logo

маориф

САДОИ ЗАНГИ АВВАЛ

1 сентябр садои ҷарангосии занги аввал дар ҷамъомади тантанавии хонандагону омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз оғози соли хониши 2014 - 2015 мужда расонд. Ҳозиронро ба ин муносибат намояндагони Раёсати маориф ва илми шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва директори мактаб Мунзима Мадаминова табрик гуфтанд.

- Омӯзгорони мактаби мо барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи августи соли 2010 зимни ифтитоҳи бинои мактаб, кӯшиш ба харҷ  дода, ба таълиму тарбияи хуби шогирдон муваффақ гардиданд. Дар ин муддат садҳо хатмкардагони мактаб имрӯз донишҷӯёни мактабҳои олианд,  - гуфт ба хабарнигори «Ҷумҳурият» М. Мадаминова. -  Дарсҳо дар ду баст баргузор шуда, дар ҳар синф мутобиқи муқаррароти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 25-30 хонанда сабақ меомӯзад. Дар соли хониши нав  2053 нафар хонанда ба мактаб фаро гирифта шудааст. Хонандагони панҷ синфи якум дастпарварони муассисаи томактабӣ мебошанд ва ба онҳо омӯзгорони ботаҷриба дарси одобу ахлоқ ва дониш  медиҳанд...
Дар ин ҷода Эҳсон Хушвахтов, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ дод, ки барои фарогирӣ ба таҳсил дар соли хониши 2014 - 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 200 мактаби нав, синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои нави таълимӣ ба истифода дода шудаанд. Алҳол дар ҷумҳурӣ 3836 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар он беш аз 1 700 000 хонанда таҳсил мекунанд, ки аз ин 816 ҳазор нафар духтарон мебошанд.
Занги аввал дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар садо дод. Дарси аввал - дарси Сулҳ оғоз ёфт.

Э. НАЗАРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.09.2014    №: 172    Мутолиа карданд: 2124
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед