logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев

24 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар Федератсияи Русия қарор дошт.
Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия зимни мулоқоти кории сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар қароргоҳи Завидовои Президенти Федератсияи Русия дар вилояти Твер баррасӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт,  ки маблағи умумии он, сарфи назар аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, бори аввал дар зарфи 18 сол аз 1 миллиард доллари амрикоӣ гузашт. "Ин аз вуҷуди имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар гувоҳӣ медиҳад", - таъкидан изҳор дошт Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Дмитрий Медведев бори дигар Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки дар соли равон  ба Федератсияи Русия сафари давлатӣ анҷом диҳад ва дар ин робита изҳор дошт: "Фикр мекунам мулоқоти имрӯза омодагие хубе мешавад ба сафари давлатии Шумо ба Федератсияи Русия. Мо тамоми рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ менамоем".
Сарони ду давлат аз он, ки ба наздикӣ  Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" пурра ба кор дароварда мешавад, изҳори қаноатмандӣ карданд ва таҷрибаи дар он касбнамудаи мутахассисони ду кишварро дар сохтмони се нерӯгоҳи миёнаиқтидори дигар, ки дар Тоҷикистон бо саҳмгузории Русия бояд сохта шавад, арзишманд арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дорои аҳамияти бузурги умумиминтақавӣ мебошанд. 
Ба иҷрои қарордодҳое, ки  зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон моҳи августи соли 2008 ба имзо расида буданд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.
Дар маркази диққат ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия қарор гирифт, пеш аз ҳама дар соҳаҳои гидроэнергетика ва истихроҷи нафту газ ва маъданҳои кӯҳӣ.
Масъалаи вобаста ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ- техникӣ низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия зоҳир карда шуд.
Ҳар ду ҷониб бори дигар ҳавасмандии худро ба ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ва ду мактаби олии дигари Русия дар Тоҷикистон таъкид намуда, рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва иттилоот омили муҳими таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона маънидод карданд. 
Иҷрои қарорҳое, ки дар саммитҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷомеаи иқтисодии АврОсиё 4 феврали соли равон дар шаҳри Маскав қабул шуда буданд ва муҳокимаи авзои кунунии Афғонистон, рушди ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ҳамгироиҳои зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз масоили мавриди таваҷҷӯҳи сарони ду давлат дар мавзӯъҳои байналмилалӣ буданд.
Шаби 24 ба 25  феврали соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ   Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарори корӣ аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба Ватан баргашт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2092
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед