он метавонад садди роҳи пешрафти минбаъдаи раванди таълим гардад. Мақсад аз ин гуфтаҳо ин аст, ки роҳу усулҳои таълим бояд пайваста такмил дода шаванд.
Аз ин лиҳоз мо, омӯзгорон вазифадор ҳастем, ки  дар ҷараёни тамоми дигаргуниҳо ва навгониҳои таълим бошем  ва фаъолияти инноватсиониро ба амал барорем.
Бо такя ба таҷрибаи таълими фанни суруд ва мусиқӣ барои хонандагони синфҳои 1 - 6 дар макотиби миёна, метавон хулоса кард, ки дар марҳалаи имрӯзаи таълими фанни мазкур фаъолияти инноватсионии мо, муаллимон, дар навбати аввал чунин самтҳоро бояд фарогир бошад:
1. Ворид намудани навгонӣ ё тағйироти куллӣ ба роҳу усул ва тарзи муайян кардани мақсади дарс дар заминаи мушаххас гардондани ҳадафи омӯзгор дар ҳар як дарси алоҳида.
Бисёр иттифоқ афтодааст, ки аз ҷониби мо, муаллимони фанни суруд ва мусиқӣ, мақсади аксари машғулиятҳои дарсӣ  яксону ҳамранг муқаррар мешавад: «Ба воситаи нақл, шарҳу тавзеҳи муаллим ва ба талабагон шунавонидани намунаҳо аз навъҳои гуногуни суруд ва мусиқӣ, ташаккул додани малакаи  сурудшиносию мусиқифаҳмии онҳо ва тақвият бахшидани  қобилияти онҳо дар раванди азхудкунии суруду  мусиқии касбию асили ҳофизону мутрибони ниёгон ва муосири тоҷик». 
Чунин тарзи мақсадгузорӣ ба аксари машғулиятҳои дарсии фанни «Суруд ва мусиқӣ» хос мебошад. Дар назари аввал ин тарзи мақсадгузорӣ хеле баҷо менамояд, зеро ки ҳақиқатан ҳам ҳадафи асосии тамоми машғулиятҳои дарсии фанни мазкур тарбияи зебоипарстиву эстетикии хонандагон маҳсуб дониста мешавад.
Аммо дар паси чунин мақсад-гузории  умумӣ, ҳадафи аслии ҳар як дарси алоҳида номаълум ва номушаххас мемонад.  Ҳол он ки бо назардошти мавзӯъҳои гуногуни дарсӣ ва махсусиятҳои синнусолӣ, ҷинсӣ ва сатҳи гуногуни қобилияти фардии хонандагон ҳар як дарс аз дарси дигар бояд тафовути муайян ва мақсади мушаххас дошта бошад. Дар сурати надоштани мақсади муайян ва фарқкунанда тамоми дарсҳо якрангу якнавохт гардида, барои хонандагон дилбазан мешаванд. 
Аз ин лиҳоз, бо мақсади самарабахштар гузаштани машғулиятҳои дарсӣ дар заминаи мушаххастар ба миён гузоштани мақсади ҳар як дарс хеле хуб мебуд, агар масъалаи ташаккул додани қобилияти фардии хонандагон дар маҷмӯъ ва тақвияти қобилияти хонандагони алоҳида ҳамчун мақсади асосии ҳар як дарс эътироф мегардид. Расидан ба чунин ҳадаф омӯзгорро муваззаф мегардонад, ки дар тамоми бахшҳои дарс баробари кор бо тамоми хонандагони синф, дар ҳар як машғулияти дарсӣ бо риояи навбати муайян, бо ду-се нафар  хонанда низ корҳои  инфиродии таълимӣ барад.
2. Ворид намудани навгонӣ ё тағйироти сифатӣ ба мазмуну моҳияти таълими фанни суруд ва мусиқӣ дар заминаи дигаргун сохтани равиши  бахши асосии дарс, ё худ «Баёни мавзӯи нав».
Аз таҷриба бармеояд, ки ин бахши дарс ҳамон вақт самарабахш мегузарад, ки дар он дар баробари муаллим хонандагон низ фаъолона ширкат дошта бошанд. Ба ин мақсад хеле хуб мебуд, агар дар аксари маврид ба ҷои нақли муаллим ё шарҳу тавзеҳи ӯ, ба хонандагон суруд ё мусиқӣ шунавонда мешуд ва бо ёрии муаллим хонандагон суруд ё мусиқиро мавриди таҳлил қарор дода, баҳогузорӣ менамуданд.
Маълум аст, ки суруд маҳсули эҷоди сегона: шоир, оҳангсоз ва сароянда мебошад. Комилан табиист, ки ба гурӯҳе аз хонандагон матни суруд, ба дигаре оҳанг ва ба гурӯҳи сеюм овози сароянда маъқул меафтад. Дар ин маврид ба воситаи саволҳои дар назари аввал одӣ, вале ҷавобашон хеле мушкил, ин ё он суруд ё мусиқиро ба хонандагон шарҳу тавзеҳ додан мумкин аст. Масалан, дар раванди таҳлили суруд хонандагон вобаста ба шавқу завқашон шартан метавонанд ба панҷ гурӯҳ тақсим гарданд:
- гурӯҳи якум хонандагоне, ки барояшон тамоми ҷанбаҳои суруд (матни шеър, оҳанги он ва овози сароянда) маъқуланд; гурӯҳи дуюм – хонандагони матни шеърро писандида; гурӯҳи сеюм - хонандагони оҳанги сурудро маъқулдониста; гурӯҳи чорум - хонандагони овози сарояндаро писандида; гурӯҳи панҷум - хонандагоне, ки сурудро умуман написандидаанд.
Бо назардошти он, ки қобилияти дарккунии хонандагон гуногун аст ва  ҳар як хонанда табиатан завқи ба худ хос дорад, метавон тавассути саволҳо байни гурӯҳҳо баҳсу мунозираро ташкил намуд.
Муаллим бояд ҷавобҳои хонандагонро ҷамъбаст намуда, паҳлуҳои нозуки сурудро, ки хонандагон онҳоро дарк карда натавонистаанд, шарҳу тавзеҳи амиқ ва ҳамаҷониба диҳад. Раванди тавзеҳдиҳӣ тарзе сурат гирад, ки дар он таҳлил, хулосабарорӣ ва баҳодиҳии хонандагон низ аз ҷониби муаллим ҷиддан ба эътибор гирифта шуда, қайд карда шаванд.
Дар бахши «Баёни мавзӯи нав»-и машғулияти дарсӣ, ки он бо ширкати фаъолонаи хонандагон сурат мегирад, муаллим имкон дорад бо назардошти махсусиятҳои фардии ин ё он хонанда бо ҳар як хонанда кори инфиродӣ барад.
Чунин тарзи доир намудани машғулиятҳои дарсӣ имкон медиҳад, ки малакаи мустақилона баён намудани фикру андеша ва пешниҳодоти хонандагон инкишоф ёбад.
Ҳамаи ин дар ниҳояти кор ба он оварда мерасонад, ки ҳар як машғулияти дарсӣ барои хонандагон батадриҷ шавқовартар мегардад.
3. Роҳи дигари ворид намудани навгонӣ ё тағйирот ба машғулиятҳои дарсии фанни суруд ва мусиқӣ ин истифодабарии мақсадноки  воситаҳои техникии муосири таълимӣ, махсусан таҷҳизоти компютерӣ мебошад.
Сухан аслан дар бораи компютерҳое меравад, ки онҳо ба шабакаи интернетӣ пайваст мебошанд. Дар ин маврид ба муаллим зарур аст, ки бо истифода аз сомонаҳои фарогири мусиқӣ ва сурудҳои асил барои хонандагон махзани иттилоотиро ташкил кунад, то ин ки хонандагон дар муддати кӯтоҳтарин суруд ё мусиқии дилхоҳашонро ёбанд ва бо ёрии муаллим фикру андешаи худро дар бораи мазмуну мундариҷаи онҳо баён кунанд.
Ҳамкасбони закӣ шояд дарк намуда бошанд, ки марому мақсади омӯзгор аз воридсозии навгонӣ ё истифода аз усулҳои инноватсионӣ дар машғулиятҳои дарсии фанни суруд ва мусиқӣ дар ниҳояти кор расидан ба як ҳадафи хеле муҳим - тавассути усулҳои муосиру самарабахши таълимӣ фаъол гардондани хонандагон дар раванди таълим мебошад.
Натиҷаҳои таълими фанни номбурда ҳамон вақт назаррас мегарданд, ки ҳар ду тарафи раванди таълим: омӯзгор ва шогирдон аз оғоз то анҷоми дарс воқеан ҳам фаъол бошанд. Хонандагон ҳамсони омӯзгор дар тамоми бахшҳои дарс ширкати бевосита, яъне мавқеи фаъолона дошта бошанд ва дар ҷараёни дарс на ҳамчун шунавандагони одиву мушоҳидакор, балки ба ҳайси иштирокчиёни фаъол баромад кунанд.

Дунёбегим МИРЗОҚАНДОВА,
омӯзгори фанни суруд ва мусиқии гимназияи №74, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2014    №: 169    Мутолиа карданд: 2559
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед